Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо президенти Бонки байнидавлатӣ Липин Андрей Станиславович мулоқот кард.
Ҳоким Холиқзода Андрей Липинро ба муносибати ба вазифаи масъулиятнок – президенти Бонки байнидавлатӣ таъин шуданаш самимона табрик карда, барояш комёбиҳо таманно намуд. Зикр шуд, ки Бонки байнидавлатӣ фаъолияти худро ҷиҳати мусоидат ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ташкил намудани муносибатҳои молиявию бонкӣ миёни давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) идома медиҳад.
Ҷонибҳо паҳлуҳои муҳими тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои гуногуни низоми бонкӣ, тавсеаи муносибатҳои муросилотӣ бо роҳи васеъ намудани амалиёт ва пардохтҳо бо асъорҳои миллӣ, дарёфти масирҳои нави ҳамкорӣ бо Бонки байнидавлатӣ ва табодули таҷриба дар бахшҳои сиёсати иқтисодӣ, ислоҳоти фазои сармоягузорӣ ва ғайраро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон, Ҳоким Холиқзода ва Андрей Липин ба тавсеаи маблағгузории савдо, ҳисоббаробаркуниҳои тарафайн бо асъорҳои миллӣ, анҷом додани амалиётҳои Своп ва васеъ намудани шабакаи суратҳисобҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Боиси зикр аст, ки Бонки байнидавлатӣ бо мақсади мусоидат ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ташкил намудани муносибатҳои молиявию бонкии бисёрҷониба миёни давлатҳои узви ИДМ 22-юми январи соли 1993 аз ҷониби сарварони ҳукуматҳо ва бонкҳои марказии (миллии) давлатҳои ИДМ таъсис дода шуда, фаъолияти худро ҳамчун ташкилоти ҳисоббаробаркунӣ ва қарзию молиявии байналмилалӣ ба роҳ мондааст.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”