Дар доираи сафари кории Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон матбааи вилоятӣ дигарбора ба фаъолият пардохт.
Дар маросими мавриди истифода қарор додани матбааи вилоятӣ котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода иштирок ва суханронӣ намуд. Зикр шуд, ки матбуоти тоҷик аз оғози фаъолият то имрӯз таърихи пурпечутоберо аз сар гузарондааст. Дар замоне, ки душманони миллат бо ҳар роҳу восита ҳастии миллати тоҷикро инкор мекарданд, зиёиёни ин миллати куҳанбунёд ба воситаи қаламу сухан на танҳо ба ақидаҳои ғаразноки душманони миллат хотима гузоштанд, балки дар бедор намудани мағзҳои хуфта ва маҳви бесаводӣ инқилоби бузургеро ба вуҷуд оварданд. Аз ин ҷост, ки матбуот ҳамчун як рукни муҳими сиёсӣ ва маънавии ҷомеа дар таҳкими асолати миллӣ, давлатдорӣ, худшиносии комил, ҷаҳонбинӣ ва завқи мардум, пойдории адолату воқеияти рӯзгор нақши муассир дорад. Бо шарофати фароҳам омадани имкониятҳои воқеӣ дар замони истиқлоли давлатӣ матбуот ҳамчун яке аз рукнҳои асосӣ ва пешбарандаи ҷомеа мавқеи устувор пайдо кард.
Иттиҳодияи истеҳсолии матбааҳои ВМКБ дар гузашта яке аз корхонаҳои калонтарини вилоят маҳсуб меёфт. Дар ин ҷо беш аз 200 нафар кор мекарданд. Ба ғайр аз рӯзномаи вилоятӣ, рӯзномаҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва тамоми маводҳои чопии идораву муассисаҳои вилоят дар ҳамин корхона чоп мешуданд. Бо мурури замон корхона ба буҳрони иқтисодӣ-молиявии солҳои аввали 90-ум тоб наоварда, аз фаъолият бозмонд. Рӯзномаҳои вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ минбаъд дар матбааҳои шаҳри Душанбе ба чоп мерасиданд, ки боиси хароҷоти зиёди молиявӣ мегардид. Рӯзномаи “Сарикол”-и ноҳияи Мурғоб бошад, чанд муддат дар вилояти Уши Ҷумҳурии Қирғизистон чоп мешуд.
Котиби Шурои амнияти кишвар аз чанд сол фаъолият накардани матбаа дар вилоят ва нашри рӯзномаи маҳаллӣ ҳатто дар дигар кишвар изҳори нигаронӣ намуда, аз нав ба кор даромадани матбааи вилоятӣ дар шаҳри Хоруғро аз ғамхории навбатии Ҳукумати кишвар, хоссатан Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба табъу нашр маънидод намуд.
Матбаа бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навсозӣ, таъмир ва бо дастгоҳҳои нави чопӣ таъмин гардид.
Камила Ҷамшедова, хабарнигори рӯзномаи “Бадахшон”, бо такя ба сарчашмаҳои таърихӣ зикр кард, ки ташкили матбааи нахустин дар шаҳри Хоруғ ба солҳои сиюми асри гузашта рост меояд. Бори аввал таҷҳизоти чопӣ барои матбааи шаҳри Хоруғро бо қатора аз шаҳри Тошкент тариқи водии Фарғона ва шаҳри Уши Қирғизистон, баъдан тариқи уштурҳо овардаанд. Аввалин рӯзномаи вилоятӣ – “Бадахшони сурх” дар нахустин матбааи вилоят 2 сентябри соли 1931 ба чоп расид.
Раиси вилоят Алишер Мирзонабот дар замони муосир аз хизматрасонии табъу нашр бенасиб будани як вилоятро ғайриимкон ва берун аз тасаввур номид. Инак, бо дастури Пешвои миллат матбааи вилоятӣ аз нав ба фаъолият оғоз намуд, вале ин ҳанӯз аввали кор аст. Кӯшиш мекунем, ки матбааро бо тамоми таҷҳизоти замонавии чоп таъмин намоем ва оянда ба ғайр аз чопи рӯзномаву маҷаллаҳо дар ин корхона, ҳамчунин, дигар хизматрасониҳои табъу нашрро ба роҳ монем. Агар имрӯз дар матбааи вилоятӣ барои 10 нафар ҷойи кори доимӣ фароҳам шуда бошад, бо афзоиши намудҳои хизматрасонӣ дар он ҷойи корӣ низ меафзояд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”