Ҳар қадар дар бораи бузургон ҳарф занем, боз ҳам кам аст, зеро чунин инсонҳо ҳамеша фавқулода ва пешгӯинашаванда боқӣ мемонанд. Амалҳои онҳо ба доираи баҳс намегунҷанд. Барои онҳо омӯзгор худи зиндагист.
Аз ҳамин табор аст қаҳрамони мо – Ҳошим Гадо, Ҳунарманди халқии СССР, профессор, соҳиби даҳҳо унвонҳои ифтихорӣ ҳамчун ҳунарманд ва коргардон. Ӯ дар чанд соли охир бо гардиши тозае ба фазои адабиёт пайваст, «шамшери Суҳробро ба қалам иваз кард». Ӯ ҳамеша саргарми кор аст, пайи ҷустуҷӯи эҷодист. Барои ӯ вақт ва замон вуҷуд надоранд, зеро нек медонад ва ба ёд дорад: «Бояд шитоб кард, бояд ба ҳама кор вақт ёфт, зеро умр ҷовидонӣ нест», вале андеша, муаммо дар сар бешуморанд. Ӯ фикру мулоҳизаҳоро дар коғазҳои сапед беист мекорад, шабу рӯз, онҳоро дар китобҳои шавқовар ба ҳам меорад – ҷилд-ҷилд. Имрӯз бо шавқ ва бесабрӣ ба даст маҷмуаеро гирифтам иборат аз чор китоб: ҷилдҳои 587, 588, 599, 600.
600 ҷилд! Намедонам, аммо кӣ дар замони мо ба ҳамин миқдор китоб навиштаву ба нашр расондааст?! Бешубҳа, сазовори «Гиннес» аст! Бештари китобҳои алоҳидаи ӯро хондаам. Бисёриҳоро як савол ором намегузорад: Ҳошим Гадо дар бораи чӣ менависад? Охир, дар дунё адибони маъруфу бузург бешуморанд, муъҷизаофариниҳои адабиёти классикиро поён нест, боз дар бораи чӣ навиштан мумкин бошад?! Ин муаллифро чӣ ба ҳайрат оварда бошад? Чӣ ҳарфи тозае дар китобҳояш ҳаст?
Баъди таҳлил ва дақиқ кардани хусусияти вижаи навиштаҳояш гуфтаниам: Ҳошим Гадо дар китобҳояш дар бораи эҷодиёти худ дар кинову театр, гузаштагони барӯманд, файласуфону ҳакимон, шоирону нависандагон, сарлашкарони асрҳои мозӣ, шоҳону амирони замони қадим, пажӯҳишгарону ихтироъкорон, оҳангсозон, мусаввирон, драматургону ҳунармандони бузург, ҷаҳонгардони маъруф менависад. Назару баҳои худро ба зиндагии муосир, театрҳои кишварҳои гуногун, чашмандозашро ба актёрҳои садаи ХХI менигорад.
Гоҳо Ҳошим Гадо асарҳои романтикӣ низ менависад, ба онҳо шеърҳои хуби худро ҳамроҳ мекунад, масалҳои пурлутф ва тамсилҳои аҷибро илова мекунад. Ҳамзамон, бо дарду гудози хосса кӯдакиҳо, ҷавониҳо ва замони донишҷӯии бебаҳои худро дар шаҳри Москва дар шакли очерки тарҷумаиҳолӣ ёд мекунад. Хотираву қиссаҳои ӯ дар мавриди наворгирии филмҳо, басаҳнагузории намоишҳо, вохӯриву ҳамкориҳо бо шахсиятҳои машҳури олами ҳунар шавқоваранд.
Дар замони худ асарҳои калони қайдҳои пешвоёни маъруфи санъат, мунаққидон, рӯзноманигорон ва тамошогарони одӣ дар бораи эҷодиёт ва даҳои ӯ ҷамъ шудаанд, ки мо дар китобҳояш мебинем. Онҳо баргҳои нозуки зудпошхӯрандаи садбарг нестанд, балки бештар гулхорҳое ҳастанд, ки дили моро гоҳо хуншор мекунанд.
Дар ҳайратам, ки як одами солхӯрда, бознишаста чӣ гуна метавонад ба ин шумораи зиёд китоб нависад?!
Зуд ба ёдам Стаханов расид, коргари кон дар замони шуравӣ. Ӯ машҳури дунё гашта буд, бо меҳнатдӯстӣ, қудрати аз қаъри замин кандани ангишти бешумор, он қадар зиёд, ки касе то ҳол ба ин миқдор ангишт накандааст. Ҳошим Гадо ҳамон гуна Стаханови дигарест дар адабиёт! Мо ҳоло қудрати сарфаҳми тавоноии ҳунари ӯро надорем, танҳо як чиз мусаллам аст, ки то ҳанӯз дар ҷаҳон касе гирифториву ошиқии кори ҳунарии ӯро дар саҳнаи театр ва кино, бозидан дар сад нақши гуногуни мухталифхислат, намоиши саҳнаи бемонанди «Эдип»-ро бештар аз 100 маротиба такрор накардааст. Пас аз 10, 12, 16-ум маротиба ба иҷро расондани нақши Шоҳ Эдип бисёриҳо аз хунрезӣ ба мағзи сар мубталои марг шудаанд. Эдипи мо – Ҳошим Гадо, сад шукри Худо, ки зинда монд. Пайдост, ки тамрини бамеъёру пайваста, худтарбиякуниву бо худ кор гирифтан, машқи бадан, машғул будан бо ирфони махсус мадад кардаанд, ки баъди офаридани нақшҳои Ҳамлет ва Эдип – «нақшҳои қотил» зинда бимонад.
Ростӣ, кори нависандагӣ ҳам ба ҷуз аз кори фикрӣ, инчунин, фишори ҷисмонӣ дорад. Обутобёбӣ, ҷонсахтӣ, худфарсоиву қурбониҳои Ҳошим Гадо дар ниҳоят ӯро пирӯз кардаанд. Медонем, ки Ҳошим Гадо сари масъалаҳои хурду реза фикр намекунад, назар ва меъёри санҷиши ӯ ҷаҳонист.
Шиорашро баъди мутолиаи китобҳои ӯ ин гуна дарёфтем: «Метавонӣ, бинавис, наметавонӣ, ҳаргиз нанавис. Нависӣ ҳам, чунин бинавис, ки туро хонанд ва дарк созанд».
Навиштори ӯ мулоим, равон ва пай дар пай асту суҳбати самимии ду фардро ба ёд меорад: нависанда ва хонанда. Хонанда худро иштирокдори аксари ҳодисаҳои тасвиршуда дармеёбад. Гоҳо муаллиф ботинан ҳис мекунад, ки хонанда нақлу тавзеҳи бештар мехоҳад. Ин аст, ки ба равшаннамоӣ мепардозад, мисли варзишгари (гимнасти) моҳир тавассути асбоби машқ амалҳои нозукро иҷро карда, аз мавзуъ ба мавзуъ, аз мавқеъ ба мавқеъ мегузарад ва ин моро хуш меояд. Мо ҳайрони чолокӣ ва тавоноии бахудҷалбсозии ӯ мешавем.
Ҳошим Гадо барои ба вуҷуд наомадани нобовариву шубҳа байни адабиётшиносони эътирофшуда, адибон, дар ҷилди нахустини китоби аввалаш зикр кардааст, ки ӯ даъвои нависандагӣ надорад, балки худро «газофгӯй» мешуморад. Бо хоксорӣ ва хиҷолат таъкид мекунад, ки воридшавии ӯ ба олами адаб бо фармони дил сурат гирифтааст. Неруе ӯро мефармояд: хома бигиру бинавис! Маҳз ёру дӯстон ва шогирдон хостаанд, ки қиссаву саргузашт ва назари худро ба оламу одам сабт кунад, аз орзуву омол, ҳиссу ҳаяҷоне, ки сиришти ӯро ҳамеша ба изтироб меоранд, нависад, ба баҳсҳои ӯро ором намегузошта бо сухан посух диҳад. Ва чунин ҳам шуд, ормонҳои дили Ҳошим Гадо ба 600 ҷилд расид, вале ин ҳанӯз охири ҷода нест. Инак, дигар мо розӣ нестем, ки бигӯяд: ман нависанда нестам! Ӯ нависанда аст, на ёвагӯ! Бале, такрорҳое мешаванд, ки намаки сухананд.
Биёед, иқрор шавед, дар шумо ҳам эҳсоси гуфтану навиштани саргузашт ё қиссаи шӯрангези ҳаётатон ғалаён накардааст? Агар мегӯед, не, хато мекунед, боварнокарданист. Ҳама одамон саргузаштҳои худро аввал ба одамони наздик, хешу пайвандон, дӯстон, ошноёну ҳамсоягон нақл мекунанду ба навиштани он ҷуръат ва ҳавсала надоранд, аммо Ҳошим Гадо менависад…
Аз бештари эҷодиёти ӯ ҳайратзада шудам. Навиштаҳои ӯ то умқи дили ман рафта мерасанд. Масалан, қиссаи ӯ «Маҷлиси вуҳуш» («Собрание животных»). Ман ин қиссаи тамсилиро навид меҳисобам, зеро дар мисоли ҳайвонот ҳалли масъалаҳои башарӣ сурат мегирад. Агарчи ин маҷозу рамз аст, вале бисёр ба ҳақиқат наздик! Аллакай, дар мақолаи худ «Нусрати Ҳошим Гадо» («Триумф Хошима Гадо») навиштам, ки ба ман бештар кӯтоҳнавиштаҳои ҳикматноки ӯ таъсир расонданд: «Хобҳо» («Сны»), «Боғбон» («Садовник»), «Магас» («Муха»), «Ятимӣ» («Сиротство»). Шахсан барои ман ин навиштаҳо шигифтоваранд, сенарияҳои тайёранд барои намоишҳо ва наворгирии филмҳо. Бубинед, чиро мефаҳмонанд қиссаҳои ӯ «Гунҷишкак» («Птичка») ва «Дар бораи гов» («О корове»)? Дар куҷо монанд ба ин қиссаҳоро хондаед? Муаллиф бо «Гунҷишкак» моро панду ҳикмат мебахшад, ки барои дарки зиндагӣ зарур ва ҳатмист. Вақте дар бораи гов ва писарак мехонед, ашк аз чашмҳо фаввора мезанад, мардҳои қавӣ ҳам наметавонанд худро боздоранд, дили занҳо бошад, метаркад. Ҳарчанд муаллифи мо ин қиссаҳоро аз рӯзгори ятимии хеш овардааст, аммо ту мехонӣ, мегирйӣ ва ба андеша фурӯ меравӣ: чӣ тавр як кӯдаки кӯчаку танҳо, қатраяке аз баҳр, гарди ноаён метавонист ба по хезад, ба балоғати ҷисмониву фикрӣ расад ва ба устоди нотакрору бузурги санъат табдил ёбад?!
Ба таври ҷудогона мехоҳам доир ба «Эҳдо ба Фирдавсӣ» («Посвящении Фирдоуси») ҳарф занам. Медонем, ки Суҳроб– қаҳрамони «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ қисми ҷудонопазири зиндагии Ҳошим Гадо шуд. Бо ин нақш ҷавонии актёр, бархостан, шуҳрат ва аз чӯҷаяки якрав ба уқоби бошукӯҳ табдил ёфтани ӯ марбут аст. Дар нақши Суҳроби устурасоз Ҳошим Гадо порае аз дили хешро ниҳодааст. Барои ҳамаи тамошогарон ин нақш вурудномаи Ҳошим Гадо ба дунёи беканори ҳунар буд. То филми «Рустам ва Суҳроб» ӯ дар бисёр нақшҳои таърихӣ чеҳра намуда, мустақилона намоишҳо ба саҳна гузошт ва баҳои баланди мардум ва мутахассисони санъатро сазовор гардида буд, аммо Ҳошим Гадо нақши Суҳробро барои худ аз дигар корҳои эҷодӣ волотар, муҳим ва сарнавиштсоз медонад. Шоҳ Эдип баъдтар ба корномаи ӯ ворид шуд. Дар бораи ҷузъиёти нақши Эдип худаш дар китоби «Эдипи ман» («Мой Эдип»), «Суҳроби ман» («Мой Сухроб»), «Суҳроби афсонавӣ» («Легендарный Сухроб») батафсил навиштааст.
Дар чандин китобҳои дигар ӯ ба ин образ баргаштааст, аз баҳогузории санъатшиносону тамошогарон истифода бурдааст. Аммо дар ҳар китоб ин вожа (Суҳроб) ба оҳангу савти нав шунидаву навишта мешавад, гӯиё ин образ ба ҳама лаҳзаҳои рӯзгораш пайвандии ноаёне дорад.
Китобҳои ӯ аз ҳаҷви боназокат орӣ нестанд. Ҳошим Гадо барои он ки хонандааш дилгир нашавад, гоҳу ногоҳ байни матнҳои ҷиддӣ масалҳои шавқангезу хандаоварро ворид мекунад. Аз ҷумла, дар «Зоғ ва рӯбоҳ» («Ворона и лисица»), «Рӯбоҳ ва ангур» («Лисица и виноград») матнҳои пур аз масалҳои И. Криловро бо дигар хел бофтану тофтан дохил менамояд.
Дар ин бора Ҳошим Гадо мегӯяд: «Ин масалҳо ба И. Крилов аз масалнависи маъруф Эзоп «расидаанд». Масалҳои шӯрангез дар миёни суханҳои ҷиддӣ ба хонанда роҳат мебахшанд. Ё ин ки чунин шеърҳо, мисли «Эй коҳ, маро дор» («Держи меня, соломинка»), «Ботлоқ» («Болото») ва боз чандин шеърҳо, ки ҳама дар ҷои худ меоянд.
Бояд зикр кунем, ки шоирони мо дар тавсифи ҳунару шахсияти Ҳошим Гадо шеърҳои бисёре навиштаанд ва ҳама бо мамнуният дар китобҳои гуногуни ӯ ҷойгир шудаанд.
Бархе бар он гумонанд, ки Ҳошим Гадо як одами ғалатӣ аст, ҳатто ноҷӯр. Одамӣ то ҳанӯз ин гуфтаи Офаридгорашро нафаҳмидааст: «Макуш», яъне чӣ? Ҷанг макунед ва ҳамдигарро аз хатарҳо нигаҳ доред. Одамгарӣ чист? Гоҳ он ҷову гоҳ ин ҷо ҷангу хунрезӣ, инқилобу хезиш. Чаро ҳалли масъалаҳо тавассути якдигарфаҳмиву дӯстӣ сурат намегиранд? Магар куштани якдигар ҳалли қазия аст? Ман чунин фалсафаи осоиштагиро намебинам ва касе ба ман дурустии ин роҳҳалро исбот карда наметавонад! Бо сӯзиши дилу ҷон Ҳошим Гадо хитоб мекунад: «Ман сиёсатшинос ё иқтисоддон нестам, аммо қатъиян медонам ва бовар дорам, ки пул ҷаҳонро ба нестӣ бурд! Ба ҳамаи сарварони кишварҳо муроҷиате дорам. Биёед, сари мизи муколама нишинед ва ба қароре оед, ки дар олам як намуди пул гардиш кунад, тавлиди яроқҳои ҷангиро қатъ кунед, он ҳама маблағҳои ҳангуфти дар ин роҳ сарфшавандаро барои омӯзишу парвариши насли нав сарф кунед, бигзор он ҳама пули ба ҷанг сарфшаванда барои саломатӣ, нобудии бемориҳои табобатнашаванда ва беҳтар кардани шароити рӯзгори одамҳо масраф гардад. Маҳз дар чунин ҳол Сулҳ дар тамоми олам ҷойгоҳи шоистаи худро меёбад. Ин ҳама ягон мушкилӣ надорад, амалишаванда асту бас!»
***
Чиро мехоҳад Ҳошим Гадо? «Ман, Ҳошим Гадо, орзу дорам, ки дар Замин ҷанг хотима ёбад. Мехоҳам, ки чир-чири парандаи қалби ман то ба подшоҳони ҳамаи кишварҳо расад, онҳоро аз хоби ғафлат бедор кунад, ин садо водорад, то барои беҳбудии башарият хидмат намоянд. Маҳз дар чунин ҳол Сулҳ дар рӯи дунё батамом ҳукмрон мешавад!».
Ҳамин тавр, орзу кард ва навишт Ҳошим Гадо.
Нашри китоб кори аз ҳама мушкил ва гаронарзиш барои нависанда аст. Ҳошим Гадо бо ранҷи азим тавассути талоши ғайриқобилиқиёс, бо лутфи Худо, бо ёрии одамони беғараз ва бомуҳаббат ба навиштаҳои ӯ тавонист 600 ҷилд китоб нашр намояд. Китобҳои аҷоиб сиришта аз донишҳои хеш аз зиндагӣ, мушоҳидаҳои имрӯз барои чашмандозии фардо. Барои сарфаи маблағ ва мушкилии чопи китоб 100 ҷилд аз осори хешро дар чанд китоб тақсим кардааст, яъне се-чор ҷилд дар як китоб. Бо хоксорӣ ба хонанда муроҷиат мекунад, ки ҳамаи ҷилдҳои китобро дар шакли электронӣ бемонеа аз муҳаррири китоб дастрас кардан мумкин аст.
Ҳошим Гадо ба саволи «Чӣ гуна ба чопи ин қадар китоб даст ёфтед?» – чунин посух медиҳад: «Инсон бояд ба ҳар кор ишқу алоқаи махсус дошта бошад, бар замми ин, ирода ва талош дошта бошад, то ба ҷое бирасад. Мақоле ҳаст: «Санги вазнинро об намебарад». Иродаи қавӣ ва фишорҳои паёпай одамро обутоб медиҳанд, ҳатто хусусияти шифоӣ доранд. Ҳатто шоҳ Сезар бо ҳамин роҳ мағзи сарашро табобат карда буд».
Китобҳои Ҳошим Гадоро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои ИДМ низ, бо шавқ мехонанд. Аллакай, тақризҳои хаттӣ аз Москва, Боку, Хабаровск тавассути интернет расидаанд. Муаллифони тақризҳо бо муҳаббат ба унвони муаллиф ҳарфҳои гарму самимӣ навиштаанд.
Дар ҳар ҷилди шашсадҷилдаи худ Ҳошим Гадо барои хондани ҷилди оянда даричаи муаррифӣ мекушояд ва ба хонандаи худ риштаи робитаро нигаҳ медорад.
Аз русӣ тарҷумаи
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»