Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи Раҳмони Гулзорро таҳти унвони “Кони ангишти Равноб. Соли рафта ҳам он фаъол нагардид...”, ки дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” (06.01.2023, № 12) ба табъ расидааст, мавриди баррасӣ қарор дода, маълумоти зеринро пешниҳод менамояд.
Кони ангишти Равноб дар ноҳияи Дарвоз ҷойгир буда, бо сабаби ба итмом расидани муҳлати амали иҷозатномаи ҳуқуқи истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ аз соли 2015 фаъолияти истихроҷии худро қатъ намудааст.
Тибқи Протоколи ҷаласаи даҳуми Комиссияи ҳукуматӣ оид ба гузарондани озмунҳо барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин №22/3-10 аз 12 феврали соли 2016, тамдид намудани муҳлати амали иҷозатномаи ҶДММ «ВТИ-Помир» барои ҳуқуқи истихроҷи кони ангишти Равноб рад шуд.
Такроран, тибқи супоришҳои муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба баррасии дархости ҷамъияти дар боло дарҷгардида, аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бастаи пурраи ҳуҷҷатҳо моҳи декабри соли 2017 ба унвони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Дар ин раванд, бояд қайд кард, ки аз ҷониби ҶДММ “ВТИ-Помир” аз 9 январи соли 2023 ба Вазорат лоиҳаи комплексии коркарди кон пешниҳод шудааст. Корхона тасмим гирифтааст, ки бо ҷалби сармоягузории ширкати ҶДММ “Корпорация развития территорий”-и Федератсияи Россия оид ба истихроҷи ангишт, сохтмони роҳи Жак-Равноу, истеҳсоли кокс, маҳсулоти нафтӣ аз ангишт ва сохтмони фабрикаи ғанигардонии ангиштро ба роҳ монад.
Бо назардошти ҳаҷман калон будани маблағгузорӣ, аз ҷониби ширкати ҶДММ “Корпорация развития территорий” ба номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи январи соли 2023 дархост ирсол шуда, дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
И.ҚУРБОНЗОДА, муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нав