8-уми сентябр дар майдони “Истиқлол”-и пойтахти мамлакат бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон паради ҳарбӣ баргузор шуд.
Таҷлили ҷашни муқаддас бо расми гузашти наздики 20 ҳазор нафар хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ – муҳофизони истиқлоли Ватан, марзу буми давлати соҳибихтиёр ва ҳомиёни қонунияту тартибот, дар фазои тантанавӣ оғоз гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар майдони «Истиқлол»-и пойтахт Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо пешвоз гирифтанд. Ба истиқболи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҳайати шахсии оркестри ҳарбӣ-нафасӣ мусиқии тантанавӣ таҳти унвони “Навои ифтихор” иҷро шуд. Маросими бошукӯҳи ҷашнӣ бо ворид намудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони баргузории чорабинӣ оғоз гардид.
Мавриди зикри хос аст, ки Парчами давлатӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми хос дорад. Оғози тамоми чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ дар Артиши миллӣ, чун оини доимии низомиён, бо ворид намудани Парчами давлатӣ шуруъ мегардад. Қабл аз гузашти низомӣ, хизматчиёни ҳарбии ротаи қаровули фахрии полки таъминотӣ ва идоракунии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, чун рамзи муқаддас, аз назди иштирокчиёни паради ҳарбӣ гузаронда, дар сафи пеши дастаҳо қарор доданд.
Сипас, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо оид ба омодагии қисму воҳидҳои ҳарбӣ ба гузашти низомӣ гузориш дод.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо арзи салом ба ҳайати шахсӣ онҳоро бо Ҷашни бошукӯҳи 32-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ табрик гуфтанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нутқи пурмуҳтаво баромад намуда, доир ба ҳифзи дастовардҳои давлати соҳибистиқлол ва фазои орому осудаи ин кишвари биҳиштосо сухан ронданд.
Баъд аз анҷоми суханронии Сарвари давлат ва зимни иҷрои Суруди миллӣ, дар як вақт аз тӯпҳо 30 шиллик парронда шуд. Сипас, бо амри фармондеҳи парад гузашти низомии ҳайати шахсии қисму воҳидҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва занону духтарони Қувваҳои Мусаллаҳ шуруъ гардид. Таҳти навои оркестри ҳарбӣ-нафасӣ ҳайати шахсии қисму воҳидҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар ҳайати дастаҳо вориди майдони баргузории чорабинӣ шуда, аз назди минбари ифтихорӣ ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузашти низомӣ қадам заданд.
Дар паради ҳарбӣ шунавандагони Литсейи ҳарбӣ, афсарони дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, афсарону аскарони ҷузъу томҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати шахсии Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои зудамал, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ, афсарони Хадамоти махсуси назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, курсантҳои муассисаҳои олии таълимии ҳарбии тобеи сохторҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, воҳидҳои таъиноти махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Қӯшунҳои дохилӣ, Қӯшунҳои сарҳадӣ, занону духтарони Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, муҳассилини кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои қудратии мамлакат фаъолона ширкат варзиданд.