Мир24. Бино ба иттилои хабаргузории «Anadolu», дар шаҳри Қаҳрамонмараши Туркия пас аз ҳашт рӯзи заминларзаи харобиовар ду нафар наҷот дода шуд. Баъдан маълум гашт, ки наҷотёфтагон бародарон Муҳаммад Энеси 17-сола ва Абдулбоқии 21-сола будаанд. Амалиёти наҷоти онҳоро наҷотдиҳандагони Беларус ва Озарбойҷон бо мусоидати ҳамкорони турк анҷом додаанд.
Central Asia (CA). Шабакаи телевизионии «Tolonews» хабар медиҳад, ки Арабистони Саудӣ ҳафтаи гузашта Сафорати худро дар Кобул – пойтахти Афғонистон ба далели нигарониҳои амниятӣ баст. Вазорати корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ дар баёнияе гуфтааст, ки Сафорати онҳо дар Кобул ба далели ҳарос аз ҳамлаи эҳтимолии "Давлати исломӣ" баста шудааст. Дар идома гуфта мешавад, ки дипломатҳо ва кормандони Сафоратро ба Исломобод интиқол додаанд.
Известия. Метеорити Sar2667 дар осмони Ла-Манш таркида, осмонро бо барқи дурахшон мунаввар сохт. Ҷисми осмонӣ дар осмони Англия, Уэлс ва шимоли Фаронса намоён буд ва ин падида ҳафтумин маврид дар таърих буд, ки суқути ҷисми осмониро пешакӣ пешгӯӣ мекарданд.
Lenta.ru. Мақомоти Арабистони Саудӣ бори нахуст аз оғози ҷанг дар Сурия (соли 2011) ба ин кишвар дар робита ба заминларза, ки ҷони ҳазорон нафарро гирифт, кумакҳои башардӯстона фиристоданд.