Яке аз ташаббусҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии кишвар ба хотири ояндаи дурахшони ҷумҳурӣ таъсиси Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» (МББ) ва Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» ба шумор меравад.
Сол ба сол Маркази мазкур бо фаъолияти пурсамар ва дастовардҳои фараҳбахш мавқеи худро устувортар гардонда, дар ин замина тафовути чашмрас нисбат ба солҳои қаблӣ ба назар мерасад.
Суҳбати хабарнигори рӯзнома бо директори Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ», доктори илми ҳуқуқшиносӣ Одиназода Рамазон Сафар дар ин хусус ва масъалаҳои марбути он мебошад.
– Муҳтарам Рамазон Сафар, мехостам оғози суҳбатамон аз тафовути фаъолияти Марказ нисбат ба солҳои қаблӣ бошад. То ба куҷо он пурсамар ва умедворкунанда аст?
– Албатта, тафовутҳо, ба маънии некаш ва пешрафтҳову дастовардҳо зиёданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала, яъне тарбияи мутахассисон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар ҷавобгӯй ба меъёрҳои байналмилалӣ, таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир мекунанд. Аз ҷумла, дар маҷлиси Ҳукумати ҷумҳурӣ (26 –уми апрели соли 2022) таъкид доштанд, ки шахсон, довталабони лаёқатманде, ки 4-5 забони хориҷиро хуб медонанд, ба кишварҳое чун Амрико, Олмон, Англия, Канада, Фаронса, Сингапур барои таҳсил фиристонда шаванд. Мурод аз ин, аслан кишварҳои даҳгонае мебошанд, ки низоми маорифашон дар сатҳи байналмилалӣ аз ҷойи аввал то ҷойи даҳум қарор доранд. Ҳамзамон, довталабону донишҷӯён бояд ихтисосеро биомӯзанду фаро бигиранд, ки кишвар ба он ниёзманд аст.
Аз соли 2022 довталабоне, ки барандаи стипендияи «Дурахшандагон» шудаанд, ба ин кишварҳо барои таҳсил сафарбар мегарданд.
Аз замони таъсиси Марказ, яъне аз соли 2009 то соли 2022, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил ба кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар асоси стипендияи «Дурахшандагон» ва бурсҳо, ки ҷонибҳо дар асоси шартномаҳои байниҳукуматӣ ҷой ҷудо мекунанд, фаро гирифта мешаванд.
Бо ташаббуси Сарвари давлат оғоз аз соли 2022 барои таҳсил муассисаҳои таҳсилоти олии давлатҳои дорои низоми таҳсили пешрафта дар рейтингҳои байналмилалӣ, аз ҷумла кишварҳои Аврупо ва Амрико, интихоб карда мешаванд ва хароҷоти таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи таҳсил, иқомат дар хобгоҳ, суғуртаи тиббӣ, стипендияи моҳона, роҳкирои донишҷӯён (сафар аз ҷойи иқомат дар ҷумҳурӣ то ҷойи таҳсил ва бозгашт дар давраи таҳсил), мутобиқгардонӣ ба стандарти давлати дахлдор, барасмиятдарории раводид ва тамдиди раводид (хироҷи консулӣ), нашри натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ғолибону гирандагони стипендияи «Дурахшандагон» пардохт мегардад.
Ҳамин тавр, тавассути ин Марказ беш аз 2000 донишҷӯ, аз ҷумла дар кишварҳои номбаршуда, ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
– То ба куҷо Марказ фарогири мақсуду мароми донишандӯзон шуда тавонист ва ҳам метавонад?
– Комиссияи ҷумҳуриявӣ донишандӯзонеро барои таҳсил ба хориҷи кишвар тавсия медиҳад, ки тавре зикр шуд, лаёқатноканд, 4-5 забони хориҷиро медонанд. Онҳо фарогири ихтисосҳое мешаванд, ки дар кишварамон мутобиқашон мутахассисонро тайёр намекунанд. Донишандӯзону довталабон ба моҳияти масъала ошноӣ доранд ва медонанд, ки чи масъулияте ба дӯшашон вогузошта шудааст. Ҳамчун мутахассиси сатҳи байналмилалӣ пас аз хатм дар корхонаву иншооту муассиса фаъолият намуда, дар рушду тараққии мамлакат бояд, ки саҳм бигиранд. Номгӯи чунин ихтисосҳои зарурӣ бо дархости вазорату ташкилоту муассисаҳо дар ҳамкорӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ нақшабандӣ гардидаву аз ҷониби раиси Комиссияи ҷумҳуриявӣ тасдиқ шуда, ба Марказ пешниҳод мегардад. Марказ тавонистааст, ки аз замони таъсисёбиаш то ба имрӯз тавассути ҳамаи сарчашмаҳо чунин мутахассисони ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалиро барои таҳсил ба кишварҳои хориҷӣ сафарбар ва ба донишу фаъолияти пурсамар омода намояд. Фикр мекунам, ки фаъолияти Марказ дар ин маврид пурсамар ва чашмрас мебошад, чунки то ба имрӯз беш аз ҳазорҳо мутахассис омода гардидааст.
– Оё имкони назорати таълиму тарбияи донишҷӯёнро дар хориҷи кишвар доред?
– Тибқи дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати ҷумҳурӣ дар Низомномаи стипендияи байналмилалии Президенти Тоҷикистон «Дурахшандагон» банди алоҳида ҷой додаанд. Дар он омадааст, ки Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар, Вазорати маъориф ва илм ва дигар вазоратҳову идораҳои дахлдори кишвар вазифадоранд, ки таҳсилу тарбияи донишҷӯён дар кишварҳои хориҷиро пурра зери назорат қарор бидиҳанд.
Ҳамчунин, аз рӯи ин дастур Марказ ва ниҳодҳои номбаршуда 2-3 маротиба бо ин донишҷӯён бояд вохӯрӣ бигузаронанд ва рафти таълиму тарбияи онҳо мавриди пурсишу санҷиш қарор бигирад. Мушкилоти мавҷудаи онҳо, агар бошанд, ҳал мегарданд.
– Мутмаин будан метавон, аз донишҷӯёне, ки ба воситаи Марказ дар хориҷи мамлакат таҳсил кардаанду мекунанд, боз ба Ватан баргарданд ва бо ҷойи кори мувофиқ таъмин шаванд?
– Албатта, як фоизи ин донишҷӯён бо сабабҳои муайян, аз ҷумла идома надодани таҳсил ва ё хориҷ шудан, ба ҷойи кор барнагаштаанд. Аммо беш аз 90 дарсади онҳо то ба имрӯз ба Ватан баргашта, бо ҷойи кори мувофиқ таъмин гаштаанду дар пешрафту тараққиёти соҳаҳои муҳим фаъолият доранд.
Бояд ин нуктаро низ таъкид намуд, ки ба ғолибони Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» тибқи талаботи қонунгузорӣ Созишномаи сеҷониба ба имзо мерасад. Дар он ҳуқуқу уҳдадориҳои тарафҳо ба таври мушаххас дарҷ гардидаанд. Тамоми хароҷоти раванди таҳсил тавассути ин Марказ пардохт мешавад. Тавре дар оғози суҳбат зикр гардид, ин маблағ аз ҳисоби Фонди Президенти мамлакат мебошад.
Аз рӯи талаботи мавҷуда хатмкунанда вазифадор аст, ки ба ҷойи кори муайянгардида ҳозир шавад. Ин гуна мутахассисонро вазорату идораҳои дахлдор дархост кардаанду мекунанд, аз ин рӯ, дар сурати мазкур чунин як масъала бе ҳалли дурусти худ буда наметавонад.
То ба ҳол ҳеҷ гуна муроҷиате аз хатмкунанда ба Марказ, махсусан дар ду соли охир, нашудааст, ки онҳоро бо ҷойи кори мувофиқ таъмин нанамуда бошанд.
Тибқи Созишномаи мазкур Марказ 5 сол хатмкунанда ва баъд кормандро барои фаъолият зери назорат мегирад.
Мусоҳиб Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»