Мир 24. Дар изҳороти Идораи рафъи пайомадҳои офатҳои табиӣ гуфта мешавад, ки шумори қурбониёни заминларза дар Туркия ба 31 643 нафар расидааст. Ин натиҷаи ниҳоӣ нест, зеро теъдоди фавтидагон меафзояд. Инчунин, зикр мегардад, ки 158 165 нафар зарардида аз минтақаи хавфнок ба вилоятҳои дигар кӯчонда шуд.
RT. Вазири корҳои хориҷии Австрия Александр Шалленберг дар мусоҳиба бо рӯзномаи «The Washington Post» изҳор дошт, ки кишварҳои ғарбӣ набояд платформаҳоеро, ки барои ҳамкорӣ бо Россия лозиманд, худсарона нобуд созанд.
RT. Дабири кулли СААД Имангалӣ Тасмагамбетов гуфт, ки имсол дар Беларус се тамрини омӯзишии Созмон баргузор мешавад.
«Бо мақсади таҳкими имкониятҳои мавҷуда дар соҳаи ҳарбӣ қадамҳои амалӣ пешбинӣ гардидаанд, ки, пеш аз ҳама, ба таъмини омодагии ҷангии неруҳои дастаҷамъии Созмон нигаронда шудаанд», – иқтибос меорад БЕЛТА.
Мир 24. Наҷотдиҳандагони тоҷик писарбачаи сесоларо бо номи Явуз, ки 158 соат дар зери харобаҳо буд, наҷот доданд. Одамони дар он ҷо қарордошта кӯдакро бо чапакзанӣ пешвоз гирифтанд. Пеш аз ин, наҷотдиҳандагони Тоҷикистон дар соати 151-уми баъди офати табиӣ як кӯдаки шашмоҳаро бо падараш аз зери харобаҳои бинои 9-ошёна берун оварданд.