Имсол мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибихтиёр солгарди навбатии санаи муқаддасу фархундаи миллӣ – Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ, шукргузорӣ аз фазои сулҳу осоишта ва ободиву шукуфоии Ватани маҳбубамон таҷлил менамоянд.
Сию ду сол аст, ки Тоҷикистони маҳбуби мо соҳибистиқлол ва мардуми шарифи кишвар соҳиби давлати озоду соҳибихтиёр ва демократӣ буда, дар фазои диёри азизамон хуршеди истиқлол партавафшонӣ мекунад ва бо нурҳои ҳаётбахши худ имрӯзу фардои моро мунаввар мегардонад.
Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахши таърихӣ тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро ба ифтихори ин ҷашни бузурги миллӣ, ки тантанаи адолати таърихӣ ва нишонаи сарбаландӣ ва давлатдории асили халқи тоҷик мебошад, сидқан шодбош мегӯям.
Истиқлоли давлатӣ – арзишмандтарин дастоварди миллати сулҳдӯсту фарҳангпарвари тоҷик буда, барои бунёди давлатдории навин, рушди соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву ҳуқуқӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ заминаи комил фароҳам овард.
Истиқлолият неъмати муқаддас ва ниҳоят азиз буда, он, ҳамчунин, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад.
Ҳарчанд ки истиқлоли мо ҷавон аст, вале андешаҳои он аз умқи таърихи пурғановату пурифтихори халқамон ва муборизаҳои фидокоронаи халқи озодихоҳу тамаддунсоз ва бонангу шарафманди тоҷик дар роҳи пуршебу фарози таърихи тулонии худ маншаъ мегирад.
Ин неъмати бебаҳо дар баробари омолу орзуи деринаи халқамон будан, инчунин масъулияти ҳар фарди солимфикру меҳандӯст барои расидан ба қадри талошу муборизаҳои гузашта ва кору фаъолияти созанда барои имрӯзу ояндаи Ватани маҳбубамон мебошад.
Истиқлоли давлатӣ ҳувияти миллии мардум ва рушди давлатдории тоҷикро ба сатҳу зинаи комилан нав бардошт ва барои таҳкими ваҳдати тамоми сокинони Тоҷикистон заминаи устувор фароҳам овард.
Зеро, ба шарофати ин рӯйдоди бузурги таърихӣ, мо соҳиби рамзҳои давлатии худ – Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Конститутсия шудем ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон ҳамчун давлати мустақил эътироф гардидем.
Бо вуҷуди мушкилоти сахту сангини солҳои аввали соҳибихтиёрӣ ва ҳодисаву рӯйдодҳои фоҷиабори он давра, мо тавонистем бо такя ба хиради волои мардум, таъриху суннатҳои қадимаи давлатдорӣ ва фарҳангу анъанаҳои миллиамон зери сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлоли худро ҳифз ва асосҳои давлати муосирро фароҳам созем.
Дар ин радиф, баргузории Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо мақому манзалати шоистаи таърихӣ дорад. Зеро маҳз қарорҳои сарнавиштсози иҷлосияи мазкур барои миллати азияткашидаи мо муҳити мусоиди расидан ба ризояти миллӣ ва сулҳу суботро фароҳам оварданд.
Ҳоло Тоҷикистони соҳибистиқлол дар роҳи бемайлони созандагиву рушд қарор дорад, Ҳукумати мамлакат ва мардуми кишвар бо ҳидояту роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри расидан ба ҳадафҳои миллии стратегӣ ба сӯи пеш қадамҳои устувор мегузоранд.
Бинобар ин, мо бояд бо ҳисси баланди масъулият дар назди гузашта ва имрӯзу ояндаи Ватан ва миллат, ба хотири ободиву оромии кишвари азизамон дар атрофи Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам сарҷамъу муттаҳид шуда, бо тамоми ҳастӣ содиқонаву аҳлона заҳмат кашем, дар ҳифзи манфиатҳои милливу давлатиамон зираку ҳушёр бошем ва қарзи худро дар назди Ватан ва халқи Тоҷикистон сазовор адо намоем.
Бовари комил дорам, ки ҳар як сокини бонангу номуси кишвари азизамон, бахусус ҷавонон, ба қадри соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ, сулҳу субот ва оромию рушди давлату ҷомеа мерасанд, истиқлолу озодии сарзамини аҷдодиро чун гавҳари бебаҳо ва неъмати азизу муқаддас ҳифзу эҳтиёт менамоянд.
Ҷашни Истиқлоли давлатӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!