Далерию шуҷоати занони тоҷик таҷассуми таърихӣ дошта, дар симои мубораки онҳо на танҳо майдондорӣ ва набард, балки бештар рисолати модар будан, фарзандони нек ба камол расондану дар печутобҳои зиндагӣ бо қувваи шикастнопазир аз зулмот сӯи рӯшноӣ рафтан ифода меёбад. Зиндагиномаи Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, далели гуфтаҳои болост. Ӯ на танҳо қаҳрамони саҳнаи театр, балки қаҳрамони зиндагии хеш буду ҳама некии дар саҳна ба тамошобин нишондодаашро пушти саҳна низ, дар руҳи хеш таҷассум мекард.
Ӯ дар баробари кори пурранҷи ҳунармандӣ рисолати модарӣ ва тарбияи фарзандонро бар уҳда дошт. Мавсуф муборизи роҳи тайкардаи хеш буду аз душвориҳо намеҳаросид. Ин ҷасоратро оила, махсусан модар, ба ӯ омӯхта. Модар дар муваффақияти ӯ нақши муҳим дошт. Ҳунарпеша аз модар дар китоби худ “Хӯшачинӣ мекунам аз ёдҳо” бо ифтихор ёд мекунад: “Модарам Ҳоҷарбӣ Набиева зани зиёӣ буд. Ӯ аввалин муаллимазан дар ноҳияи Фархор буду дар дили шогирдони зиёд нури маърифат, илмдӯстӣ ва хондани китобро бедор намуда буд. Аз ҷумла, дар дили мо – фарзандон. Бисёр кам сухан мекарду бештар ба кор машғул мешуд. Барои ободии мактаби деҳа тамоми кӯшишро ба харҷ медод, ба қадри имкон ашёи хонишро аз шаҳри Сталинобод дар як сафар бо худ меовард. Ман миёни китобҳои бешумор ва ашёи хониш ҳамсафараш будаму хушбахтии беканори модарамро дар чеҳрааш медидам. Муаллимони беҳтаринро барои таълими насли оянда дар атрофи худ ҷамъ мекард, ки онҳоро фидоиҳои роҳи маърифат медонам. Маҳз ба шарофати модари таҳсилдида чаҳордухтари хонадон медонистем, ки роҳи мо баъд аз мактаб аз деҳоти дурдаст донишгоҳ аст”.
Ҳамин дастуру ҳидоятҳои модар буд, ки Сабоҳатро баъд аз хатми мактаб ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ба номи Мирзо Турсунзода овард. Давоми таҳсил ишқи саҳна тақдири ӯро бо коргадони зиндаёд Фаррух Қосим пайваста ва ворид гардидан ба хонадони ҳунармандони театру синамои тоҷик Муҳаммадҷон Қосимов ва Мушаррафа Қосимова дар сарнавишти ӯ нақши муҳим дошт. Коргардони театр Фаррух Қосим бо омехтани назму насри Мавлонои Балхӣ ва “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ намоишномаҳои беназир гузошта, дар саҳнаи театри тоҷик инқилоби бузурге барпо кард, дар рушди театри миллӣ заминаи хуб гузошт. Услуби ӯ дар берун аз кишвар низ эътироф гардидааст. Дар ин намоишномаҳои бемисл Сабоҳат қаҳрамони асосӣ буду худро дар ҳар нақши саҳна ва дар нақши зиндагӣ низ қавӣ мегардонд.
Натиҷаи ранҷи ин ду соли 1990-ум ба таъсиси авваллин театри назмӣ дар Тоҷикистон – “Аҳорун” замина гузошт. Оғози фаъолияти кории театр ба давраи нобасомониҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рост омада, коргардон дар ҳар намоиш мардумро ба якдилӣ ва наҷот аз шарри ин бадбахтӣ даъват мекард. Намоишномаи “Даҷҷол” маҳз ба ҳамин хотир рӯи саҳна омад. Дар давоми фаъолияти чандсола ин театр макони асосии худро надошту баъд аз сари Фаррух Қосим маҳз бо кӯшиш ва истодагариҳои Сабоҳат Қосимова театри “Аҳорун” соли 2014 соҳиби бино гардида, дар ифтитоҳи он Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок карданд. Дар ёддошти онрӯза муаллима чунин менависад: “Имрӯз бароям беҳтарин ва накутарин аст. Ифтихорам аз он аст, ки театри орзуҳоям соҳиби бино гардиду калиди ин туҳфаро Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо супурд. Бо боварӣ мегӯям, ки руҳи Фаррух Қосим шод шуд”.
Ҳунарпеша дар фаъолияти худ бо офаридани нақшҳои Ҳабиба дар “Алломаи Адҳам ва дигарон”-и Сотим Улуғзода, Шараф дар ”Корвони бахт”-и Мирсаид Миршакар, Мадлена дар “Тӯдаи риёкорон”-и М. Булгаков ва нақшҳои Зулайхо дар “Юсуфи гумгашта...” (Ҷомӣ), Карделия дар “Шоҳ Лир”-и Шекспир, Ширинкор дар “Шоҳ Фариддун” ва Катоюн дар “Исфандиёр”-и Фирдавсӣ дар дили мухлисони бешумор ва ҳаводорони театр номи худро ҷовидона намуда, ҳаёти худро чун фарди комил сипарӣ кард.
Фарзона, Шоири халқии Тоҷикистон, дар яке аз ёддоштҳояш бо номи “Достони васлу ҳиҷрон” перомуни ҳунари волои бозигарии Сабоҳат дар саҳна чунин менависад: “Ман ҳамеша эҳсос мекардам, ки Сабоҳатбонуи Қосим ҳунарвар ва инсони истисноист. Вақте ӯро дар саҳна медидам, ин эҳсосам муҳри дигар меёфт, ҳангоме ки бо ӯ дар зиндагӣ рӯ ба рӯ меомадам, дигарбора ба ростии андешаам эътимод мекардам. Ӯ ҳунарваре ва инсонест бо фазои фикрии хос, бо нигоҳи маъсуми тифлонаву садои амиқи дилнишину дилнишон, бо симои пурфурӯғи фурӯзонфар, ки аз партави дарун зеботар шудааст, бо андешаҳои вусъатманди бомасоҳату борифъат, бо диле, ки милодгоҳи ҳама муҳаббатҳост”.
Воқеан, ин чеҳра бо офаридани нақшҳо ба саҳна нур мебахшид. Нақшҳои офаридаи ӯ на таҷассумгари инсони заминӣ, балки хусусияти як мавҷуди хоси малакутиро ифода мекарданд. Ӯ дар ҳар нақш қолаби худро батамом мешикаст ва образи нави худро дар сатҳи олӣ меофарид. Саҳнаҳои гузоштаи Фаррух Қосим бисёр саҳнаҳои пурпечутоби маънӣ буданд, ки Сабоҳат бо нақши худ онро то авҷи аъло мерасонд. Бисёриҳо ба театр омаданду рафтанд, аммо Сабоҳат то охир ба театр содиқ монд.
Мавсуф оиларо дар тарбияи насли солим асосӣ дониста, таъкид медошт, ки кӯдакон бисёр рамузгиранд, онҳо аз сухани мо дида, ба рафтори мо тақлид мекунанд. Агар мо калонсолон насиҳат карда, худ амали нодуруст анҷом диҳем, ин ба онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Дар тарбияи дуруст бояд амалҳои хешро дуруст анҷом диҳем, то насли ояндаи мо дуруст тарбия ёбад. Ин гуфтаҳо барои оилаҳои ҷавони мо ибратанд.
– Ҳарчанд ҳаёт дурдонаҳои беназирро аз миёни мо барад ҳам, ёди онҳо дар умқи дили мо зиндаанд. Муаллима на танҳо модари маънавӣ, балки чун модар барои мо намунаи ибрат ба шумор мерафт ва хотироти ӯ ҳамчун як зани нуронӣ, меҳрубон, фариштасифат дар ёди мо мемонад, – мегӯянд бо меҳр ҳамкорону шогирдон.
Дуруст аст, ки ёди ашхоси накуном зудуда намегардад ва зиндаю ҷовидона дар дилу матлаби мо мемонад.
Судобаи ФАЙЗАЛӢ, “Ҷумҳурият”