Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ 25,1 дарсад афзуд
Соли сипаришуда ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ тамоюли афзояндаро касб намуда, 7512,9 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки нисбат ба соли қаблӣ 1508,2 миллион доллар (25,1 дарсад) зиёд аст. Дар ин давра содироти мол ба 2330 миллион доллар ва воридот ба 5182,9 миллион доллар баробар гардид. Ҳиссаи содирот дар гардиши савдои хориҷӣ то 31 дарсад зиёд ва воридот то 69 дарсад коҳиш ёфт.
Ин матлабро Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт.
Тибқи таҳлилҳо, дар ин давра нишодиҳандаи содироти ҷумҳурӣ бе назардошти металлҳои қиматбаҳо 1612,6 миллион долларро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2021-ум 43,8 дарсад зиёд мебошад. Аз ҷумла, нишондиҳандаи содироти маъдану консентратҳо 2,1 маротиба, маҳсулоти кишоварзӣ 1,4, дигар металлҳои нимқиматбаҳо (сурма ва маҳсулот аз он), 1,2, алюминийи аввалия, 1,1, металлҳои сиёҳ 1,1 ва неруи барқ 1,1 маротиба афзоиш ёфт.
Зикр гардид, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳо оид бо истеҳсоли барзиёди маҳсулот ҷиҳати воридотивазкунӣ соли сипаришуда воридоти гандум 32,6 ҳазор тонна, равғани рустанӣ 16,4 ҳазор тонна, сабзавот ва баъзе бехмеваҳо 11,9 ҳазор тонна, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ 1,9 ҳазор тонна, маҳсулоти макаронӣ 4 ҳазор тонна ва маҳсулот аз сангу гулгаҷ 112 ҳазор тонна, маҳсулот аз металлҳои сиёҳ 6,8 ҳазор тонна коҳиш ёфтааст.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”
Гулнора Ҳасанова:
“71,8 ҳазор нафар ба омӯзиши касбӣ фаро гирифта шуд”
Гулнора Ҳасанова, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки тайи давраи ҳисоботӣ ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 146,4 ҳазор нафар муроҷиат намуд, ки 110,5 ҳазор нафар ё 75,7 дарсади онҳо ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуд. Аз ин 63,1 ҳазор нафар расман мақоми бекорӣ гирифт. Ҳамзамон, дар доираи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, 71,8 ҳазор нафар ба омӯзиши касбӣ фаро гирифта шуд. Инчунин, тавассути мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 1031 ярмарка баргузор гашта, 10,3 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин шуд.
– Барои дастгирии ташаббуси занону ҷавонон ҷиҳати роҳандозии фаъолияти соҳибкорӣ ба 1,9 ҳазор зан 6,1 миллион сомонӣ ва 1,2 ҳазор ҷавон 4 миллион сомонӣ, инчунин, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ба 906 нафар 3 миллион сомонӣ ёрии молиявӣ пардохт гардид, – гуфт номбурда.
Тибқи иттилои Гулнора Ҳасанова, то 1 декабри соли 2022 музди миёнаи меҳнат дар ҷумҳурӣ 1730,12 сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 204,70 сомонӣ (13,4 дарсад) ва нисбат ба аввали соли 2022-юм 189,31 сомонӣ (12,9 дарсад) афзудааст.
Чаро афзоиши субъектони соҳибкорӣ 2 ҳазор кам шуд?
– Айни замон 72 лоиҳаи сармоягузорӣ мавриди амал қарор дорад, ки ҳаҷми умумии маблағгузории онҳо 40 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Соли гузашта 5,3 миллиард сомонии он аз худ карда шудааст, ки 108 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Ҳанӯз ин нишондиҳанда қонеъкунанда набуда, мо барои ҷалби ҳарчи бештари сармояи дохилию хориҷӣ ба иқтисоди мамлакат тавассути бастани созишномаҳо, баргузории форум-бизнесу чорабиниҳои дигар талош дорем, – изҳор дошт Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ.
Номбурда, инчунин, иттилоъ дод, ки соли рафта барои амалисозии 21 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 717,2 миллион доллар созишномаҳои нав ба имзо расонда шуд. Тибқи “Равзанаи ягона”-и Кумитаи андози назди Ҳукумати кишвар нисбат ба соли 2021 шумораи субъектони соҳибкорӣ ҳамагӣ 1300 адад афзудааст.
Дар посух ба суоли хабарнигори рӯзнома вобаста ба афзоиши ками субъектони соҳибкорӣ дар соли 2022 Саъдӣ Қодирзода изҳор дошт, ки паст будани донишу малакаи соҳибкорон ва азнавбақайдгирӣ сабаби зиёд нашудани онҳо гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки соли 2021 теъдоди субъектони соҳибкорӣ 3500 адад афзуда буд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, “Ҷумҳурият”
СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ 48,3 ДАРСАД БОЛО РАФТ
Ба маълумоти Баҳриддин Сироҷиддинзода, директори Агентии содирот, давоми соли гузашта Тоҷикистон бо 110 мамлакат, аз ҷумла бо 10 мамлакати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 100 мамлакати хориҷи дур, муносибати савдои хориҷиро ба роҳ монда, ба 52 давлат маҳсулот содирот кард. Дар асоси маълумоти оморӣ, дар ин муддат гардиши савдои хориҷӣ зиёда аз 7,3 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли пешӣ 14,9 дарсад бештар аст.
Чуноне иттилоъ дода шуд, порсол аз дохили ҷумҳурӣ ба маблағи 2 миллиарду 142 миллион доллар маҳсулоти ватанӣ содирот гардид, ки дар қиёс ба як соли пеш коҳиш ёфт. Ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатӣ низ нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1,2 дарсад коҳиш ёфта, 2 миллиарду 88 миллион долларро ташкил дод.
Директори Агентии содирот гуфт, ки дар ин давра тибқи маълумоти оморӣ, ба хориҷи кишвар ба маблағи 54 миллиону 299 ҳазор доллар маҳсулоти кишоварзӣ фурӯхта шуд. Ин нишондиҳанда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ беш аз 17,6 миллион тонна (48,3 дарсад) афзуд.
Агентии содирот нақша дорад, ки бо мақсади муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ бо ҷалби сармоягузорони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Туркия, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон Хонаи савдои Тоҷикистон таъсис диҳад.
– Ҳоло бо мақсади муаррифии маҳсулоти ватанӣ, дарёфти бозорҳои содиротӣ Агентии содирот бо корхонаҳои бузурги содироткунанда ҳамкорӣ намуда, нақша дорад, ки маводи таблиғотӣ ва маҳсулоти содиротии корхонаҳои мазкурро дар сомонаи Агентӣ ҷойгир ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва истеҳсолкунандагону содироткунандагони ватанӣ ҷиҳати сари вақт баррасӣ намудани дархостҳои харидорони хориҷии боэътимод тавассути сомона роҳандозӣ намояд, – гуфт Б. Сироҷиддинзода.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
ҲИСОБОТҲОИ ОМОРӢ ПУРРА ЭЛЕКТРОНӢ МЕШАВАНД
Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми соли сипаришуда 10 ҳазору 742 кори оморӣ ба анҷом расонда, ҳисоботҳоро дар шакли электронӣ омода намуд. Корҳои оморӣ бештар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, муҳити зист, савдо ва робитаҳои иқтисодӣ, ҳамчунин, соҳаҳои нақлиёт, алоқа ва хоҷагии манзилию коммуналиро фаро гирифта, маълумотҳо бо тариқи электронӣ дар 62 шакли ҳисобот ҷамъоварӣ карда шуданд.
Ҷамшед Нурмаҳмадзода. директори Агентии омор, изҳор дошт, ки соли гузашта дар мақомоти оморӣ раванди гузариш ба ҳисоботҳои электронӣ босуръат ҷараён дошта, он дар доираи лоиҳаи навкунии низоми миллии омор, ки аз ҳисоби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад, амалӣ мегардад. Аз ин рӯ, дар давоми соли 2023 мақомотҳои оморӣ пурра ба ҳисоботи электронӣ мегузаранд. Айни ҳол мувофиқи маълумоти омори шакли воридоту содирот, дар соли сипаригашта воридоти маҳсулот нисбат ба содирот ба андозаи 2,5 миллиард сомонӣ зиёд буда, ин нишондиҳанда то соли 2030 бо назардошти истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, дучанд зиёд хоҳад шуд. Ҳамчунин, дар соли рафта ба кишварҳои ҳамсоя дар ҳаҷми 3,4 миллиард кВт/соат неруи барқ содирот гардид, ки маблағи беш аз 100 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»
МДТ ДДФСТ
Ҳамкориҳо бештар мегарданд
Муҳриддин Низомӣ, ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турусунзода, дар нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки яке аз дастовардҳои донишкада дар соли 2022 васеъ намудани доираи ҳамкориҳо, аз нав ба имзо расонидан ва тамдиди муҳлати созишномаҳои ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ ба ҳисоб меравад.
Дар ин давра Донишкада бо Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Чувашистон, Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати Беларус, Донишкадаи давлатии фарҳанги Олтой, Консерваторияи миллии Москва ба номи П. Чайковский муҳлати созишномаҳои ҳамкориро барои 5 соли оянда тамдид намуд.
Донишкада бо 42 донишгоҳу донишкадаи хориҷа ҳамкорӣ дорад.
Ҳамзамон, қайд гардид, ки дар Донишкада 3 лоиҳаи илмӣ бо дастгирӣ ва маблағгузории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон амалӣ шуда истодааст.
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”