18-уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк бо Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш мулоқот карданд.
Ҳангоми вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, инчунин, рӯзномаи мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии СММ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ба рушду тавсеаи муносибатҳо бо Созмони Милали Муттаҳид аҳамияти ҷиддӣ медиҳад ва онро яке аз шарикони калидии худ дар арсаи байналмилалӣ мешуморад.
Ҷонибҳо оид ба мушкилоти зиёди сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ташаннуҷи геополитикӣ, даргириҳои мусаллаҳона, хатарҳои терроризму экстремизм, буҳронҳои иқтисодиву молиявӣ, тағйирёбии иқлим табодули андеша намуданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, суръат бахшидан ба амалҳо оид ба Рӯзномаи 2030 саъю талош дорад ва дар ин самт Стратегияи миллии рушдро барои давраи то соли 2030 қабул карда, чандин барномаҳои дигари давлатиро мавриди иҷро қарор додааст.
Дар мулоқот ба Созмони Милали Муттаҳид барои дастгирии пайваста аз ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон изҳори сипос шуд.
Ҳамкорӣ дар самти об, тағйирёбии иқлим ва таъсири оқибатҳои он ба захираҳои об, пешгирии офатҳои табиӣ, рушди иқтидорҳои тавлиди “неруи сабз”, қабули қатъномаи Маҷмаи умумии СММ аз рӯи ташаббуси панҷуми Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо, аз мавзуъҳои асосии вохӯрӣ буданд.
Вобаста ба вазъи Афғонистон таъкид гардид, ки Тоҷикистон тамоми имконоти логистикии худ, аз ҷумла шаш пулро дар марз бо ин кишвар, барои расондани кумаки башарӣ ба мардуми он фаро гузоштааст. Бозорҳои наздисарҳадӣ аз нав ба фаъолият шуруъ карданд. Ба кишвари ҳамсоя неруи барқ, хӯрокворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ содирот мешавад.
Мусоҳибон, ҳамчунин, оид ба дигар мавзуъҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор карданд.