Дастгириҳои ҳамаҷониба ва ғамхориҳои Пешвои миллат нисбат ба соҳаи маориф кормандони соҳаи маорифи шаҳри Турсунзодаро илҳому неруи тоза бахшидааст. Алҳол соҳа дар шаҳр рӯ ба тараққӣ ниҳода, заминаи мусоид барои таҳсил дар муассисоти таълимӣ фароҳам гардидааст.
– Маорифчиёни шаҳр бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ва бо талаботи муосир ба роҳ мондани таълиму тарбия, беҳсозии сифати таълим ҳамарӯза дар талошанд. Ҳоло дар шаҳр 128 муассисаи таҳсилоти умумӣ: 70 таълимгоҳи миёнаи умумӣ, 6 типи нав, 1 литсей-интернат, 35 умумии асосӣ ва 16 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ фаъолият мекунанд. Дар онҳо 5 ҳазору 182 омӯзгор фаъолият дорад. Норасоии кадрӣ дар соҳаи маорифи шаҳр яке аз мушкилоте буд, ки ҳаллӣ саривақтиро тақозо мекард. Бинобар ин, аввали моҳи августи соли ҷорӣ аз ҳисоби кадрҳои ҷавоне, ки имсол донишгоҳу донишкадаҳои кишварро хатм карданд, 23 нафар ба ҳайси омӯзгор ба кор пазируфта шуд. Ҳамчунин, 38 омӯзгори собиқадорро ба кор ҷалб намудем. Айни замон норасоии кадрӣ пурра бартараф гардидааст, – гуфт Лайло Абдуллозода, мудири шуъбаи маорифи шаҳр.
Ба иттилои масъулон, имсол аз муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳр 729 хатмкунандаи синфи 9 ва 2011 синфи 11 ҳуҷҷатҳои худро барои дохил шудан ба муассисаҳои олии касбӣ ва миёна тариқи Маркази миллии тестӣ супоридаанд. Инчунин, 23 хатмкардаи мактабҳои шаҳр тибқи Квотаи президентӣ ба донишгоҳҳои олии мамлакат дохил шуд.
Толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳри Турсунзода дар озмуну олимпиадаҳои шаҳрӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, ба натиҷаҳои назаррас ноил мегарданд. Бавижа, дар даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» 3 ҳазору 529 хонанда иштирок намуд. Аз ин шумора, 589 нафар ба даври дуюми озмун роҳ ёфт. Гузашта аз ин, 102 довталаб ба даври минтақавии озмун роҳхат пайдо кард. Ҳамзамон, дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 1421 хонанда аз мактабҳои шаҳр иштироки фаъолона намуда, донишу малакаи хешро нишон дод.
Моҳҳои март – апрели соли равон 380 толибилми синфҳои 5 – 10–и муассисаҳои таълимӣ дар олимпиадаҳои фаннии минтақавӣ иштирок карда, сазовори 12 медали тилло, 26 нуқра, 38 биринҷӣ ва 25 ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Аз олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ бошад, мактаббачагон 5 медали нуқра, 19 биринҷӣ ба даст овардаанд.
Лайло Абдуллозода афзуд, ки яке аз проблемаҳои ҷиддӣ дар соҳа – нарасидани ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимӣ ба ҳисоб мерафт. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва соҳибкорони маҳаллӣ, дар заминаи чанд муассисаи таълимӣ синфхонаҳои иловагӣ бунёд гардид. Аз ҷумла, бинои нав иборат аз 640 ҷойи нишаст дар муассисаи № 93, 12 синфхонаи иловагӣ барои 288 хонанда, дар № 104, 8 синфхона бо 192 ҷойи нишаст, дар № 104 ва дар чанд мактаби дигар чунин синфхонаҳои бунёд гардид. Соли ҷорӣ, дар маҷмуъ, 65 синфхонаи иловагӣ, барои 1528 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуд. Феълан, дар 25 муассисаи таълимӣ сохтмони 241 синфхона, барои 5866 ҷойи нишаст ҷараён дорад.
Ҳоло дар шаҳри Турсунзода 13 ширхоргоҳ–кӯдакистон фаъолият намуда, аз ин шумора 6 кӯдакистон тобеи шуъбаи маориф, 5 ширхоргоҳ марбут ба ҶСК «Ширкати Алюминии Тоҷик» ва 2 кӯдакистон хусусӣ мебошад. Дар онҳо 1 ҳазору 950 нафар кӯдакони синни томактабӣ тарбият мегиранд.
Ёқуби СОДИҚ, “Ҷумҳурият”