Меҳмони навбатии рӯзномаи «Ҷумҳурият» Кароматулло Олимов, адиб, муҳаққиқ, файласуф, сиёсатшинос, академики АМИТ, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино буданд. Вохӯриро Қурбоналӣ Раҳмонзода, сармуҳаррири рӯзнома, ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Кароматулло Олимов яке аз чеҳраҳои шинохта ва маҳбуби кишвар мебошанд. На танҳо дар таҳқиқи андешаҳои бунёдсози олимон, шоирон, аҳли тасаввуф ва таҳияву нашри осорашон саҳми назаррас гирифтаанд, балки дар муаррифии дастовардҳои миллӣ, мероси бойи гузаштагони барӯмандамон дар арсаи ҷаҳон нақши носутурданӣ гузоштаанд. Ҳамчунин, дар тарғибу ташреҳи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барқарориву пойдории сулҳи деринтизор бо фаъолияти густурдаашон дар Комиссияи оштии миллӣ донишу таҷрибаашонро бедареғ сарф кардаанд.
Суҳбат хотирмону арзанда, дар фазои озод сурат гирифт ва иштирокдорон дар баробари ошноӣ бо зиндагинома, фаъолияти эҷодӣ ба пурсишҳояшон дар атрофи мавзуъҳои вазъи илми академии тоҷик, ҷаҳонӣ сохтани он, пайванди илму амал, ҳимояи рисолаҳои илмӣ, тарбияи шогирдони асили соҳаҳои гуногуни илми академӣ, шинохти дурусти вазъи мураккаби ҷаҳон, ғаразҳои нопоки бархе аз сиёсатмадорони хориҷиву ҷалби ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои ифротӣ, ташкилотҳои террористӣ, суҳбати муфассалу муфид намуданд.
Аз ҷумла, зикр карданд, ки «Ҷаҳони имрӯз пурхатар ва ҳатто фоҷиабор аст. Неруҳое ҳастанд, ки ҳавасманди кам кардани аҳолии Замин аз тариқи тиҷорати силоҳҳои маргбору маводи мухаддир ва ангехтани ҷангҳову ошӯбҳо мебошанд. Воситаҳои гуногун, аз ҷумла идеологияи инсонбадбинӣ, ихтилофангезӣ, миллатгароии шовинистӣ, бартариҷӯии динӣ ва мазҳабиро истифода менамоянд. Яке аз роҳҳои амалисозии ин нақшаи ҳалокатовар тира кардани мағзи ҷавонон ва талқини онҳо ба амалҳои харобкорона мебошад».
Мавсуф дар охир иброз дошт, ки ба қадри сулҳ, амният, ваҳдати миллӣ, Истиқлоли давлатӣ, арзишҳои миллӣ ва заҳмату талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд бирасем. Инчунин, миллати куҳанбунёду мутамаддинамонро боз ҳам пешрафтатару дар арсаи олам шоистатар муаррифӣ бинамоем.
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»
PS. Фишурдаи суҳбат дар шумораи оянда барои хонандагони рӯзнома нашр мегардад. Инчунин, ба воситаи ютубканали рӯзнома намоиш дода мешавад.