Мардуми заҳматкашу сулҳпарвари тоҷик имрӯз дар фазои комили суботу амният, рушду шукуфоӣ зиндагӣ ва фаъолият намуда, бо арҷгузорӣ ва шинохти неъматҳои бузурги сулҳу оромӣ ба сӯи фардои боз ҳам дурахшон қадамҳои устувор мегузорад. Воқеан, ҳар гоҳ, ки мо аз сулҳу ваҳдат ёдовар мешавем, беихтиёр симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назар меояд. Бале, номи ин абармарди таърих бо мафҳумҳои муқаддаси истиқлол, сулҳу ваҳдат гиреҳ хӯрдааст.
Дар ҳақиқат, яке аз омилҳои муҳимтарине, ки барои пешниҳоди мардум ва ҷомеаи мадании кишвар ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон додани унвони баланди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, дар баробари анҷоми дигар корҳои бузург, маҳз хидматҳои арзишманди Президенти маҳбуби кишвар дар роҳи бадастовардани сулҳу ваҳдати миллии сартосарӣ мебошад.
Ҳангоме ки кишвари азизи мо гирифтори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардида буд, Пешвои миллат ҷони худро дар гарав гузошта, давлату миллатро аз хатари нобудӣ наҷот доданд. Ба дилҳои ноумед – умед, ба хонаҳои торик – чароғ, ба модарони бемадор – мадор бахшиданд. Сарвари давлат аз аввалин лаҳзаҳои ба ҳайси Роҳбари кишвари тозаистиқлоли тоҷикон интихоб гардиданашон бо шиори “Ман ба шумо сулҳ меорам!” дар дилҳои мардум шуълаи умедро дубора ба ояндаи неки кишвару давлат равшан карданд ва баъдан бо роҳбариву раҳнамоии хирадмандона, кору пайкори ҷавонмардона, иқдому амалҳои ибратбахши созандаю омӯзанда Тоҷикистони ба гирдоби ҷанги дохилӣ афтодаро аз ин вартаи фалокатбор берун оварданд. Бо заҳмату талошҳои пайвастаи бедареғ, хизмати софдилонаи шабонарӯзӣ ба нафъи халқу Ватан истиқлоли воқеии онро дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъмин намуданд.
Озодӣ бузургтарин орзую омоли ҳар халқи ватандӯст буда, барои бадастовардани он халқияту миллатҳо давраҳои зиёди таърихиро паси сар намуда, бо машаққат ва муборизаву ҷонбозиҳо соҳиби давлати мустақил мешаванд. Дар илми муосир мафҳуми “озодӣ” хусусияти ҳуқуқию сиёсӣ касб намуда, ба таври васеъ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Ба назари мо, озодӣ муҳимтарин дастоварди инсоният ва василаи расидан ба камолоти маънавӣ ба шумор рафта, ҳифзу ҳимояи он вазифаи ҳар як инсон ва давлат мебошад.
Соҳибистиқлолӣ рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдориву бақои он мебошад. Истиқлол дар кадом шаклу намуде, ки пойдор набошад, пояи давлатдориест, ки миллатҳо ба он ифтихори бузург доранд. Аз ин рӯ, таъкид карданӣ ҳастам, ки дигар ҳеҷ як қувваи носолим ва ё мушкилоти ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ наметавонад, ки ин ғояи бузурги миллии моро халалдор намояд.
Ҳифзу таҳкими истиқлол ҳамчун замина барои такомули ваҳдати миллӣ ва дӯстиву бародарии тамоми шаҳрвандони Тоҷикистони азизамон хидмат менамояд. Мардуми кишвари мо маҳз бо файзу баракати ин неъмати бебаҳои таърих ва ваҳдат ба давлатдории миллӣ ва эъмори ҷомеаи демократӣ расид. Ҳар қадар, ки мо аз санаи тақдирсози расидан ба соҳибистиқлолӣ дар фосилаи таърихӣ дуртар меравем, ҳамон қадар аҳамияти бузургу сарнавиштсози падидаи истиқлол барои давлату миллати тоҷик муқаддасу равшантар мегардад. Бояд дар хотир дошта бошем, ки танҳо дар натиҷаи соҳиб будан ба давлати соҳибистиқлол, Ватани соҳибихтиёр ва ҷомеаи пешрафта метавонем дар дунёи мутамаддин мақоми арзанда дошта бошем.
Ғозибек САФАРЗОДА, раиси суди ноҳияи Тоҷикобод