Ёдгории фарҳангии Роҳи Абрешим бо пешниҳоди Тоҷикистон ба рӯйхати Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО пазируфта шуд. Бояд зикр кард, ки Кумитаи байниҳукуматии ҳифзи мероси моддии фарҳангии ЮНЕСКО якбора 9 ёдгории фарҳангии пешниҳодкардаи Тоҷикистонро қабул кард.
Ин дастоварди муҳим 17-уми сентябр зимни ҷаласаи 45-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси моддии фарҳангии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ то 25-уми сентябр идома меёбад, ба даст омад.
Воқеан, дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудани мероси таърихию фарҳангии миллати тоҷик эътирофи Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибфарҳангу тамаддун, дорои таърихи зиёда аз 5500-сола ва шаҳрсозу давлатдор маҳсуб меёбад.
Шоҳроҳи бузурги таърихии Абрешим, ки тавассути кишвари мо мегузарад, дар долонҳои худ объектҳои таърихию фарҳангии сатҳи байналмилалиро ғунҷондааст. Аз ҷумла, дар долони "Зарафшон-Қароқум" 9 иншооти таърихию фарҳангӣ: "Панҷакенти Қадим", "Шаҳраки Санҷаршоҳ", "Шаҳраки Ҳисорак", "Гардани Ҳисор", "Қалъаи Муғ", "Қум", "Тали Хамтуда", низоми обёрикунии "Токсанкорез" ва мақбараи "Хоҷа Муҳаммади Башоро" ҷойгиранд.
Мирзошариф Абдусаломов, сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихӣ-фарҳангии Вазорати фарҳанг, ҳамчунин, ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масъалаҳои фарҳанги моддӣ дар ЮНЕСКО ва ИСЕСКО, ки айни ҳол дар он ҷо қарор дорад, чунин паём дод: “Ёдгориҳои мазкур ифодагари ҳаёти моддӣ ва маънавии ниёгони мо буда, дар маҷмуъ, саҳифаҳои таърихи чандҳазорсолаи ин миллати бузургро ба ҳам мепайванданд. Аз соли 2018 инҷониб корҳо вобаста ба таҳия ва пешниҳоди номинаҳои мероси таърихиву фарҳангӣ идома доштанд. Барои тармиму барқарор ва ба талаботи ЮНЕСКО ҷавобгӯ намудани ин маконҳо вазорату идораҳои дахлдор тибқи барномаҳои давлатӣ ва дигар супоришҳо корҳои назаррасро ба анҷом расонданд. Воқеан, дар Тоҷикистон ёдгориҳое, ки дар сатҳи ҷаҳон бояд шинохтаву муаррифӣ шаванд, зиёданд ва онҳо арзиши баланд доранд”.
Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанг, зимни ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳа аз шомилшавии 9 ёдгории ёдшуда хабар дода буд. Инчунин, ёдовар шуд, ки то охири соли 2023 корҳои номинавии долони "Фарғона-Сирдарё" пурра ба анҷом мерасад ва корҳо оид ба пешбурди номинаи "Ҳулбук – Хуттали қадим" аз ҷониби мутахассисони Вазорат бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ дар сатҳи хуб ҷараён дорад.
Ба гуфтаи Мирзошариф Абдусаломов, шомил шудан ба рӯйхати ЮНЕСКО ниҳояти кор нест, баръакс масъулияти мо – мутахассисони соҳа бештар мегардад. Мо бояд ба он ганҷинаҳои шомилгашта таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоем. Дар тармиму барқарорсозӣ, кашфи бештари онҳо ва анҷом додани корҳои ҳафриётӣ, муҳофизати онҳо аз барфу борон ва хатару омилҳои табиат саҳмгузор бошем.
Лола РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”