Агар ҷаҳон битаркад, тарқишҳои он аввалқадам аз дили шоир мегузаранд.
Ҳенрих Ҳейне
Дуруст аст, ки дарду ранҷи сабрафкани ҷудоӣ аз фарзанд, бавижа дар ҷавонияш, барои ҳама падару модар ҷуброннопазир ва тоқатшикан аст. Мардум дар чунин рӯзҳои сиёҳ бад-ин шева навҳа мекашанд: «Вой, мардум, миёнам шикаст», «Қоматам шикаст», «Зиндаи мурдадаргӯр шудам», «Осмон ба сарам зад»… Ва аммо шоироне, мисли Фарзона ва Озарахш ин дардро чӣ гуна таҳаммул карда бошанд? Шоироне, ки аз як сухани беранг, аз хазони як гул, аз ранҷ додани кӯдакони шӯхе ба мусича ё гурбае, аз марги ҳамсояву ҳамдиёр, аз марги як тифли бегуноҳ дар ҷанги Ироқу Сурия ва ҳатто гоҳо аз шӯхиву ҳазли ноҷо меранҷанд, марги шаҳписари хеш – Ҳумоюнро бо чи иродае қабул ва бо чи азоби алиме пушти сар мекунанд? Ҳамин нест магар далели хитоби пуризтироби пури Сино:
Берун ҷастам зи банди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал!
Бо вуҷуди ин, омадем бо салом ба даъвати саломи дубора гуфтани ин ду шоири номвар ба зиндагӣ. Бо «сини салом» баргардед бари мо, ғами шумо ғами мо ҳам шуда. Ҳама ғамҳоро бо ҷорӯби сабр рӯбеду хонатаконӣ кунед. Бигзор, руҳи гузаштагон ҳам бо мо шод шаванд.
Ёдам ҳаст, ки дар рӯзи ҷаноза бо каме дерӣ ба Хуҷанд расидем ва аз дидани мотамсаро ҷонамон ба буғз омад. Падари шоир Озарахш, ки қариб садсола аст, дуои ҷаноза мехонд, ашки чашмони пирамард лаҳзае намеистод ва аммо бо мардонагӣ тиловати каломи раббониро идома медод…
Шоири халқии Тоҷикистон Озарахш асо ба замин мезаду мегуфт: «Хуш омадед, меҳмонакои писарам, хуш омадед меҳмонакои Ҳумоюнҷонам. Э кош ҳамаи шуморо ба рӯзи домодии Ҳумоюнҷон хабар мекардам…» Ин нолаи падар дили омадаву равандагонро об-об ва қиссаи ба об рафтани писари 21-соларо бо ҳама алам бозгӯ мекард. Медонем, ки нақшаҳои хонаводагии шахсиятҳои маъруф пинҳон намемонад. Чанде пеш аз ин рӯйдоди ҷонкоҳ паём ба ҳама расида буд, ки Озарахш ва Фарзона ба ягона писар арӯс баргузидаанд ва тобистони соли 2023 дар рӯзи истиқболи баҳори 60-умини умри Озарахш Ҳумоюнҷон низ базми домодиву арӯсӣ мегузаронад.
Баъди чун барқ паҳн шудани хабари марги Ҳумоюн ҷомеаи Тоҷикистон дар чорроҳаи ҳайронӣ монд. Ростӣ, бештари мардум надонистанд, ки бо кадом забон ва бо кадом роҳ шоирони ҳассос ва дилшикастаро дилбардорӣ кунанд. Бо вуҷуди ин, аҳли зиё, аз ҷавон то бузургсол, шоирону нависандагони халқӣ тавассути фазои иҷтимоӣ ва рафтан ба хонадони онҳо пайи тасаллӣ шуданд. Садҳо сӯгномаҳо, марсияҳо ва таронаҳои сӯзнок даъват ба сабр мекарданд ва чанде пеш он ҳама дар китоби «Ҳумоюннома» ҷамъ омад, аммо:
Дӯстон аз сабр мегӯянд,
Сабр дар ҷонам намеистад.
Дар ин байн мисли мо садҳо мухлисону шогирдони ду шоири бузурги тоҷик хомӯширо авло донистанд. Хомӯшии мо ба он мазмун буд, ки дар чунин ҳол оё сӯгнома ва тасаллии мо кор ояд? Ҳатто шоир Озарахшро оғӯш кардаму забонам ба ҳарф наомад. «Бандагӣ аст, устод», - гуфтаму боз хомӯш шудам ва давоми гапро дар дилам такрор мекардам: «…яке дер, яке зуд». Ин ҳақиқатро дар ин байти шоир мебинем:
Бубахш, эй дӯст, аз ҳарфе дилам таскин намеёбад,
Сари сангин ба ҷуз андешаи ғамгин намеёбад.
Ғоибона лаб ба дуо кушодем, ки Худованд сабр ато фармояд. Танҳо сабру таҳаммул ва иродаи илоҳӣ метавонист онҳоро оромиш бахшояд. Ҳар ду шоир дар ашъори шевову пурбори хеш аз марг такрор ба такрор ёд кардаанду гоҳо сутудаанд. Ба ҳақиқати марг, дер ё зуд расидани он, ғофилгирӣ, фалсафаи сода, аммо мураккаби он ишораҳо доштаанд, вале ба ҳар ҳол, тасвир дигару тадбир дигар аст.
Дили шоир – дили нозуктар аз гул,
Надорад нолаашро ҳеч булбул.
Ба марги барг мегиряд гаҳе ҳам,
Чӣ сон марги писарро шуд таҳаммул?!
Шукр, ки хомӯшии шоирони маҳҷур дер напойид, вагарна аз сиришку ғами беохир беморие онҳоро ба оғӯш мегирифт. Дар мушкилтарин лаҳзаҳо, ки гоҳо нафас низ буғзи касро мехарошад, сухан ба доди онҳо расид, шеър ба малҳам табдил ёфт, вожаҳо ба табобати дардҳо пардохта, руҳҳоро ба осоиш мехонд. Нахустин сӯгномаро падари Ҳумоюн – Озарахш суруд. Дар ин таронаи ҷудоӣ ҳама мисраъ муассир ва пурғулғула аст. Ҷаҳони дили як инсони маърифатдида ва дар ниҳояти ночорӣ бударо бо ҳама ҳастӣ бозгӯ мекунад:
Аз Худо зӯр набудам, ки зи роҳат дорам,
Дар дили гавҳараки чашм нигоҳат дорам.
Ту сафар аз раҳи дарёи муҳаббат кардӣ,
Ба ду ашке натавонам, ки паноҳат дорам...
Баъдтар, пас аз сипардани водии ҳаҷру фироқи ҷонсӯз модари Ҳумоюни шодравон – Фарзона низ дод аз сухан ҷуст ва марсияҳое паёпай суруд, ки аз хонданаш дуд аз димоғ мебарояд. Дили ҳассоси модар ҷудоӣ аз фарзандро бо рангу бӯи дигар, бо ғамҳои тасвирнашаванда ба тасвир мекашад:
Фалакро мешикофам, к-ӯ куҷо рафт,
Ба фасли гул зи васли гул ҷудо рафт,
Чи бекибр омаду бар кибриё рафт,
Зи оғӯшам ба оғӯши Худо рафт,
Ҳумоюнҷон, Ҳумоюнҷони модар!
Дар сӯгномаи дигар ин байтҳоро мехонем:
Худо дар имтиҳонаш сахтгир аст,
Ғами ҳаҷрат таҳаммулнопазир аст,
Ба сад ҷон ҷони покаш мехаридам,
Валекин амри боло ногузир аст.
Ҷаҳонзеби маро аз ман гирифтӣ,
Ҷавонӣ рафту дунё куҳнапир аст.
Маро гӯянд: тағйири қадар нест,
Ки дар он нома муҳри сардабир аст.
Намеоӣ ту сӯи ман, валекин
Ба сӯят рафтани ман ногузир аст.
Дар адабиёти классикии мо бодаи чунин фироқи ҷонсӯзро ҳаким Фирдавсӣ, Низомии Ганҷавӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ ва чанде дигар чашидаанд. Аз мушоҳидаҳо бармеоянд, ки шоирони моро чунин санҷиши илоҳӣ гӯё ҳамеша дар пеш буда. Сарнавишт сабру иродаи онҳоро бад-ин роҳ меозмуда. Марсияҳои шоирони бузург – Фирдавсӣ, Низомӣ ва Ҷомӣ ҳам бисёр пурдард ва ҷонрабо ҳастанд.
Ҳазорон дуруду сипос, ки бори дигар шоирони халқии Тоҷикистон Озарахш ва Фарзона аз домони фариштаи сухан гирифтанд, аз ӯ оби наҷот ҷустанд ва умедамон сарсабз аст, ки бо чунин ғайрату сабурӣ дубора ба зиндагӣ салом мегӯянд. Бавижа, устод Фарзона, ки шеърашон саршори вожаи «Салом» ва «Сини салом» аст, бояд дубора ба зиндагӣ салом гӯянд ва ба маъвои ҳамешагии хеш – дилу дидаи мардум ва ошиқони шеър баргарданд. Солҳо пеш бо вожаи ҳумоюн, ки ҳамсанги номи писарашон аст, фармудаанд:
Бишнав, ки андаруни қафас ҳоло
Зангӯла мезанад гулаки баҳман.
Оре, ҳамин тулуи ҳумоюн аст,
Бар зиндагӣ дубора саломи ман.
Интизори саломи ёсумании шумоем ҳанӯз:
Ба номи халқ фиристам саломи ёсуманӣ,
Барои халқ нависам каломи ёсуманӣ,
Биё, ки мегузарад субҳу шоми ёсуманӣ,
Биё, барои намурдан сабаб қатор кунем,
Биё, баҳор кунем!
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»