Бо мақсади таъмини аҳолии кишвар бо маҳсулоти ватанӣ, ба соҳибкорон ва истеҳсолкунандагон солҳои охир як қатор имтиёзҳо пешниҳод шуданд, ки ин омил дар навбати худ арзиши маводи озуқа дар бозорҳои кишварро арзон ва дастрас гардонд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ (23 декабри соли 2022) бо назардошти таъмини истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва коҳиш додани арзиши он ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки фаъолияти пурсамари корхонаҳои саноатии давлатӣ ва хусусиро, ки аз кор боз мондаанд ё нопурра фаъолият мекунанд, таъмин созанд. Инчунин, вазорату идораҳои зикршударо муваззаф намуданд, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон дар соли 2023 корхонаҳои равғанбарории шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Конибодомро тавассути муҷаҳҳазгардонӣ бо технологияҳои муосир бо иқтидори истеҳсолии солҳои қаблии онҳо барқарор намоянд.
Тавре Пешвои миллат иброз доштанд, ҳоло талаботи бозори истеъмолии мамлакат аз ҳисоби равғани истеҳсоли ватанӣ ҳамагӣ 22 фоиз таъмин гардида истодааст. Дар сурати ба фаъолият оғоз кардани корхонаҳои зикргардида, талаботи аҳолии мамлакат бо равғани истеҳсоли худӣ беш аз 70 фоиз таъмин мегардад.
Мувофиқи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023” барои фурӯши равғани рустанию боқимондаи коркарди он (кунҷора, шрот-хӯроки паранда ва чорво) андоз аз арзиши иловашуда бо меъёри 10 фоиз муқаррар шуд. Бар асоси қисми 4 моддаи мазкур, Корхонаи воҳиди давлатӣ “Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе” ҳангоми фурӯши молҳои озуқаворӣ, инчунин воридоти маҳсулоте, ки номгӯйи он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, аз андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 фоизи меъёри муқарраршуда озод гардид.
– Ин имтиёзҳои пешбинишуда ба поён рафтани арзиши равған дар мамлакат мусоидат намуд ва бозорҳои ҷумҳурӣ бо нархҳои арзон ва дастрас ба мизоҷон ин навъи маҳсулотро пешкаш менамоянд, – гуфт Парвиз Раҳимов, муовини сардори раёсати хӯроквории Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба гуфтаи ӯ, иқтидори истеҳсолии корхонаҳои равғанбарорӣ дар як сол 100 ҳазор тонна мебошад. Имсол кишти зироатҳои равғандиҳанда зиёд гардид ва зироатҳои равғандиҳандаи истеҳсолгардидаи хоҷагиҳои кишвар бо пайгирии мақомоти маҳал ва масъулон бо нархҳои дастрас ба корхонаҳои истеҳсоли равған равона гардид.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки чанд моҳ қабл 5 литр равғани рустанӣ то 120 сомонӣ арзиш дошт, ҳоло бошад, ин нарх бамаротиб (80-90 cомонӣ) поён рафтааст. Албатта, ин ҳама иқдомҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ барои дастгирии соҳибкорону истеҳсолгарон хело мақсаднок ва муфид буда, барои боз ҳам зиёд гардондани маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифату дастрас мусоидат менамояд.
Руҳафзо МУРОДОВА, “Ҷумҳурият”