Таҷлили ҷашни пуршукӯҳи миллӣ – Рӯзи Истиқлоли давлатӣ барои кулли мардуми кишвари маҳбубамон, аз ҷумла сокинони сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, фархунда ва муқаддас мебошад. Ин иди муборакро ҳамасола тамоми тоҷикони дунё бо як ҷаҳон хурсандию сурур ва шукӯҳу ҷалоли хос қайд менамоянд.
Роҷеъ ба аҳамияти истиқлоли давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон чунин изҳор доштанд: «Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро ба дасти хеш навишта, роҳу равиши хосса ва мақому мавқеи муносиберо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро ба набзи сайёра ҳамсадо месозад».
Истиқлоли давлатии мо ба замоне рост омад, ки ҷаҳон бо дигаргуниҳои азим рӯ ба рӯ буд. Дар ин гирудори таърих миллати сарбаланди тоҷик бо хиради азалӣ ва неруи зеҳнии созандааш тавонист мавқеашро муайян созад ва соҳибихтиёрию истиқлолашро ба тамоми ҷаҳониён эълом дорад.
Амри мусаллам аст, ки дар таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ ва роҳи барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ҳифзи якпорчагии миллат, таъмини суботи комили миллӣ, нақши хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва умуман, ниҳодҳои қудратию амниятӣ хеле бориз аст. Афсарону сарбозони шуҷои Ватан дар ҳамдастӣ бо мардуми сулҳпарвари кишвар аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт ва мактаби мардонагӣ дар майдони набардҳои сангин сарбаландона гузашта, ҷиҳати ҳифзи якпорчагии мамлакат, мустаҳкам намудани принсипҳои давлати навбунёд, ҳифзи обу хоки сарзамини аҷдодӣ ва ҳимояи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ хизмати содиқонаву арзандаи худро ба ҷо оварда, садҳо нафар дар ин роҳ ҷон бохтанд.
Фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои даврони истиқлолро хеле афзун намуданд ва Тоҷикистонро дар қатори давлатҳои дар ҳоли рушд қарор доданд. Маҳз дар заминаи талошҳои хастанопазири Сарвари созандаи давлат Тоҷикистони азизи мо ба комёбиҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гашта, мардум ба рӯзгори босаодат даст ёфтанд. Бовар дорам, ки дастовардҳои имрӯзаи азими сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии мамлакати соҳибистиқлоли мо нуқтаи ниҳоӣ набуда, минбаъд низ бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат қаламрави нави рушду тараққиётро фатҳ хоҳем кард.
Раҷаббой АҲМАДЗОДА, раиси вилояти Суғд
Сокинони сарбаланду заҳматқарини вилояти Суғд имрӯз аз он шукргузоранд, ки ин ҳама ободию бунёдкорӣ ва муваффақиятҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки дар муддати 32 соли соҳибихтиёрӣ ба даст омад, маҳз дар натиҷаи заҳмати суботкоронаи мардуми кишвар ва роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардидааст.
Дар даврони истиқлоли давлатӣ афзоиши маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилояти Суғд, аз ҷумла саноату кишоварзӣ, сохтмону алоқа ва савдою хизматрасонӣ таъмин гардида, давоми солҳои 2010-2022 нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ба марҳилаи рушди бонизом тамоюл карданд.
Дар натиҷаи андешидани силсилаи тадбиру чорабиниҳо маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар соли 2022 ба 31,9 миллиард сомонӣ баробар гашта, нисбат ба соли 2000-ум 65,3 маротиба ва дар қиёс ба соли 2010 - ум 5,6 маротиба афзуд. Андешидани тадбирҳо оид ба рушди устувори макроиқтисодӣ, роҳандозӣ намудани сиёсати дурусти пулию қарзӣ ва ислоҳоти сохторӣ ба афзоиши нақшаи буҷети давлатӣ мусоидат намуд. Чунончи, соли 2022 нақшаи воридоти маблағ ба буҷети давлатии вилоят 106,0 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 3 миллиарду 740 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба соли 2010-ум 3 миллиарду 236 миллион сомонӣ ё 7,4 маротиба зиёд аст.
Дар 32 соли соҳибистиқлолии кишвар шумораи коргоҳу корхонаҳои саноатӣ мунтазам зиёд гардида, соҳибкорӣ рушд кард ва дар ин замина садҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё шуданд, ки ин ба иқтисодиёти вилоят таъсири мусбат расонд, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати афзоиш ёфт ва дар натиҷа сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бамаротиб беҳтар гардид.
Тибқи ҳисоботи оморӣ имрӯз дар ҳудуди вилоят 1023 корхонаву коргоҳи саноатӣ фаъолият дошта, феҳрасти маҳсулоти асосии саноатӣ зиёда аз 248 номгӯи маҳсулотро дар бар мегирад. Аз соли 1991 то имрӯз шумораи корхонаҳои хурду калони саноатӣ 904 адад зиёд ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сол ба сол афзуда, дар соли 2022 ба маблағи 24 миллиарду 185,9 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли 2010-ум 7,9 маротиба зиёд мебошад.
Тавре борҳо таъкид шудааст, истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик аз ҷумлаи рӯйдодҳои бузургтарини таърихӣ мебошад, ки дар тақдири халқи куҳанбунёди мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард.
Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки бо назардошти вазъи пуртазоду тағйирёбандаи ҷаҳони муосир ва ба хотири ҳимояи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, инчунин, ҷиҳати пешгирии хатарҳои замони нав, аз қабили терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ ва дигар омилҳои хатарзо беш аз ҳар вақти дигар муттаҳид бошем. Истиқлолу озодии давлатамон, яъне муқаддастарин ва бузургтарин неъмати зиндагиамонро бо тамоми ҳастӣ ҳифз кунем, ҳушёру зирак бошем ва қарзи фарзандии худро дар назди Ватани азизамон ба ҷо орем, зеро мардуми мо, ки таҷрибаи талхи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро паси сар кардаанд, моҳияти сулҳу ваҳдат, амнияту оромӣ ва ҳамзистии осоиштаро хуб дарк менамоянд. Дар ин бора, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Барои эмин нигоҳ доштани ҷомеаи кишвар аз таъсири зуҳуроти манфии ҷаҳони муосир, аз ҷумла фарҳангу маънавиёти бегона дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми забони модарӣ, суннату анъанаҳои фарҳангӣ, расму оинҳо ва либоси миллӣ тарбия кардани наслҳои наврасу ҷавон, инчунин, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқиву сиёсии онҳо ба хотири таъмин намудани волоияти қонун ва амнияту субот як амри зарурӣ мебошад”.
Дар назари аввал 32 сол дар муқоиса бо таърихи тулонии халқи куҳанбунёдамон чандон фосилаи зиёд нест, вале дастовардҳои дар ин давраи кӯтоҳи таърихӣ таҳти раҳнамоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бадастовардаамон бо садсолаҳо баробар мебошад.
Бигзор, истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша пойдор ва мардуми шарафманди Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то абад сарбаланду сарфароз бошанд!
Давлаталӣ САИД, раиси вилояти Хатлон
Истиқлолият барои мардуми тоҷик арзиши муқаддас маҳсуб гардида, имрӯз хурду бузурги мамлакат барои ҳифз ва тақвияти пояҳои давлатдории навин бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд. Маҳз сиёсати оқилона, кӯшишу ҷонфидоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пайравию азму талоши мардуми сарбаланди кишвар аст, ки дар зарфи сию ду соли соҳибистиқлолӣ дар доираи татбиқи ҳадафҳои стратегии кишварамон ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардидаем. Ин ҳадафҳои рисолатпеша заминаҳои бунёдии рушди устувору босуботи Тоҷикистони маҳбуб ва шарти муҳимтарини беҳгардии сатҳи некуаҳволии сокинон ба шумор мераванд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон дар солҳои аввали истиқлол аз имтиҳони сахти ҳаётӣ, ки пур аз даҳшату фоҷиа, маҳрумияту машаққат ва монеаву мушкилот буд, сарбаландона гузашта, бо шукргузорӣ аз соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ ва бо заҳмати содиқона сарзамини аҷдодии худро соҳибӣ карданд ва бо ҳидояту роҳнамоии Пешвои муаззами миллат онро ободу пешрафта ва соҳибмақом гардонданд.
Боиси ёдоварист, ки дар ибтидои истиқлоли давлатӣ хоинони миллат ва душманони давлати тоҷикон бо пуштибонии доираҳои манфиатдори хориҷӣ кишвари моро ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд. Дар чунин вазъи фоҷиабор барои ҳарчи зудтар хомӯш кардани алангаи ҷанг, қатъи хунрезӣ, барқарорсозии сулҳу оромӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун фарзандони огоҳи миллат Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ – ягона мақоми дар он рӯзҳо салоҳиятдоштаи давлатиро даъват намуданд.
Дар ин Иҷлосияи тақдирсоз вакилони мардумӣ фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба вазифаи Раиси Шурои Олии Тоҷикистон интихоб намуданд. Суханони ҳикматбори Роҳбари нави давлат: «Кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард…» ва «Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ҳастам» мардумро ба ояндаи нек дилгарм ва барои бунёди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ҳидоят намуд.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки мардуми шарифи тоҷик аз оғози истиқлол то имрӯз сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлати худро самимона пуштибонӣ карда, дар рушду нумӯи кишвар саҳмгузорӣ менамояд. Дар партави сиёсати сулҳофарона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат имрӯз сокинони вилояти Хатлон бо шукргузорӣ аз давлати ободу рушдёбанда, шаҳру деҳи обод ва истиқлоли комили давлати худ ифтихор доранд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ба азму иродаи ватандӯстона ва қудрати созандаи мардуми шарифи кишвар ва сокинони соҳибмаърифату сарбаланди вилояти Хатлон эътимоди комил дошта, чунин иброз менамоянд: “Хуб медонам, ки онҳо ба хотири ҳифзи истиқлолу озодии Ватан, пешрафти давлат, таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ минбаъд низ сарҷамъу аҳлона заҳмат мекашанд”.
Бо дарназардошти ин, мо бояд минбаъд низ сарҷамъу муттаҳид бошем, неъмати қиматтарини зиндагиамон – истиқлолу озодӣ, суботи сиёсии ҷомеа ва ваҳдати миллиро ҳимоя кунем, дастоварди бузургтарини даврони истиқлол – сулҳу оромӣ, амнияти давлат, волоияти қонун ва зиндагии осоиштаи халқамонро бо ҳушёриву зиракӣ ва заҳмати содиқона боз ҳам таҳкиму тақвият бахшем.
Мутмаинам, ки тамоми сокинони Хатлонзамин раванди корҳои ободониву созандагиро беш аз пеш вусъат бахшида, дар иҷрои нақшаву барномаҳои қабулкардаи давлату Ҳукумат доир ба рушди миллӣ, ки имрӯзу фардои миллату давлатро ба ҳам пайванд месозанд, саҳми шоиста мегузоранд.