Танҳо суруди «Алла»-аш як ҷаҳони маърифат аст. Дар он ишқ асту муҳаббат. Дар он умед асту орзу. Дар он оромӣ асту осоиштагӣ. Вақте «Модар» гуфта, фарёд мекунем, зиндагӣ гуворотар мешавад. Вақте ин калимаро ба забон меорем, ба ҷаҳони меҳру муҳаббат, дунёи меҳру шафқат ва олами самимият ворид мегардем.
Дар воқеъ, модар барои башарият аз олитарин неъматҳои Худост. Маҳз ӯ ҳофизи ҳаёту созандаи шахсият аст. Модар маҳзани розу ниёз ва маслиҳатгари беҳамтост. Модар мисоли ситораи дурахшонест, ки пайваста роҳи фарзандашро рӯшан месозад. Ӯ дар парешонҳолиҳо мунис, дар ғаму андуҳ дастгир ва дар ҳама ҳолат дуогӯйи фарзанд мебошад. Дар гетӣ гармтар аз гармии дастони модар, ки Офтобро мемонад, ширинтар аз шаҳди забонаш ва нармтар аз дили ӯ чизе вуҷуд надорад. Пайғамбари ислом Муҳаммад (с) фармудаанд: «Биҳишт зери қудуми модарон аст».
Ин аст, ки Пешвои миллат баробари сари қудрат омадан, занон ва мавқеи онҳоро дар ҷомеа баланд бардошта, иштирокашонро дар идораи давлат муҳим арзёбӣ карданд. Сарфи назар аз мураккабии вазъи ҷомеа, бо амалҳои ҳадафрас ва судманд баҳри занон тадбирҳои муҳим андешиданд.
Сафарҳои кории Пешвои миллат ба ҳама гӯшаву канори Ватанамон аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ пахш мешаваду мебинем, ки Сарвари давлат дар ҳама суханрониҳо ва вохӯриҳо бо мардум ҷойгоҳи модарро махсус таъкид мекунанд.
Дар шаҳри Хуҷанд қомат афрохтани муҷассамаи модар, ки даст ба дуои нек бардоштааст, идомаи таваҷҷуҳи бемайлони Президент ба модар буд. Лаҳзаи бардоштани парда аз рӯйи муҷассамаи «Дуои модар» ашкҳои беихтиёр ҷоришудаи ин марди хирад ба ёди модар қалби ҳар бинандаро мисли дарёи хурӯшони кӯҳистон ба ҷӯш овард. Нигоҳҳои пурмуҳаббату дидагони пуроб, хумори навозишу оғӯши модар, ёди даврони кӯдакиву домони беғами тифлӣ, чанд лаҳза сукут кардану бе садо ҳамроз шудан бо модару ҳасрати дил кардани ин марди Худо бори дигар исбот кард, ки назди бузургии хидматҳои модар абармардони олам, шоҳон, шоирон ва олимони машҳури ҷаҳон сари таъзим фуруд меоранд. Воқеан, нест касе, ки баробари шунидани вожаи «Модар», модари хешро пеши назар наораду аз буданаш шукру аз набуданаш ашк нарезад.
Ин гуфтаҳо аз забони Сарвари давлат чи зебо садо медиҳанд: «Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши руҳу ҷон мебошад. Ҳама эъҷозу парвоз, ҳама эҷоду бунёд ва ҳама мардонагиву қаҳрамонӣ натиҷа ва самараи заҳмати шабонарӯзии модар аст. Дунё дар домони биҳиштии модар парвариш меёбад ва, аз ин рӯ, башарият ҳамеша аз ӯ сипосгузор мебошад». Бешак, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хидмати модарро ба ҷо овардаанд ва аз дуои неки ӯ бархӯрдор гаштаанд. Ба чунин мартаба расидан ва соҳиби эҳтироми пиру ҷавони кишвар шудан, аз аҳволи ҳар шахси танҳо бохабар будан, сари ятимонро сила кардан, пайи дастгирии маъюбон шудан, далели ин гуфтаҳост.
Модар синну сол надорад, хоҳ садсола аст, хоҳ бистсола, бузургу беҳамтост. Касоне, ки худ, аллакай, модар ё падар шудаанд ва, ё ба пиронсолӣ расидаанд, боз ҳам ба меҳру насиҳатҳои модар эҳтиёҷ доранд. Сарфи назар аз соли инсон, барояш меҳру муҳаббати модар, навозишу нигоҳи вай зарур аст, чунки ягона меҳри беандозаи модар метавонад, ки моро ба олами маонӣ раҳсипору ҳомӣ бошад.
Одамизод баъди раҳо гаштан аз оғӯши гарму домони поки модар арзиши ӯро дарк мекунад, зеро монанди канори модар ва домони поки биҳиштосои ӯ дигар ҷойе нест. Афсус, ки на ҳама вақт мо ба қадри ин неъмати бебаҳо мерасем. Гаҳе ғарқи дарёи ошиқӣ, ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ ва ё саргарми корҳои дигар модареро, ки бо сад ноз моро парварид, фаромӯш месозем. Бояд дар хотир дошт, ки ба ҷо овардани иззату эҳтиром, хидмати модар ва гирифтани як каф дуои ӯ кафолати сарбаландии мо дар дунё ва охират мебошад.
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»