Нашриёти Баали шаҳри Димишқи Ҷумҳурии Арабии Сурия шоҳасари фарзанди барӯманди Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров - «Тоҷикон»-ро дар ду ҷилд бо забони арабӣ аз чоп баровард. Китоб таҳти назорат ва бо муқаддимаи узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Назруллоҳи Назар интишор ёфтааст.
Асарро адиб ва тарҷумони шинохтаи Сурия доктор Иброҳим Истанбулӣ ба забони арабӣ баргардондааст.
Дар муқаддимаи «Тоҷикон» ба забони арабӣ, аз ҷумла омадааст: «Хонандаи араб бо таърихи халқи тоҷики куҳанбунёд ҳанӯз тавассути китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих», ки ду маротиба дар Қоҳира солҳои 2009 ва 2011 дар чор ҷилд дар нашриёти «Дору-л-фикри-л-арабӣ» ба табъ расида буд, бори нахуст шинос шудааст ва акнун чопи ин китоб фурсати дигареро ба онҳо барои шиносоии амиқтар муҳайё месозад».
Ҳамчунин, муаллифи муқаддима ба таваҷҷуҳи дӯстдорони таърих мерасонад, ки китоби «Тоҷикон» дар даврони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аҳамияти беандоза касб намуда, бо ташаббуси Сарвари давлат бо забони тоҷикӣ нашр ва ба ҳар хонадон эҳдо шуд. Ҳамзамон, маъракаи тарҷумаи он ба забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони арабӣ, оғоз шуда, соли 2023 дар Тоҷикистон - Соли бузургдошти китоби «Тоҷикон» ва муаллифи он академик Бобоҷон Ғафуров эълон гардид.
Ноширон, тавре ки дар паёми худ ба унвони Сафорати Тоҷикистон дар Москва изҳор доштаанд, чопи якуми тарҷумаи шоҳасарро ба муносибати Соли бузургдошти китоби «Тоҷикон» ва муаллифи он академик Бобоҷон Ғафуров, ҳамчун армуғон ба соҳиби ташаббуси тарғиби он - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳдо кардаанд.
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»