ПРОБЛЕМА ВА МУЛОҲИЗА
Чуноне мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, дар ин самт ҳанӯз ҳам мушкилиҳо ҷой доранд. Саволи матраҳ ин аст, ки либосҳое, ки дар корхонаҳои ватанӣ истеҳсол мешаванд, оё ба талаботи сифати стандартӣ ҷавобгӯянд?
Дар таъмини аҳолӣ бо либоси мактабӣ ҶДММ ИИ “Нассоҷии тоҷик”-и шаҳри Душанбе, “Кота Глобал”-и шаҳри Бохтар, “Умеди Сафия”-и шаҳри Турсунзода, “Кохи бонувон”-и ноҳияи Дарвоз, “Коргоҳи дӯзандагии Амир компания”-и шаҳри Хуҷанд ва ғайраҳо пешсаф буда, барои таъмини бозор бо маҳсулоти худӣ мусоидат менамоянд. Аз Вазорати саноат ва технологияҳои нав маълумот гирифтем, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ 80 корхона ба дӯхти либоси мактабӣ машғул буда, истеҳсоли беш аз 3,2 миллион дона дар соли хониши 2023-2024 пешбинӣ шудааст. Давоми моҳҳои январ-июли соли равон аз ҳисоби корхонаҳои дӯзандагии кишвар беш аз 1 миллиону 730 ҳазор либоси мактабӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 527 ҳазор адад кам мебошад. Сабаби асосии поёнравии истеҳсол дар анборҳои баъзе аз корхонаҳо захира мондани либоси мактабӣ аз соли гузашта мебошад. Чунончи, имсол фурӯши либосҳои мактабӣ аз захираи соли қабл, ки беш аз 413 ҳазор боқӣ монда буд, ба роҳ монда шуд. Тайи ҳафт моҳи соли равон сатҳи таъмини хонандагон бо либоси мактабии истеҳсоли ватанӣ, дар маҷмуъ, ба 17,4 дарсад (писарон 16,1 ва духтарон 18,8 дарсад) баробар мебошад.
АЗ ОВОЗА ТО ҲАҚИҚАТ
Ҳар сол барои дӯхти либоси мактабӣ муассисаҳои таълимӣ бо пешниҳоди шуъбаи маориф ва зодмандон бо корхонаҳои дӯзандагӣ шартнома мебанданд. Ҳар шаҳрванд ҳуқуқи бастан ё набастани шартномаро дорад, он маҷбурӣ нест. Харидор метавонад либоси мактабиро мутобиқи меъёрҳои муайянгардида аз бозор ё марказҳои хизматрасонии дигар харад. Дастгирӣ намудани корхонаҳои истеҳсолии ватаниро зарур мешуморем, аммо на маҷбурӣ. Паҳлуи дигари мавзуъ он аст, ки оё масъулон, ақаллан як маротиба маводи корхонаҳои дӯзандагиро аз санҷиш гузарондаанд? Чӣ қадар маҳсулот, астарӣ, тугма, зиреҳ ва дигар ашёҳо барои дӯхти либоси мактабӣ сарф шудаанд ва оё дар анборҳо боз захира доранд?
Чанде пеш Муродалӣ Хоҷаев, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки панҷ хонанда дорад, ба мо арз кард:
– Нархи либоси мактабӣ дар ярмаркаҳо чандон арзон нест, вале, бинобар талаб кардани «чек»-и онҳо аз муассисаҳои таълимӣ, маҷбурем маҳсулоти ватанӣ бихарем.
Аз гуфтаи ин падар маълум мегардад, ки дар интихоби либоси мактабӣ волидон ҳанӯз ҳам ба душвории зиёд рӯ ба рӯ мешаванд. Аксари оилаҳои мо серфарзанданд. Либоси калониро хурдӣ истифода барад мешавад, аммо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ин ҷиҳати масъала эътибори ҷиддӣ намедиҳанд. Киро намефорад, ки ҳар сол барои кӯдакони худ либоси нав бихарад. Ин амал ба имкониятҳои иқтисодии оила бастагӣ дорад.
Сокини ноҳияи Рӯдакӣ Ҳидоят Табарова мегӯяд, ки либоси пешниҳодкардаи корхонаҳои ватанӣ сифат надорад. Нархаш ҳам гарон. Дар дарёфти андозаи онҳо низ, ба мушкилӣ дучор меоям. Барои мо либос босифат бошаду чанд сол хизмат кунад. Фарқаш нест, ки моли куҷост.
Тӯйчибек Қурбонов, сокини ноҳияи Фирдавсӣ, бесифатии либоси мактабии истеҳсоли маҳаллиро тасдиқ карда гуфт:
– Соли гузашта барои духтару писарам либоси мактабии истеҳсоли ватаниро харидам. Баъди чанде шустем, ранги матоъ оби тозаро кабуд карду сифаташ паст шуд, ҳам дарзмол намешавад. Чаро либосҳои дӯхти худӣ пастсифатанд? Оё сифати либосҳоеро, ки дар корхонаҳои ҷумҳурӣ истеҳсол мешаванд, касе назорат намекунад?
Дар деҳот ҳам чунин мушкилро падару модарон доранд.
– Агар оилае, ки аз се фарзанди мактабхон зиёд дошта бошад, наметавонад ҳар сол либоси бесифатро ба 300-450 сомонӣ бихарад. Барои сифати баланд доштани маҳсулоти ватанӣ бояд ниҳодҳои марбутаи давлатӣ сари вақт чора андешанд, – гуфт Заррагул Ҳайдарова, сокини деҳоти Машъали ноҳияи Вахш.
Аз гуфтаҳои ҳамсуҳбатон бармеояд, ки фарзандонашон наметавонанд давоми сол ҳамон як либосро пӯшанд. Барои онҳо ин як мушкили ҷиддӣ аст. Агар сифати маҳсулоти ватании мо хуб бошад, мардум либоси хориҷиро намехарад.
Ҳоло нархи як либоси сегонаи мактабии истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ 150 -350 сомонӣ мебошад.
МАСЪУЛОН ЧӢ МЕГӮЯНД?
Ба гуфтаи истеҳсолкунандагони маҳаллӣ, моли корхонаҳои онҳо нисбат ба маҳсулоти хориҷӣ арзонтар аст. Барои мисол, дар корхонаи «Нассоҷии тоҷик» се навъи матоъ: сифати олӣ, миёна ва паст истеҳсол мешавад. – Нархи либосҳо вобаста ба матоъ, модел ва навъашон аз ҳам фарқ карда, дар муқоиса ба либосҳои мактабие, ки аз хориҷа ворид мешаванд, пасттар аст, – мегӯяд, сардори шуъбаи кадрҳои ҶДММ ИИ «Нассоҷии тоҷик» Шифо Собиров.
Маълумот гирифтем, ки корхона соли гузашта беш аз 255 ҳазор ва давоми шаш моҳи соли равон зиёда аз 107 ҳазор дона либоси мактабӣ дӯхтааст.
– Корхона нақша дорад, ки соли равон тавлиди либоси мактабиро афзуда, ба маблағи беш аз 10 миллион сомонӣ расонад. Аммо, тибқи мушоҳидаҳо, новобаста аз истеҳсоли барзиёди либоси мактабӣ, харидор кам аст, зеро дар баъзе оилаҳо хонанда як либосро ду сол истифода мебарад. Либосҳои мактабӣ дар асоси шартномаи корхонаи истеҳсолӣ ва шуъбаҳои маорифи ноҳияҳо дӯхта мешаванд, – гуфт Шифо Собиров.
Бояд иқрор шуд, ки корхонаҳои маҳаллӣ ҳанӯз барои иҷрои пурраи талабот омода нестанд. Албатта, дар мавриди дӯхти либоси мактабии духтарон мушкили ҷиддие нест. Мутаассифона, бо сабаби нарасидани таҷҳизоти нав, мутахассисони соҳибкасб ва тарроҳон дӯхти либоси мактабии писарон, яъне шиму костюм, хуб роҳандозӣ нашудааст. Инчунин, дар корхонаву коргоҳҳои дӯзандагӣ таҷҳизоти муосири истеҳсоли тугма вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, ҳамасола барои пурра қонеъ намудани талаботи писарон ба либоси мактабӣ маблағҳои зиёде аз ҷумҳурӣ берун мераванд, зеро талабот ба матои хориҷӣ зиёд аст. Матои камсифати маҳаллӣ бошад, дар анборҳо “захира” мешавад.
Акмал Шарифов, муовини сардори раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияҳои нав, мегӯяд, ки матоъҳои хориҷӣ ҳар кадоме ба худ характеристикаи мушаххас доранд. Матои босифат, ки дар таркибаш пашм, пахта ва полиэфир дорад, албатта, гарон аст. Талаботи корхонаю коргоҳҳо вобаста ба фармоиш муайян мегардад. Чӣ қадар фармоиш зиёд бошад, талабот ба матоъ ҳамон қадар бештар мешавад.
– Ҳоло корхонаҳои дӯзандагӣ, дар маҷмуъ, қариб 15-20 дарсад бо матои худӣ таъмин буда, беш аз 80-85 дарсад аз хориҷа, аз ҷумла аз кишварҳои Чин, Туркия ва Беларус, ворид мешавад. Бо ин мақсад, дар ҶСК “Гулистони Душанбе” дастгоҳу таҷҳизоти нав аз давлатҳои Италия, Белгия, Туркия, Чин ва Япония ворид ва васлу насб гардиданд, ки барои дӯхти шиму костюми мардона истифода мешаванд, – гуфт мутахассис.
Бо мақсади амалӣ намудани истеҳсоли маҳсулоти босифат аз ҷониби Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо стандарти «Либосҳои мактабӣ. Шартҳои умумии техникӣ» бо қайди давлатии СТҶТ 1110-2018 таҳия гардида, ба корхонаю коргоҳҳои соҳа ҷиҳати дар асоси он истеҳсол намудани маҳсулот пешниҳод шудааст. Стандарти мазкур барои либосҳои мактабие, ки аз матоъҳои омехтаи синтетикиву табиӣ (пахтагину пашмин ва абрешим) омода мешаванд, талабот муқаррар кардааст.
Темурҷон Абдулваҳҳобзода, директори Агентӣ, яке аз сабабҳои асосии паст будани сифати либоси мактабиро дар истифодаи матои ба талаботи муқаррарнамудаи стандарти СТ ҶТ 1110-2018 «Либосҳои мактабӣ. Шартҳои умумии техникӣ» ҷавобгӯ набуда рабт дода, гуфт: – Талаботи ҳамроҳсозии нахҳои иҷозатдодашуда ва риштаҳои синтетикӣ риоя намешаванд. Сифати либоси мактабӣ аз матои истифодашаванда барои дӯхти он бастагӣ дорад. Аз ин рӯ, дар стандарти мазкур талаботи асосӣ ба матои истифодашаванда муқаррар гардидааст. Аз ҷумла, дар асоси талаботи стандарти пешниҳодшуда ҳамроҳсозии нахҳои иҷозатдодашуда ва риштаҳои синтетикӣ дар либосҳои мактабӣ набояд аз 30-35 дарсад дар маҳсулоти навъи нимтанаи занона ва куртаи мардона ва аз 40 дарсад дар маҳсулоти навъи костюм ва куртаворӣ зиёд бошад. Матои астарӣ бояд аз нахи табиӣ ва (ё) сунъӣ (вискоза) тайёр шавад. Либоси мактабӣ аниқ саҳеҳ пора шавад, ки ба фишори болоии бадан роҳ надиҳад ва озодона ҳаракат намуданро таъмин намояд, инчунин, роҳати гармии баданро бо назардошти фасли сол таъмин созад.
Бо мақсади таъмини иҷрои талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ оид ба сифати либоси мактабӣ пайваста бо корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ, аз ҷумла семинарҳои омӯзишӣ гузаронда, масъулон бо нусхаи стандарти давлатии либоси мактабии СТ ҶТ 1110-2018 «Либоси мактабӣ. Шартҳои умумии техникӣ» таъмин мешаванд. Ҳамкорӣ бо Иттифоқи бахши хусусии Тоҷикистон низ, дар ин самт ба роҳ монда шуда, ҳар сол дар мизҳои мудаввар бо масъулони коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд, ки бо ибтикори Иттифоқи мазкур баргузор мегарданд, мутахассисон иштирок карда, оид ба талаботи стандарти давлатӣ баромад менамоянд. Ба иштирокдорон нусхаи стандарт тақдим ва барои беҳтар намудани сифати либосҳои мактабӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба анҷом расонда мешаванд.
ХУЛОСА
Гуфтан мумкин аст, ки дар самти баланд бардоштани сифат ва рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ бисёр монеаҳо садди роҳанду ҳалли саривақтии худро тақозо доранд. Ин ҷо чанд пешниҳод менамоем, ки ба манфиати кор хоҳанд буд. Пеш аз ҳама, дар дохили ҷумҳурӣ ба роҳ мондани истеҳсоли матоъҳои костюмворӣ, астарворӣ ва куртаворӣ зарур мебошад. Дастгирии ин раванд ҷиҳати додани имтиёзҳои молиявӣ, таъсиси гурӯҳи корӣ оид ба назорат ҳангоми тақсимоти либоси мактабӣ дар муассисаҳои таълимӣ, воҳиди ченаки либоси мактабӣ ба ҷои ченаки “дона”, ченаки “маҷмуъ” интихоб карда шавад, зеро баъзе шаҳру ноҳияҳо ва корхонаҳои истеҳсолӣ бо шумораи яке аз намуди либоси мактабӣ, аз ҷумла галстук, нақшаро иҷро мекунанд. Ҳангоми қабули либоси мактабӣ бо ченаки маҷмуъ шумораи хонандагони бо либоси мактабӣ таъминшударо бояд муайян кард. Ҷалби сармояи хориҷӣ, дар дохил ба роҳ мондани коркарди ашёи хом ва таъмини корхонаҳои истеҳсолӣ бо ашёи хом, ҳамоҳангии фаъолияти вазорату идораҳои дахлдор ва корхонаҳои истеҳсолӣ, амалӣ кардани чорабиниҳо мувофиқи мақсад мебошад.
Мусаллам аст, ки дар шароити ҳассоси муносибатҳои геосиёсӣ, авҷ гирифтани бархӯрдҳои тиҷоратӣ ва таҳримҳо байни кишварҳои абарқудрати ҷаҳон гузоштани заминаҳои мусоид барои рушди истеҳсолоти саноатӣ, молу маҳсулоти баландсифат, афзоиш додани содирот ва пайдо кардани мавқеи сазовор дар бозори ҷаҳонии молу хизматрасонӣ ниҳоят муҳим аст. Аз ин рӯ, яке аз омилҳои беҳтар кардани сифати маҳсулот, бахусус либоси мактабӣ, ворид намудан ва истифодаи васеи технологияҳои инноватсионӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти соҳибкорон, қобилияти идоракунии онҳо, ҷорӣ намудани усулҳои муосири менеҷменти сифат ва омодасозии кадрҳои баландихтисос, аз ҷумла тарроҳон, технолог-конструкторон, бозоромӯзон ва мутахассисон оид ба назорати сифати маҳсулот омилҳои асосии ноил шудан ба рушди ҳадафҳои минбаъдаи соҳа ба ҳисоб мераванд. Инчунин, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо бо аҳолӣ дар самти хариди либоси мактабии ватанӣ ҳамкории зичро ба роҳ монда, бо ин амал метавонанд ба рушди соҳа мусоидат намоянд.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”