Дар шаҳри Душанбе байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия машваратҳои сиёсӣ баргузор шуданд.
Аз Вазорат ба мо иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни вохӯриҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистон ва Россия дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва дигар самтҳо баррасӣ гаштанд. Ҷонибҳо, ҳамчунин, доир ба ҳамкории Тоҷикистон ва Россия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва масоили амнияти минтақа мубодилаи афкор намуданд.
ТОҶИКИСТОН ВА ҚАЗОҚИСТОН
Рушди ҳамкориҳо дар самти технологияҳои нав ва фановарӣ
Дар Остона муовини вазири саноат ва технологияҳои нав Азиз Назар ва сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Қазоқистон Хайрулло Ибодзода бо муовини вазири рушди рақамӣ, инноватсия ва саноати кайҳонии Қазоқистон Асет Турисов вохӯрданд.
Ҷонибҳо доир ба имкониятҳои густариши ҳамкориҳои байнисоҳавӣ дар самтҳои мавриди масъулият мубодилаи афкор намуда, зарурати татбиқи муштараки мувофиқаҳои ҳосилшударо дар самти танзим ва идоракунии барномаву фановариҳои муосир баррасӣ карданд.
Муаррифии зарфият ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Корея
Дар шаҳри Коянги Ҷумҳурии Корея Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Korea International Tourizm Show–2023» баргузор гардид.
Тавре ба мо аз Кумитаи рушди сайёҳӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни баргузории Намоишгоҳ миёни ширкатҳои сайёҳӣ, намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ва кишварҳои иштироккунанда, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Ҳиндустон, Нигерия, Шри-Ланка, Индонезия, Ӯзбекистон ва дигарон, гуфтушунидҳо оид ба ҷалби сайёҳон ба мамлакатҳояшон сурат гирифт.
Озмуни беҳтарин субъекти хизматрасонии сайёҳӣ
Кумитаи рушди сайёҳӣ бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, ҳавасмандгардонии субъектҳои хизматрасонии соҳа, роҳбаладон, ҷалб намудани коршиносони мустақил ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба тарғибу ташвиқи васеи имконоти сайёҳӣ, густариш бахшидани хизматрасонӣ дар соҳа ва, ба ин васила, ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ озмун эълон менамояд.
Тавре дар Кумита тавзеҳ доданд, озмун аз рӯи номинатсияҳои «Беҳтарин ширкати сайёҳӣ», «Беҳтарин меҳмонхона», «Беҳтарин тарабхона», «Сомонаи беҳтарин дар соҳаи сайёҳӣ» ва «Беҳтарин роҳбалад» гузаронда мешавад. Ғолибон аз ҷониби Кумита бо диплом ва маблағи пулӣ сарфароз мегарданд.
Ёддошти ҳамкорӣ миёни телевизиони «Сафина» ва Бюрои радио ва телевизиони Пекин
Дар доираи «Мавсими намоиши филмҳои хориҷӣ ва сериалҳои телевизионӣ» байни синамогарони Тоҷикистон ва Чин ба тариқи маҷозӣ ҳамоиш баргузор гардид.
Тавре Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» иттилоъ додааст, иштирокчиёни ҳамоиш доир ба масъалаҳои амалисозии тарҳҳо дар самти омодакунии кадрҳои соҳаи синамо, афзун намудани намоиши филмҳои Тоҷикистон дар Чин ва аз Чин дар Тоҷикистон, сабти филмҳои муштарак, хусусан таҳияи филмҳои аҳамияти таърихидошта, табодули афкор намуданд. Телевизиони «Сафина» ва Бюрои радио ва телевизиони Пекин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонданд, ки он ба рушди бештари ҳамкорӣ мусоидат хоҳад кард.
16 лоиҳаи сармоягузорӣ барои беҳдошти муассисаҳои иҷтимоӣ
Дар ҳудуди ВМКБ барои беҳбудии шароити муассисаҳои маорифу тандурустӣ, нақлиёт, обёрӣ ва корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ 16 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ мегардад.
Аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба мо хабар доданд, ки маблағи то ба имрӯз азхуднашуда дар доираи ин лоиҳаҳо беш аз 1,3 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 703,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.