Соҳибистиқлолии кишвар барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла дар самти рушди илми тоҷик, замина фароҳам овард ва дар асоси он илми сиёсӣ дар Тоҷикистон ташаккулу инкишоф пайдо намуд. Аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ на танҳо дар нақшаи таълимии мактабҳои олӣ таълими фанни сиёсатшиносӣ ҷорӣ шуд, балки сиёсатшиносони тоҷик самтҳои гуногуни рушди давлати миллӣ, амнияти миллӣ, ваҳдати миллӣ, сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон ва мавзуъҳои муҳими давлату давлатдориро мавриди пажӯҳиш қарор доданд. Гузашта аз ин, пажӯҳишгоҳҳои алоҳидаи илмӣ оид ба омӯзиши таҷрибаи давлатдории Пешвои миллат, рушди Тоҷикистон дар самти сиёсати дохилӣ ва ҳам сиёсати хориҷӣ таъсис ёфтанд, ки соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ташкили «Маркази омӯзиши таҷрибаи давлатдории Пешвои миллат» мисоли равшани ин гуфтаҳо мебошанд.
Ҳоло дар мактабҳои олӣ донишҷӯёни тамоми ихтисосҳо бо омӯзиши фанни сиёсатшиносӣ ҷаҳонбинӣ ва дониши сиёсии хешро афзун карда, асли моҳияту табиати сиёсатро ба таври кофӣ дарк менамоянд. Дар баробари омӯзиши фанни сиёсатшиносӣ, донишҷӯён дар чорабиниҳои ҷамъиятиву сиёсӣ иштирок намуда, ҳам назариявӣ ва ҳам амалӣ донишу таҷрибаи иҷтимоиву сиёсӣ пайдо менамоянд. Донишҷӯён дар раванди омӯзиши илми сиёсӣ қоидаҳои муҳимро меомӯзанд; донишҳои сиёсии зарурӣ, арзишҳои сиёсӣ ба даст оварда, меъёрҳоеро дар худ ташаккул медиҳанд, ки онҳо шахсро барои дурустии ҳодисаи сиёсӣ, бовар кардан ва ё накардан, ҳусни таваҷҷуҳ доштан ва ё надоштан, розӣ шудан ва ё нашудан ба ҳар гуна даъватҳои сиёсӣ ва ғайра одат мекунонанд. Бо омӯзиши фанни сиёсатшиносӣ дар зеҳни донишҷӯён дониши сиёсие ташаккул меёбад, ки бо ин роҳ назари шахс нисбат ба падидаву ҳодисаҳои сиёсӣ дигаргун гашта, ӯро аз иштибоҳи сиёсӣ бозмедорад, зеро омӯзиши мавзуъҳои фанни мазкур ҷаҳонбинии сиёсии ҷавонони донишҷӯро инкишоф дода, онҳоро ба огоҳона муносибат намудан дар равандҳои сиёсӣ омода менамояд.
Имрӯз соҳиби маърифати сиёсӣ будани шаҳрвандон, махсусан насли ҷавон, ба яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеа табдил ёфтааст. Бинобар ин, омӯзиши фанни сиёсатшиносӣ на танҳо ба боло рафтани донишу маърифати сиёсии ҷавонон, ҳамчунин, ба инкишофи низоми демократии давлат, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва иҷтимоисозии сиёсии шахс мусоидат намуда, садди гаравиши ҷавонон ба созмонҳои ифротӣ мегардад.
Масъалаи дигаре, ки барои шаҳрвандони кишвар, махсусан ҷавонон, муҳим аст, дарки дурусти моҳият ва аҳамияти истиқлоли давлатӣ мебошад, зеро доштани биниши баланд оид ба истиқлолу озодӣ имкон медиҳад, ки онҳо дар роҳи таҳкиму пойдории он пайваста талошу кӯшиш намоянд. Чунонки донишманди тоҷик Кароматулло Олимов дар ҳамин масъала зикр намудааст: «Истиқлолият ҳамон вақт маъно ва моҳияти воқеӣ ва ҳаётӣ пайдо менамояд, ки ҷомеа, махсусан ҷавонон, бо ҳисси ифтихор онро ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ дарк намоянд, онро асоси хушбахтии худ ва наслҳои оянда донанд». Воқеан, истиқлолу озодӣ барои миллат омили муҳимтарини бақо ва имкони расидан ба орзуву ормонҳои ҳазорсола мебошад. Бо назардошти муҳим будани таҳким ва пойдории истиқлоли кишвар дарку шинохти он аз тарафи шаҳрвандон то ҳадде муҳим аст, ки маҳз маърифати баланди онҳо оид ба моҳият ва аҳамияти соҳибихтиёрӣ ба таҳкимёбии истиқлоли давлатии мамлакат нақши назаррас дорад. Шинохти дурусти истиқлол бо ҳисси худшиносиву ватандӯстии шаҳрвандон алоқаманд мебошад.
Истиқлоли сиёсӣ ва давлати мустақил доштан, барои мардуми тоҷик ормони ҳазорсола маҳсуб мешавад. Ҳоло дар зеҳни насли наврасу ҷавон ташаккул додани ақидаи он ки тоҷикон баробари дусад миллати дигар соҳиби давлати мустақил буда, пас аз шикасти давлати Сомониён баъди ҳазор сол соҳибистиқлол ва соҳиби давлати миллии худ гардидаанд, бисёр муҳим буда, он имкон медиҳад, ки дарки амиқи гузаштаи таърихӣ ташаккул ёфта, ғурури миллӣ ва ҳисси ватандӯстии онҳо боло равад. Истиқлоли давлатӣ доштан боз аз он ҷиҳат низ муҳим аст, ки миллат танҳо дар шароити соҳиби давлати мустақил ва истиқлоли сиёсӣ доштан, озодона роҳи рушди ояндаи худро муайян намуда, арзишҳои миллии худро эҳё ва ҳифз карда метавонад.
Падидаи истиқлолу озодӣ бо соҳибватан будан ҳамрадиф аст. Чун соҳибватании воқеӣ бидуни истиқлолу озодӣ пурра ва комил нест. Зебоиву камоли ватандорӣ дар истиқлоли он ифода меёбад. Аз ин нигоҳ, шахси худшинос ҳамеша дар фикри ҳифзи истиқлолу озодии Ватан аст. Ҳадаф аз таҷлилу баргузории Ҷашни Истиқлоли давлатӣ танҳо маҳдуд шудан бо мавзуи сарфароз гардидани миллат ба истиқлолу озодӣ набуда, ҳамзамон боло бурдани сатҳи маърифату шинохти мардум оид ба аҳамият ва рушди минбаъдаи давлат мебошад. Ҳеч миллат бе истиқлолу озодӣ ба саодати худ намерасад. Миллатҳое, ки ба давлати мустақил ва истиқлолу озодӣ нарасиданд, ҳамеша зери султаи қудратҳои сиёсии дигар зиндагӣ доранд.
Бинобар ин, имрӯз зарурати ҳифз ва таҳким бахшидани пояҳои истиқлоли кишвар ҳамчун омили бақои миллат, озодӣ ва рушди ҳар фард, ҷомеа ва давлат аз тарафи кулли шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, маърифат ва масъулият талаб менамояд. Дар ин самт баланд бардоштани худшиносии миллӣ, ки барои шинохти падидаи истиқлоли давлатӣ имкон медиҳад, кори бисёр муҳим маҳсуб меёбад. Болоравии худшиносӣ ба сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ вобаста буда, он масъулияти баланди омӯзгорон ва шахсони босалоҳияти соҳаро тақозо менамояд.
Шуҳрат САИДЗОДА,
мудири кафедраи сиёсатшиносии
ДДҲБСТ, дотсент