Бори нахуст байни дилбохтагону шефтагони шеъри тоҷикии Ӯзбекистон озмуни қироати шеър баргузор гардид. Озмун таҳти унвони "Сухан сеҳр асту мо сеҳрофаринем!" сурат гирифт. Шоирон Ҷаъфар Муҳаммад, Уғулой Ҷӯрабоева, Масъуди Мирзо, Норхоҷа Чориев ва Дилшоди Фарҳодзод ҳайати ҳакамон. Он тариқи канали “Тоҷикони ҷаҳон” дар шабакаи «Телеграм» роҳандозӣ гашт.
– Албатта, дар чунин гурӯҳи бузурге, ки тоҷикони ҷаҳонро ба ҳам овардааст, ширкати танҳо 19 нафар дар як озмуни шеъри тоҷикӣ хеле кам аст, аммо ин таҷрибаи нахустини мост ва умед дорем, ки дар оянда сафи ширкаткунандагони он афзоиш меёбад, – мегӯяд узви ҳайати ҳакамон Дилшод Фарҳодзод. Ба таъкиди ӯ, дар хониши шеър ҳар иштирокчӣ аз худ истеъдоди нодире зоҳир намудааст: яке шеърро суруд карда хондааст, дигаре бо самимият ва эҳсоси баланд онро қироат кардааст, сеюмӣ шеъри сода, вале мазмун ва мундариҷааш бойро интихоб намуда. Дар ҳар сурат, аксарият дар баробари қироати шеър бо ҳафсалаи том худ ва муаллифи шеърро низ муаррифӣ карданд.
Дар озмун якнафарӣ аз вилоятҳои Бухорову Ҷиззах ва як нафар аз шаҳри Панҷакенти Тоҷикистон, ду нафар аз шаҳри Тошканд, чаҳор нафар аз вилояти Сурхондарё ва даҳ нафар аз вилояти Самарқанд ширкат карданд. Ҳашт нафари онҳо омӯзгор аст.
Доварони озмун пас аз муҳокима ҳунари қироаткунандагони шеъри ноби тоҷикиро чунин арзёбӣ намудаанд: ҷойи якум насиби Хиромон Усмонова, дуввум - Фирӯз Абдумуъминов ва сеюм – Аъзамҷон Лутфуллоев гашт. Нафари сазовори ҷойи якумгашта бо телевизор, ҷои дуюм – бо се ҷилди “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно Ҷалолиддин Балхӣ ва ҷои сеюм бо китоби “Чеҳраҳои мондагор”-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадр шуданд.
Хиромон Усмонова, ки дар қароати шеър беҳтарин шумурда шуд, дар деҳаи Сафедсойи вилояти Самарқанд ба дунё омадааст. Баъди хатми факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд солҳои дароз омӯзгорӣ карда, ҳоло дар нафақа мебошад. Ба эҷоду қироати шеър дилбастагии хос дорад.
– Нуктаи ҷолиб дар озмун эҳтиром ба забони модарӣ ва ба шеъри тоҷикӣ мебошад. Ҳунару истеъдоди Шаҳзод Кенҷазода, Саодат Сангинова, Дилфуза Ҳайдарова, Нодира Тоҳириён, Аҳмадшоҳи Акбар низ хеле ҷолиб ва хотирмон арзёбӣ гардид. Инчунин, доварон барои ширкати фаъолона ба Сулаймон Содиқов, Гулрӯ Ниёзова, Дилором Ҷумъаева, Фараҳбону Саъдиева, Шукруллоҳи Сироҷ, Тиллобек Шокиров, Шариф Назаров, Комуна Бобоева, Худойшукур Ҷӯраев ва Насиба Наҷмиддинова изҳори сипос намуданд, - мегӯяд узви дигари ҳайати доварон Уғулой Ҷӯрабоева.
Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”