Маҷмааи тандурустии "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе, чуноне ки аз номаш ҳам маълум аст, зодаи замони истиқлол аст. Борҳо аз назди ин иншооти муҳташам гузашта, аз дидани ин шоҳкории меъморӣ ангушти ҳайрат газида будам, аммо то замоне ки сахт бемор нашудам ва маро аз ҷойи сукунатам – шаҳри Бохтар ба ин ҷо интиқол надоданд, намедонистам, ки ин ҷо чӣ гуна мутахассисоне аз пайи хидмат ба маризон ҳастанд.
Ҳоло аз он ифтихор мекунам, ки як қисме аз онҳо: директори муассиса, номзади илми тиб Хуршед Рус-тамзода, мудири шуъбаи бемориҳои қанд Ҷумъабек Наҷмуддинов, эндокринологи варзида Акмал Исаков, духтурон Муҳаммадҷон Муҳиддинов, Содиқҷон Болтаев ва чанд тан аз онҳоро мешиносам. Дар бораи табибе, ки зери муроқибати ӯ қарор дорам, як-ду ҷумла гуфтанӣ ҳастам. Мо назди ин табиб рафтему муаллим ҳам ёфтем. Табиби камина ҳоло дар баробари дардҳоямро дармон бахшидан, боз ба ман саводи осон пушти сар кардани ин бемориро дода истодааст. Дар асл бемории ганда ҳам набудааст. Ин устоди ман мегӯяд: "Барои одами оқил ва соҳиби иродаи қавӣ диабети қанд беморӣ не, балки муносибати дуруст ба тарзи одатнашудаи хӯрдан, ошомидан аст ва дар ниҳояти кор, орому осуда зистан". Ӯ ҳама чиро мефаҳмонад ва ман ҳарф-ҳарфашро аввал дар майнаам ҳазм карда, пасон барои фаромӯш нашудан дар дафтари махсус навишта мекунам. Ибораҳои тиббӣ – ғизошиносии "коэффисиенти углевод", "фактори ҳиссиёт", "воҳиди хлеб" барои инҷониб наванд. Агар ба умқи ин ибораҳо фурӯ мерафтаӣ ва ҳисобукитоби меъёр ва нишондиҳандаи воқеии қанди хунат, кадом ғизо аз чӣ миқдор "воҳиди нон" иборат буданро медонистаӣ ва мувофиқ бо инҳо аз обдоруи «Инсулин» дуруст истифода мекардаӣ, дигар азият ҳам намедидаӣ.
Се сол аст, ки диабети қанд "ҷӯра"-и ман аст. Аз 80 кило вазни бадан наздикӣ 30-килояшро «партофтам», аммо дар ҳамин чанд рӯзаке, ки табибам маро табобат дорад, якбора 3 килограмм фарбеҳ шудам. "Ин ҳадди ниҳоӣ нест. Вазнатонро мувофиқ ба қадат барқарор мекунем", – маро хурсанд карда, мегӯяд ӯ. Солеҳ Ҳайдаров аз ман хеле ҷавонтар аст. Доктор Ҳайдаров ҳамеша сертараддуд буда, то ҷойе, ки ман ҳамчун як корафтода мушоҳида дорам, ӯро як пой дар шуъбааш аст, як пой дар бахши эҳёгарӣ. Хеле масъулиятшинос аст. Ҳарчанд соати кории аниқ дорад, лекин гоҳо то нисфи шаб дар бемористон мемонад.
Дар баъзе кишварҳо, масалан Австралия, ба гирифторони бемории диабет тибибон ва ғизошиносон дарс мегӯянд. Ҳоло вақти он расидааст, ки ин таҷрибаи муфид дар кишвари мо ҳам ҷорӣ шавад, то оризаҳо аз бемории диабети қанд кам шаванд.
Ман – як бемори зери назорати Солеҳ Ҳайдаров ва ҳамакнун як шогирдаш бо як ҷаҳон эътиқод, эҳтиром, самимият ба ӯ, ба падару модаре, ки ӯро ахлоқи наку додаанд ва ба он устодоне, ки ба ҷомеа чунин як мутахассиси сатҳи баландро тақдим кардаанд, ҳазорон сипос мегӯям. Аз дигар шифокорон ҳам зиёд миннатдор ҳастам. Дарди сар, чеҳраи зардатонро асло набинем, табибону ҳабибони мо!
Зокир ҲАСАН, сокини шаҳри Бохтар