Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба истиқболи Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳр ва деҳоти Кӯлоб тибқи нақшаи чорабиниҳо, корҳои бунёдкорӣ вусъати тоза касб кардаанд. Бо дастовардҳои назарраси шаҳри Кӯлоб, ки ба пешвози арзандаи ин Ҷашни муқаддаси миллӣ нигаронда шудаанд, аз наздик шинос шудем.
– Анъанаи бо дастовезҳои арзишманд истиқбол гирифтани ҳар иду санаҳои муқаддас барои мардуми меҳнатқарину заҳматпешаи шаҳри бостонии Кӯлоб хос аст, – мегӯяд раиси шаҳр Назарзода Бахтиёр Худоёр. Ба гуфтаи ӯ, хурсандибахш аст, ки аз як Ҷашни Истиқлоли давлатӣ то ҷашни дигар дастовардҳои сокинони шаҳр дар ҳамаи самтҳо, шуруъ аз иқтисоду кишоварзӣ то иҷтимову фарҳангу варзиш бештару беҳтар мегарданд. Ҷиҳати таконбахшӣ ба ин раванд ва баҳри иҷрои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи шаҳр соли 2020 «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2021-2025» тасдиқ шудааст. Баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Кӯлоб бунёд ва навсозии 462 иншооти таъиноти гуногун дар назар аст, ки соҳаҳои маориф, тандурустӣ, саноат, варзиш, хизматрасонӣ, савдо, нақлиёт, алоқа, ҳифзи ҳуқуқ, энергетика, ҳунармандӣ ва фарҳангро дар бар мегирад. Пас аз ба истифода додани иншооти мазкур садҳо нафар сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши шоиста таъмин хоҳад шуд.
Қобили зикр аст, ки аллакай 22 иншооти дигар, аз қабили ду фабрикаи мурғпарварӣ, як муассисаи таълимӣ, бинои маъмурии Кумитаи идораи замин, бинои маъмурии агентии «Тоҷикстандарт» дар вилоят ва техникуми электротехникии шаҳри Кӯлоб ба истифода дода шуда, мавриди фаъолият қарор доранд.
Тавре сармеъмори шаҳри Кӯлоб Алишер Бобоҷонов иттилоъ дод, то 1 июли соли равон 80 дарсади иншооти банақшагирифташуда иҷро гашт. Дар иншооти дигари ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ идома доранд, ки марҳала ба марҳала ба истифода дода мешаванд. Мувофиқи нақша, дар шаҳри Кӯлоб сохтани 40 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ пешбинӣ шудааст. Зикр кардан лозим, ки дар соли 2022 роҳи алтернативӣ дар кӯчаи Чармгари Поён ва роҳҳои маҳаллаҳои Фирдавсӣ, Ҷомӣ, Сино асфалтпӯш карда шуданд. Дар деҳоти Зиракӣ низ миқдори муайяни роҳ, ки ба роҳи хусусияти ҷумҳуриявидошта ворид буд, асфалтпӯш гардид. Ҳамзамон, роҳи оромгоҳи деҳаи Сангпар низ қариб ду километр асфалтпӯш шуд. Ғайр аз ин, беш аз даҳ километр пиёдароҳҳо бунёд, таъмир ва ё навсозӣ шуданд. Айни замон, дар 130 иншоот, аз ҷумла 25 иншооти истеҳсолӣ, 6 бинои истиқоматӣ, 9 муассисаи таълимӣ, 2 муассисаи тиббӣ, 5 иншооти варзишӣ, 5 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, 30 нуқтаи хизматрасонӣ ва 25 маркази савдо корҳои сохтмонӣ идома доранд. Корхонаҳои саноатии ҶДММ «Махсус» ва «Мелиоратор» (корхонаҳои коркарди сангу шағал), ҶДММ «Мадазим» (истеҳсоли маҳсулот аз филизот), «Оби навруша» (сафолаку хишти сементӣ), «Марямбибӣ» (хишти сементӣ), «Истеҳсоли гӯшти мурғи Кӯлоб» ва «Тоҷикалмос» (истеҳсоли филтрҳои равғанӣ ва ҳавоӣ барои автомашинаҳо) мавриди истифода қарор гирифтанд. Инчунин, дар ҶДММ «Комбинати хонасозӣ»-и шаҳри Кӯлоб се коргоҳи нав: истеҳсоли хишти сабук, сафолак ва сангҳои ороишӣ ба роҳ монда шуд. Дар назди ҶДММ «Хуршед-Н» коргоҳи сангу шағал ва ҶДММ «Сувайба-2014» коргоҳи парвариши мурғи гӯштӣ ба фаъолият пардохтанд. Дар ҳама корхонаву коргоҳҳои зикршуда, барои 113 нафар ҷойи кори доимӣ таъсис шуд.
Мусаллам аст, ки калиди рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ин бунёди корхонаҳои саноатии тавлидотӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошанд. Саноатикунонии босуръати кишвар бошад чун ҳадафи чоруми миллӣ қабул шуда, дар Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 21 декабри соли 2021 бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат солҳои 2022-2026 Солҳои рушди саноат эълон гардиданд. Шаҳри Кӯлоб дар ин самт дурнамои хушбин дорад. Феълан, дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 82 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, барои таъмини фаъолияти самараноки онҳо, бунёди корхона ва коргоҳҳои нав мунтазам вохӯрии раиси шаҳр бо роҳбарону соҳибмулкони корхонаҳои саноатӣ ва соҳибкороне, ки қитъаи замин барои бунёди корхонаҳо гирифтаанд, доир мешавад.
Назарзода Бахтиёр Худоёр, раиси шаҳри Кӯлоб, бо шукргузорӣ ва ифтихор аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ сухан ронда, таъкид бар он дорад, ки маҳз таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Тоҷикистон дар рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ муваффақ шуда, мардуми шарафманди шаҳри бостонии Кӯлоб низ рӯз ба рӯз ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодаанд.
Шарифхон ТИЛЛОЕВ, рӯзноманигор