10-уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Шоҳигарии Марокаш муҳтарам Муҳаммади VI ибни Ҳасан барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Аълоҳазрат!
Хабари ба ҳалокат расидан ва осеб дидани шумораи зиёди одамон бар асари зилзилаи шадид дар кишвари дӯсти Марокаш боиси андуҳи амиқи мо гардид.
Дар робита ба пайомадҳои фоҷиабори ин офати табиӣ, таъзияву ҳамдардии самимии ҷониби моро ба Шумо, пайвандону наздикони фавтидагон ва тамоми мардуми дӯсти Марокаш изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам».