Норасоии кадрҳои болаёқати журналистӣ, рӯзноманигорони забондон ва аз шумораи умумии хатмкунандагони факултетҳои рӯзноманигорӣ омода шудани ҳамагӣ чор-панҷ соҳибкасб аз мушкилотест, ки солҳои охир ҳарчи бештар аз мавҷудияти худ дарак медиҳад. Аввалин иқдом ба хотири ҳавасманд кардани ҷавонон ба ин соҳа аз ҷониби Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шуд. Нуриддин Саид, раиси ин ниҳод эълон кард, ки барои донишҷӯёни фаъоли факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон стипендияҳои Кумитаро таъсис хоҳад дод. Интихоби маҳз ин Донишгоҳро раиси Кумита дар фаъол будани донишҷӯёнаш арзёбӣ кард.
Қобили зикр аст, ки ДМТ дар омода кардани кадрҳои боистеъдоди журналистӣ саҳми хуб дошта, солҳои охир ҷиҳати беҳтар шудани раванди таълим ибтикороти нав дорад. Аз ҷумла, моҳи июни соли ҷорӣ, студияи таълимии Донишгоҳ ифтитоҳ гардида, ба фаъолияти "Телевизиони таълимии ДМТ" замина гузошт. Бо соҳиб шудан ба телевизиони таълимӣ, Донишгоҳ имконияти бештару беҳтар тарбия кардани журналистони телевизион, радио ва матбуотро соҳиб шуд. Дар ифтитоҳи ин студия шахсони воломақоми кишвар иштирок ва аз ин иқдом пуштибонӣ карданд. Ҳоло дар "Телевизиони таълимии ДМТ" кормандони техникӣ барномаҳоро бо дастгирии устодону донишҷӯён таҳия карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш мекунанд.
Қобилҷон Хушвақтзода, ректори Донишгоҳ, изҳор дошт, ки оянда ҷиҳати беҳбудии фаъолияти телевизиони таълимӣ ҷойҳои корӣ ба 8 расида, телевизион соҳиби эфир мешавад.
Бахтиёр Қутбиддинов, декани факултети журналистика, дар ин маврид чунин иброз дошт:
– Соҳиби телевизион шудан, иқтидори коромӯзии факултети журналистикаро мисли дигар факултетҳои журналистикаи донишгоҳҳои хориҷӣ баланд бардошт. Аз он ифтихор мекунем, ки чунин шароит барои донишҷӯёни мо ҳам муҳаё гардид. Ҳоло ният дорем барномаҳои телевизиониро тавассути мавҷи телевизионҳои дигар ба роҳ монем.
Инчунин, зикр гардид, ки телевизион барои таҳияи барномаҳои ҷолиб, дарсҳои видеоии устодон имконият фароҳам оварда, дар рушди журналистикаи соҳавӣ таъсири амиқ хоҳад гузошт.
Машраб Қурбоналӣ, ректори Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон иттилоъ дод, ки барои пурсамар гардондани фаъолияти кадрҳои журналистӣ Донишгоҳ лоиҳаи грантӣ боз намудааст. Дар асоси ин лоиҳа минбаъд рӯзноманигорони варзида бо донишҷӯёни Донишгоҳ тренингу машварат ва курсҳои алоҳидаи амалии рӯзноманигориро мегузаранд. Ӯ афзуд, ки барои донишҷӯёни болаёқати бахши журналистикаи Донишгоҳ стипендияҳои унвонӣ ташкил мешаванд.
Марина Русакова, проректори Донишгоҳи мазкур, мегӯяд: “Донишҷӯёни мо аз ВАО-и дохилӣ ва хориҷӣ таҷриба меомӯзанд. Барои хубтар ба роҳ мондани таҷрибаомӯзӣ рӯзноманигорони байналмилалии худро ба радио ва телевизионҳои хориҷии русӣ сафарбар менамоем.
Донишгоҳ соҳиби студияи таълимӣ буда, дар доираи дарсҳо донишҷӯёни аз рӯйи барномаҳои таҳрири аудио ва видео кор карда, мундариҷаи ниҳоии телевизион ва радиоро эҷод мекунанд. Инчунин, дар заминаи студияи таълимии телевизион ва радиои Донишгоҳ донишҷӯёни курси чоруми бахши журналистика лоиҳаҳои эҷодӣ месозанд.
Солҳои охир аз камрангии фаъолият ва набудани журналистони касбӣ изҳори нигаронӣ мекунанд. Пешрафти ҳар як соҳа аз пешрафти пойдевор – муассисаҳои омодакунандаи кадри журналистӣ сарчашма мегирад. Ба гуфтаи роҳбарони ВАО-и кишвар, бештари донишҷӯёне, ки ба идораҳои рӯзномаву телевизион ё радио муроҷиат мекунанд, саводи хуби журналистӣ надошта, аз имло ва кор бо таҷҳизоти махсуси соҳа ошно нестанд.
Бовар дорем, ки кор дар студия бо радио ва телевизион, рафти тренингу машваратҳои омӯзишӣ, гирифтани стипендияҳои унвонӣ, мустаҳкамии ҳамкориҳо бо расонаҳои гуногун пешрафти журналистикаи кишварро таъмин мекунад.
Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА,
"Ҷумҳурият"