19-уми сентябр. Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов фазои идона дошт. Мухлисон ва ҳаводорони театр ба хотири гиромидошти 75-солагии коргардони зиндаёд Фаррух Қосим ва кушодашавии мавсими нави театрҳо дар ин даргоҳ ҷамъ омада буданд. Оҳангҳои дилнавози мутрибон ба кас фараҳ мебахшид. То оғози чорабинӣ китоби Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Сабоҳати Қосим (руҳаш шод бод) “Хӯшачинӣ мекунам аз ёдҳо...” рӯнамоӣ шуд.
Обидҷон Назариён, муовини якуми вазири фарҳанг, иброз дошт: “Боиси таассуф аст, ки имсол мавсими нави кушодашавии театрҳо бе иштироки ҳунарманди маҳбуб Сабоҳати Қосим баргузор мегардад, вале хотироти накуяшон барои мо абадист. Итминон дорам, ки китоби “Хӯшачинӣ мекунам аз ёдҳо...” ба зеҳни хонандагон таассуроти амиқ мегузорад, зеро он бо суханҳои самимӣ ва росту сафед ба хотираи модар Ҳоҷарбӣ Набиева, ба поси хоҳари пурҳунар Муқаддас Набиева ва руҳи гиромии ҳамсар Фаррух Қосим таҳия гардидааст. Китоби мазкур таърихномаи як насли санъаткорони тоҷикро фаро гирифтааст, ки тайи панҷоҳ соли охир бо ҳунари воло барои санъати асил талош варзидаанд ва он маводи пурарзиш барои муҳаққиқони соҳа мебошад. Сабоҳати Қосим ва Фаррух Қосим машъалеро мемонанд, ки ҳастии худро афрӯхта барои насли нави ҳунармандон роҳу равиши асили эҷодиро омӯзонданд. Ин амали нек намунаи барҷастаи садоқат ба ҳунар мебошад”.
Маврид ба зикр аст, ки дар солҳои навадуми асри гузашта коргардон Фаррух Қосим бо таъсиси театри “Аҳорун”, дар саҳнаи тоҷик, ба қавле, инқилоб кард. Ин театр бо офаридани образҳои баланд на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он ҳам санъати миллати моро муаррифӣ намудааст.
– Дар таърихи адаб ва фарҳанги миллатҳои дунё ҳастанд шахсиятҳое, ки ба хотири пос доштани фарҳангу арзишҳои миллӣ худро қурбон кардаанд. Наслҳои оянд аз ин гуна нафарон ба неки ёд мекунанд, устодон Фаррух Қосим ва Сабоҳати Қосим аз зумраи чунин шахсиятҳо буда, саҳмашон дар ҷараёни як таҳаввулоти нави театрӣ бузург аст, зеро намоишҳои гузоштаашон маънии баландро касб мекарданд, – афзуд Абдувалӣ Абдураҳмонзода, муовини сардори раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе.
Ҳамин тавр, 33-юмин солгарди кушодашавии мавсими нави театрҳо бо намоишномаи “Исфандиёр” аз рӯйи асари безаволи “Шоҳнома”-и А. Фирдавсӣ, ки бори аввал дар таҳияи Фаррух Қосим рӯйи саҳна гузошта шуда буд, оғоз гардид. Ин навбат намоишномаро фарзанди Фаррух Қосим – Фирдавси Қосим коргардонӣ кард.
Маҳорати ҳунарманди ҷавон Саидҷон Муродов, ки дар нақши асосӣ бозӣ мекард, хеле сутуданӣ буд. Ин шаҳодат аз он медод, ки дар саҳнаи театрҳои кишвар ҷавонони болаёқат кам нестанд.
Пас аз анҷоми намоишнома тамошобинон бо мавҷи кафкӯбиҳо ба ҳунари волои ҳунармандон баҳои баланд доданд.
Судобаи ФАЙЗАЛӢ, “Ҷумҳурият”