Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо истинод ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки хатари омадани сел дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии кишвар, ба истиснои вилояти Хатлон ва шарқи ВМКБ, боқӣ мемонад.
Кумита аз сокинони кишвар хоҳиш менамояд, ки дар ин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд. Барои пешгирӣ аз ҳар гуна хатарҳои эҳтимолӣ сокинон бояд сари вақт ҷӯву канал ва селроҳаҳои атрофи худро тоза созанд. Ҳамчунин, Кумита ба ронандагон ва дӯстдорони кӯҳгардӣ ва сайёҳӣ муроҷиат менамояд, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ҷиддан қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.