29-уми август дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Давлати Фаластин Риёз Ал-Моликиро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар оғози мулоқот Пешвои миллат ташрифи Риёз Ал-Моликиро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, дар робита ба ифтитоҳи расмии Сафорати Давлати Фаластин дар Душанбе табрику муборакбодӣ намуданд. Зимнан, таъкид гардид, ки ин иқдом ба рушду тавсеаи муносибати ҳасанаи ҷонибҳо дар соҳаҳои гуногун мусоидати муассир хоҳад кард. Дар ҷараёни суҳбат маҷмуи масоили ҳамкории Тоҷикистону Фаластин баррасӣ гардиданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷонибдорӣ аз густариши минбаъдаи робитаҳои дуҷониба аҳамияти таҳкиму такмили заминаи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои ҳамкории ду кишварро дар арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо таъкид карданд. Ҳамзамон бо ин, тавсеаи тамосҳои корӣ байни вазорату ниҳодҳои марбутаи ду кишвар ба суди кор дониста шуд. Самтҳои гуногуни иқтисодиву тиҷоратӣ, ҳамчунин, соҳаҳои фарҳанг, илму техника, маориф ва тиб аз ҷумлаи самтҳои ояндадори ҳамкорӣ арзёбӣ гардиданд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.
Дар фарҷом Сарвари давлати мо бо ибрози қаноатмандӣ аз суҳбат ба мардуми бародари Фаластин сулҳу субот ва пешрафту шукуфоӣ орзу намуданд.