14-уми сентябр дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе вохӯрии панҷуми машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба кори худ оғоз кард.
Ҳамоиши сатҳи баланд дар бинои Қасри миллат баргузор шуд. Сарварони давлатҳои иштирокчӣ ва меҳмонони чорабиниро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимона истиқбол гирифтанд.
Дар вохӯрии панҷуми машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Туркманистон Сердар Бердимухаммедов ва меҳмони фахрӣ – Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ширкат варзиданд.
Сарварони давлатҳо доираи фарохи масъалаҳои мубрами робитаҳо ва дурнамои тавсеаи ҳамкории минтақавиро дар самти таъмини рушди устувори иқтисодӣ, таҳкими заминаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ, ривоҷу равнақи минбаъдаи фазои фарҳангӣ ва гуманитарии минтақа баррасӣ намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, ҳамаи иштирокчиёни вохӯрӣ – сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва дигар меҳмононро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.
Таъкид гардид, ки, ба шарофати кӯшишҳои муштарак, Осиёи Марказӣ пайваста ва босубот ба минтақаи ҳамкории мутақобилан судманд табдил меёбад. Ва аз ҳама муҳим он аст, ки халқҳои мо аз самараи ин кӯшишҳо баҳравар мегарданд.
Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Туркманистон Сердар Бердимухаммедов, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев сухан ронда, ба ҷониби Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ доир кардани ҳамоиш ва натиҷаҳои кори кишвари мо дар давраи раёсат баҳои баланд дода, барои меҳмоннавозии гарму самимӣ изҳори сипос карданд.
Баъди баромади сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш бо навори видеоӣ муроҷиат кард.
Дар ҳамоиш аз ҷониби сарварони давлатҳо Изҳороти муштарак аз натиҷаҳои вохӯрии панҷуми машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба имзо расид.
Ҳамчунин, бо қарори сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ Пешвои миллии мардуми Туркманистон, Раиси Халқ маслахати Туркманистон муҳтарам Гурбангули Бердимухаммедов бо “Нишони фахрии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ” сарфароз гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кори вохӯрии панҷуми машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказиро ҷамъбаст намуда, бори дигар иштирокчиёни ин ҳамоиши сатҳи баландро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.
Дар ҳошияи вохӯрии панҷуми машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ду санади навро имзо карданд: Созишнома оид ба таҳкими ҳамбастагии нақлиёти заминӣ дар Осиёи Марказӣ ва Созишнома байни Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба самтҳои умумии сиёсати ҷавонон.
Дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин аз рӯи натиҷаҳои кори вохӯрии панҷуми машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ барои доираи васеи хабарнигорони дохилу хориҷ бо изҳорот баромад кард.