Мардуми заҳматпешаи ноҳияи Айнӣ барои боз ҳам ободу зеботар намудани кишвари азизамон саҳми арзанда мегузоранд. Ҷиҳати рушди бомароми иқтисодӣ ноҳия сол ба сол қадамҳои устувор гузошта, ба натиҷаҳои назаррас ноил шуд. Тайи даҳ соли охир бо ҷалби сармоягузорони хориҷӣ дар минтақаҳои гуногуни ноҳия корхонаҳои азими муштараки коркарди маъдан мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки ҳам ба болоравии иқтисодиёти ноҳия ва ҳам таъсиси қариб ҳазор ҷойи нави кор мусоидат карданд.
Маҳз раванди саноатикунонӣ шароит фароҳам овард, ки ноҳия аз соли 2012 инҷониб аз ҳолати дастнигарӣ – субвенсионӣ, раҳоӣ ёфта, ба ноҳияи аз лиҳози рушди иқтисодӣ муътадили худкофӣ табдил ёбад. То соли 2012 ноҳия ҳамасола ҷиҳати пардохти музди маоши соҳаҳои буҷетӣ: тандурустӣ, маориф, фарҳанг аз буҷети вилоят зиёда аз 62 миллион сомонӣ маблағи субвенсионӣ мегирифт, ҳоло бошад, ноҳия дар ғанӣ гаштани на фақат буҷети вилоят, балки кишвар ҳам саҳми муассир мегузорад, яъне ба қатори шаҳру ноҳияҳои донор шомил шудааст. Маҷмуи маҳсулоти истеҳсолкардаи ноҳия соли сипаришуда ба 3 миллиарду 655 миллион сомонӣ расид, ки ин нишондод дар даврони соҳибистиқлолӣ баландтарин маҳсуб меёбад. Раванди рушди саноатикунонӣ дар ноҳия идома ёфта, соли равон ва баъдӣ боз чандин коргоҳҳои муҳими тавлидотӣ ба истифода дода мешаванд. Ноҳияи Айнӣ ба ноҳияи рушдёфтаи саноатӣ табдил хоҳад ёфт.
Дар ноҳия ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иншооти зиёд сохта мешавад. Ба истиқболи ин санаи фархунда нақша-чорабиниҳо таҳия шудааст, ки иборат аз 600 банд мебошад. То ба имрӯз зиёда аз 130 иншооти соҳаҳои гуногун ба истифода дода шуд. Соли 2022 дар ноҳия 133 иншоот бо таъсиси зиёда аз 500 ҷойи нави кор ва дар 7 моҳи соли равон 46 корхонаи нави истеҳсолии рӯ ба содирот бо муҳайё гаштани 125 ҷойи кор мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
5 июли соли равон бо ширкати Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Дуобаи Шарқии ноҳия боз як корхонаи азими истеҳсолии маъдантозакунии ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” бо иқтидори коркарди 900 ҳазор тонна дар як сол, бо таъсиси 150 ҷойи кор, ба кор даромад. Дар деҳоти Урметан бошад, коргоҳи дӯзандагӣ, қасри паҳлавонон бунёд шуд.
Дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат дар деҳаҳои дурдасти мамлакат муассисаҳои таълимии нави замонавӣ бунёд ёфтанд. Дар деҳаи Каздони деҳоти Шамтуч бунёди МТМУ №48 идома дорад. Тибқи иттилоъ, муассиса барои 320 хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, ба маблағи 6,4 миллион сомонӣ сохта мешавад, ки беҳтарин туҳфа ба муҳассилини русто мегардад. Бинои нави таълимӣ бо саҳмгузории фарзандони деҳа, шахсони саховатманд ва саҳмгузории аҳолӣ бунёд мешавад. Тибқи маълумот, дар ҳудуди муассисаи сохташаванда бунёди толори варзишӣ низ дар назар аст. Ҳамчунин, дар муассиса ошхона ва бинои шабакаи гармидиҳӣ низ сохта мешавад.
Дар деҳаи Дарғи ҳамин деҳот бо саҳми соҳибкор Саидмурод Давлатов коргоҳҳои коркарди мева ва бандубасти он, коркарди пӯст, ҳамчунин, корхонаи истеҳсоли қолин бунёд мегардад, ки метавонад 200 нафар сокини деҳаро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намояд.
Беморхонаи минтақавии рақами 4, ки солҳои дароз таъмирталаб буд, бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша ва ёрии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия навсозӣ мешавад. Ҳамчунин, аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят таҷҳизоти муосири тиббӣ ва катҳои замонавӣ дастрас мегарданд.
Сокинони деҳаи номбурда дар пайравӣ ба ташаббусҳои неки Сарвари давлат иқдом гирифтанд, ки бинои муассисаи таълимии зодгоҳашонро таъмиру навсозӣ намоянд. Дар назар аст, ки дар шафати муассиса бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд майдончаи варзиш бо тамоми шароит ба истифода дода мешавад. Тибқи нақша, дар деҳаи Дарғ майдони Парчами давлатӣ низ, бунёд хоҳад шуд.
Дар маркази ноҳияи Айни бо маблағ-гузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия сохтмони майдони гулгашт ба номи Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ оғоз меёбад.
Раванди корҳои ободонию созандагӣ дар деҳоти дурдасти ноҳияи Айнӣ шаҳодат аз он аст, ки Тоҷикистони азиз ба марҳалаи нав – боло бурдани сатҳи зиндагии мардуму осоиши он бештар таваҷҷуҳ хоҳад кард. Ин аз ҳадафҳои муҳиму калидии Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”