Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 32-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Муъминобод сохтмон ва навсозии иншооти муассисаҳои таълимӣ, варзишӣ, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, сангфарш ва мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома доранд.
Тавре директори Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш»-и ноҳия Давлатмурод Мирзоев изҳор дошт, омодагиҳо ба Ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Муъминобод дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, алҳол сохтмони бинои Коллеҷи тиббӣ дар маркази ноҳия идома дорад. Бино сеошёна буда, корҳои рангубори деворҳои берунӣ ба итмом расидаанд. Инчунин, дар деҳаи Шулдуқ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 барои 240 ҷойи нишаст, МТМУ №12-и деҳаи Деҳибаланд барои 360 хонанда дар як баст ва бинои маркази ҷавонон дар маркази ноҳия сохта шуда, дар назар аст, ки дар арафаи Ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор гиранд.
Ҳамчунин, бо дастгирии соҳибкорон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия роҳи Муъминобод – Ғеш – Чилдухтарон ба масофаи 8 километру 200 метр ва роҳи деҳаи Ҳанатарош ба масофаи 2 км асфалтпӯш гардиданд.
Чунин ободкорию созандагиҳо дар арафаи 32-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Муассисаи томактабии №1-и ноҳия низ, ба мушоҳида мерасанд. Бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии директори он Оламбӣ Латифова кӯдакистон беш аз пеш зеботар мегардад. Ҳар нафаре, ки ба ин даргоҳи илм ворид мешавад, бо дидани гулҳои рангоранги назди ҳавлии Муассиса дар ҳайрат мемонад. Боғча дорои мизу курсиҳои замонавӣ буда, девори синфхонаҳои он бо нақшунигори зебои кӯдакона оро дода шудааст. Муассиса таъмир гардида, дорои беҳтарин шароити таълиму тарбия мебошад.
Тибқи маълумот, ҳоло дар кӯдакистон дар 7 гурӯҳ 160 кӯдак ба тарбия фаро гирифта шудааст, ки ба онҳо 8 мураббия таълим медиҳад.
– Кормандони Муассисаи томактабии №1-и ноҳияи Муъминобод пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки кӯдаконро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намоянд, – гуфт мудири кӯдакистон Оламбӣ Латифова.
Меҳрона ЗУВАЙДОВА, «Ҷумҳурият»