Мир 24. Агентии «Anadolu» хабар медиҳад, ки Президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган ва ҳамсараш Амина барои хабаргирии осебдидагони заминларзаҳои харобиовар ба яке аз беморхонаҳои Истанбул ташриф оварданд.
Табибон ба Сарвари давлат аз вазъи саломатии беморон маълумот доданд. Раҳбари Туркия ба захмиён шифои ҳарчи зудтар орзу кард.
Яке аз занони маҷруҳ духтари навзодашро ба Президент нишон дода, гуфтааст, ки кӯдак ҳанӯз ном надорад. Эрдоган пешниҳод кард, ки ба ӯ Айше Бетюл ном гузорад, ки маънояш дар туркӣ “Духтари ҳаётдӯст” аст.
Барқияи шодбошии Путин ба Вучич
ТАСС. Президенти Россия Владимир Путин ба муносибати Рӯзи давлатдории Сербия ба Роҳбари ин кишвар Александр Вучич барқияи шодбошӣ фирис-тод, ки дар он омадааст: «Сербия шарики муҳим ва боэътимоди Россия аст.
Мо ба сиёсати мутаносиби берунии Белград дар шароити ҳозираи мураккаби байналмилалӣ баҳои баланд медиҳем. Мо кӯшишҳои шуморо, ки ба ҳифзи тамомияти арзии кишвар ва ҳалли масъалаи Косово нигаронда шудаанд, дастгирӣ мекунем”. Барқияи табрикиро ба Президенти Сербия сафири фавқулода ва мухтори Россия дар Сербия Александр Бортсан-Харченко супурд.
Президенти Эрон бо сафари расмӣ вориди Пекин шуд
Sputnik. Бино ба иттилои агентии «IRNA», Президенти Эрон Иброҳим Раисӣ субҳи рӯзи сешанбе дар садри як ҳайати баландпояи сиёсӣ ва иқтисодӣ бо сафари серӯза ба пойтахти Чин омад.
Дар фурудгоҳ Раиси Ҳукумати Эронро вазири фарҳанг ва сайёҳии Чин пешвоз гирифт.
Гуфта мешавад, ки сафари Раисӣ ба Пекин нахустин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар 20 соли ахир маҳсуб мешавад.
Дар дастури кори аввали сафари Раисӣ ба Пекин дидор бо Си Ҷинпин, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, Сарвазир, раиси Конгересси миллии халқи Чин ва имзои асноди ҳамкорӣ аст.