Субҳи 7-уми сентябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Лахш, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод ва Сангвор суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Аввалан, Роҳбари давлат сокинони шаҳру ноҳияҳои зикршударо ба ифтихори 32-солагии Истиқлоли давлатӣ табрик гуфтанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, роҳбарони шаҳру ноҳияҳои зикршударо вазифадор намуданд, ки доир ба омодагӣ ба зимистони дарпешистода, пеш аз ҳама, ба фасли сармо омода намудани муассисаҳои иҷтимоӣ ва аҳолӣ, сари вақт ҷамъоварии ҳосили пахта, картошка, меваю сабзавот ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Пешвои миллат, инчунин, масъалаи дар ҳар як оила захира кардани маводи озуқа ва тухмии зироатҳои кишоварзиро барои соли оянда махсус таъкид сохтанд.