Бошад азалӣ ёрат андешаи Истиқлол,
Дунёи хаёли туст дунёи хуши иқбол,
Пайваста чу бикшодӣ аз бахти дилоро фол,
Подош насибат шуд парвози баланду бол,
Эй марди баландиқбол,
Созандаи Истиқлол!
Монанди ниёгонат пиндори накӯ дорӣ,
Чун халқи сухандонат гуфтори накӯ дорӣ,
Эҳёгари таърихӣ, кирдори накӯ дорӣ,
Аз умри сазоворат осори накӯ дорӣ,
Эй марди баландиқбол,
Созандаи Истиқлол!
Рустам шудиву Восеъ, Деваштичу Ораш ҳам,
Аз об гузар кардӣ, бигзаштӣ аз оташ ҳам,
Кардӣ дилу ҷонҳоро бекинаву беғаш ҳам,
Шуд мамлакатат аз нав дилпарвару дилкаш ҳам,
Эй марди баландиқбол,
Созандаи Истиқлол!
Фардои ту пайванди имрӯзи пуранвор аст,
Аз меваи Истиқлол ҳар боғи ту пурбор аст,
Ганҷинакушо ҳастӣ, ганҷат ҳама шаҳвор аст,
Баҳри Ватану халқат корат ҳама пайкор аст,
Эй марди баландиқбол,
Созандаи Истиқлол!
Сад роҳ кушодӣ ту, гардид қарин ҳар дур,
Аз нури мароми ту шуд тирамакон пурнур,
Осор бувад аз ту ҳар ҷону дили масрур,
Як миллати дилмаъмур, як мамлакати машҳур,
Эй марди баландиқбол,
Созандаи Истиқлол!
Низом ҚОСИМ, Шоири халқии Тоҷикистон