Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода бо намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Павел Урсу вохӯрд. Ҳамзамон, дар ин дидор роҳбари дафтари СҶТ дар Тоҷикистон Виктор Олшавский ва дигар шахсони расмӣ низ, иштирок доштанд.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҳамкории мутақобилан судманд бо ташкилоти мазкур изҳори қаноатмандӣ намуда, барои дастгириҳои пайвастаи соҳа ба роҳбарияти ташкилот изҳори миннатдорӣ кард.
Дар идомаи мулоқот ҳамкориҳои дуҷонибаи вазорат бо ташкилоти мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуда, атрофи масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор сурат гирифт.
Боздиди Азим Иброҳим аз рафти корҳои сохтмонӣ дар роҳи Данғара – Лолазор – Бохтар
Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим зимни сафари корӣ ба минтақаи Кӯлоб аз рафти корҳои сохтмонӣ дар роҳи Данғара – Лолазор – Бохтар, ки дар доираи лоиҳаҳои сохтмони роҳи автомобилгарди Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт сохта мешавад, дидан намуда, ҷиҳати сари вақт ва бо сифат анҷом додани кор ба масъулон супоришҳои мушаххас дод.
Ба иттилои вазорат, Азим Иброҳим, ҳамчунин, бо намояндагони ширкати паймонкор ва ширкати машваратчии СМЕКА-и Австралия ва кормандони маҳаллӣ машварат намуда, ба онҳо тавсия дод, ки дар таъмини назорати сифати корҳои сохтмонӣ фаъолона иштирок карда, корҳои сохтмониро ҳамарӯза таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳанд ва иҷрои босифатро таъмин созанд. Ин қитъаҳои роҳ ду минтақаи вилоят – Кӯлоб ва Бохтарро бо ҳам пайваст намуда, барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофирбариву боркаш тавассути ин минтақаҳо имкон фароҳам меорад.
Машварати назоратии назди раиси ВМКБ
Машварати назоратии назди раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир гардид. Таҳлили шумораи аниқи бекорон дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят ва бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо аз масъалаҳое буд, ки дар машварат баррасӣ шуд.
Раиси вилоят Мирзонабот Алишер супориш дод, ки шумораи бекорон, бахусус дар шаҳри Хоруғ, мавриди санҷиш қарор дода шавад.
Зикр гардид, ки айни ҳол ҷойи кор чи дар вилоят ва чи берун аз он дар сохтмонҳо ва дигар самтҳо мавҷуд мебошад, танҳо зарур аст, муайян шавад, ки чӣ қадар бекор дорем ва онҳоро дар кадом самт ба кор ҷалб намудан мумкин аст. НБО «Роғун», ширкати “Талко” ва НБО “Себзор” аз ҷумлаи иншооте мебошанд, ки ба коркунони гуногунихтисос ниёз доранд.
Ҳамчунин, масъалаи тезондани бастани қарордод аз ҷониби муассисаҳои маориф бо корхонаҳои дӯзандагии вилоят ҷиҳати дӯхти либосҳои мактабӣ барои хонандагони вилоят баррасӣ гардид.
Масъулон доир ба танзими нарху навои маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои вилоят, ҳаракати нақлиёти мусофирбар дар хатсайрҳои шаҳр, беҳтар намудани ҷамъоварии ангату хуч дар ноҳияҳои вилоят супоришҳо гирифтанд.
Қабули мавод барои Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ идома дорад
Иттифоқи журналистони Тоҷикистон қабули маводро барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар соли 2022 идома медиҳад.
Дар асоси банди 3-и Низомномаи Ҷоиза аъзои Иттифоқи журналистон, ки собиқаи кории касбии на кам аз 5 сол дар ВАО-и кишварро доранд, дар номинатсияҳои матбуоти даврӣ, телевизион, радио ва тадқиқоти илмии соҳаи ВАО маводи худро пешниҳод карда метавонанд.
Ба иттилои Зиннатулло Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистон, намунаи маводе, ки дар давраи аз 11 марти соли 2022 то 31 декабри соли 2022 нашр ва пахш гардидааст, барои баррасӣ қабул мешавад. Муҳлати охирини қабули асарҳо 1 марти соли 2023 муқаррар шудааст.
Маросими ботантанаи тақдими ҷоизаҳо Рӯзи матбуоти тоҷик – 11 марти соли 2023 доир мегардад.