(ДАР ҲОШИЯИ МАҚОЛАИ ПРОФЕССОР С. ЯТИМОВ “ЭҲЁИ МИЛЛАТ – БАҚОИ ДАВЛАТ”, «ҶУМҲУРИЯТ», 24-УМИ АВГУСТИ СОЛИ 2023, № 171)
Шахсиятҳои худшиносу аз масоили миллӣ огоҳ пайваста дар андешаи таҳкими арзишҳои миллӣ буда, омилҳои инкишофу инқирози онро меомӯзанд, таҳлил мекунанд ва дар фикри пайдо намудани роҳу воситаҳои пешрафти миллаташонанд. Ба гуфтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, афроди худогоҳу хештаншинос наметавонанд нисбат ба тақдири минбаъдаи давлату миллаташон бетараф бошанд.
Бояд қайд намуд, ки арзишҳои миллӣ ҷанбаҳо ва вижагиҳое хосе доранд, ки барои дилхоҳ миллат муҳиманд ва муносибати нодуруст ба онҳо оқибатҳои фоҷиабор дар пай доранд. Яке аз омилҳои таназзули давлати миллӣ нодида гирифтани арзишҳои миллӣ ва беэътиноӣ нисбат ба онҳо аз ҷониби намояндагони миллат аст. Тамоми васоити дар арсаи сиёсӣ пойдору устуворнигоҳдорандаи миллат ҳамчун арзиши миллӣ шинохта мешаванд. Арзишҳои миллӣ муҳимтарин пояҳои маънавии таҳкими давлати миллӣ ва истиқлоли кишвар буда, дар шароити имрӯзи ҷаҳони пурталотум ва зудтағйирёбанда чун сарчашмаи асосии бунёди давлати демократӣ, одилона, ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳсуб мешаванд.
Аз ин рӯ, дар асоси таҷрибаҳои кишварҳои мутараққӣ бояд пайвандони миллат дар андешаи ислоҳи камбудиҳову иштибоҳоти худ ва дарёфти роҳҳову василаҳои инкишофу пешрафти миллат бошанд. Аз ҷанбаҳои муҳим ва сабабҳои тараққӣ намудани миллат сарфаҳм рафтани моҳияти манофеи воқеии миллӣ, ташаккули тафаккури миллӣ ва худшиносии намояндагони он ба ҳисоб меравад. Барои ин ҳам, бояд дар фаъолияти зиёиён ва соҳибхирадон роҳҳои таҳкими тафаккури миллӣ тавассути назарияву амалия таҳаққуқ ёбанд.
Мақолаи профессор С. Ятимов таҳти унвони «Эҳёи миллат – бақои давлат», ки дар ВАО-и кишвар ба нашр расид, ба назари инҷониб, маҳз ба хотири таҳрики тафаккури миллӣ дар ҷомеаи мо навишта шудааст. Дар мақола масъалагузорӣ, таҳлилу баррасӣ ва натиҷагирӣ мушаххас ва барои хонанда фаҳмо буда, арзишҳои миллӣ дар ҷои аввал гузошта шудаанд, ки арзиши илмии мақоларо бамаротиб боло бурдаанд. Аз методологияи таҳқиқи асар бармеояд, ки бандубасти мантиқӣ, пешниҳоди масъалаҳои бунёдии мавриди назари муҳаққиқ ва пайвастагии мисолҳо бо ҳадафи аслии баёншуда тавъам ва дар алоқамандӣ қарор доранд. Мавзуъҳо ба зерфаслҳо ҷудо карда шудаанд, ки дарку фаҳми муҳтавои куллии мақоларо осон менамоянд.
Муаллиф ба масоили бунёдии миллӣ, аз қабили давлат ва масъалаҳои ҷаҳонбинӣ, дарки воқеии манфиат ва эътимоднокии субот дахл намуда, ин мафҳумҳоро чун истилоҳоти сиёсӣ баррасӣ менамояд. Ӯ бо истифода аз усули диалектӣ моҳияти «давлат», «истиқлол», «ҷаҳонбинӣ» ва «сохтори давлати миллӣ»-ро таҳлил намуда, таъкид менамояд, ки «хунукназарӣ, духӯрагӣ, саҳлнигарӣ дар мавриди муайянкунандагӣ, ҳимоя ва амалкарди ҷаҳонбинии сиёсӣ маънои ба буҳрон ворид кардани давлат ва зери суол бурдани онро дорад».
Дар масъалаи манфиат ва дарки дурусти он муаллиф андешаҳои тозае ироа менамояд. Манфиатҳоро ба гурӯҳҳо ҷудо менамояд ва аз лиҳози методологӣ таҳлилу баррасӣ намуда, иброз медорад, ки шахсият ҳангоми дуруст дарк накардани манфиат метавонад, мавқеи худро дар ҷамъият аз даст дода, шакли нодурусти зиндагӣ ва таассубро интихоб намояд, ки ба ҷаҳолати сартосарӣ оварда расонданаш аз эҳтимол дур нест. Дар ҳолати дарк накардани манфиатҳои миллӣ имкон дорад, ки афроди камхирад ва сустиродаву аз доираи ҷаҳонбинии илмӣ дурбуда ба доми гурӯҳҳои муғризи манфиатхоҳ афтода, ба бозичаи дасти онҳо мубаддал гарданд. Аммо ислоҳ намудани чунин ашхос ношуданиву ғайриимкон нест. Воқеан, сахт душвор аст “бозсозӣ ва дигаргун сохтани шуури онҳое, ки гирифтори ҳамин тарзи ҷаҳонбинии устуравӣ ва бедалел ҳастанд”.
Гурӯҳҳои манфиатхоҳ аз боварии мардуми мусалмон истифода бурда, онҳоро ба хурофотпарастӣ, бегонагароӣ, аз байн бурдани арзишҳои фарҳангиву таърихӣ ва амсоли онҳо тарғибу ташвиқ намуда, садди роҳи эҳёи миллӣ мегарданд. Ин гуна афроди дорои афкори асотириву динӣ бо эҳсоси мардум бозӣ карда, садди роҳи худшиносиву худогоҳӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллии ҷавонони мо мегарданд. Аз ин рӯ, насли имрӯзи моро мебояд, бомаърифат ва огоҳии комил, дастёбӣ ба ҳувияти миллӣ ва арҷгузорӣ ба фарҳангу маънавиёти гузаштагон муҷаҳҳаз бошанд, то бо ин ақлбохтагону хурофотиёни кӯрдил тавассути маърифати воло мубориза баранд.
Баъди таҳлили ҳамаҷонибаи мафҳуми “манфиат” муаллиф зикр мекунад, ки «эътиқод, тасаввур, хаёлот, орзуву ормони ғайриилмӣ, таассуб, хурофот, фанатизм, дилбастагӣ ба мавҳумот ва абстраксия наметавонанд ҷойгоҳи манфиатро иваз кунанд». Хонанда агар ба ин ҷумла таваҷҷуҳ кунад, барои ӯ моҳияти воқеии манфиат ва ҷаҳонбинии ғайриилмӣ чун оина равшан мегардад.
Дар мақолаи мавриди назар навгонии ҷолиби илмӣ мушоҳида мегардад. Муаллиф марҳилаи истиқлоли миллии имрӯзаи моро «давраи Эҳёи миллати тоҷик» унвон мекунад ва бо самимияту меҳру муҳаббати беандоза хостгори бедории пайвандони ин миллат аст. Дар симои Пешвои миллат ӯ таҳрикдиҳанда, асосноккунанда ва пуштибони эҳёи миллии тоҷикро инъикос менамояд ва ин шахсиятро роҳбари «камназир ва ватанпарвари таърихофар» меномад, ки воқеияти таърихан собитшуда аст. Дар ҳақиқат, Пешвои миллат барои эҳёи арзишҳои миллӣ, хидматҳои созгор намуда, ҷиҳати бунёди давлати миллӣ саҳми арзанда гузоштаанд, ки бояд ҳар як шахси бедордил аз доштани чунин Пешво ифтихор намояд. Маҳз бо заҳматҳои Сарвари давлат эҳёи давлати миллӣ муяссар гардид ва имрӯзҳо низ барои мустаҳкам намудани мавқеи тоҷикон дар сатҳи ҷаҳонӣ кӯшишҳои хастанопазир менамоянд.
Мусаллам аст, ки барои дилхоҳ миллат гурӯҳи манфиатҳои ҳаётан муҳиме ҷойгоҳи хосса доранд. Масалан, давлати миллӣ, истиқлоли сиёсӣ, сохтори қавии конститутсионии давлат, томияти ҳудудӣ, ваҳдати миллӣ, инкишофи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, амният, суботи иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ба ин монанд силсилаи манофеи миллии мост. Бинобар ин, ба хотири нигоҳдошти ин арзишҳо давлат ва пайвандони миллат дар якҷоягӣ бояд даст ба дасти ҳам дода, мубориза баранд ва онҳоро аз таҳдиду хатарҳои дохиливу хориҷӣ ҳифз намоянд. Ба мутахассисон зарур аст, ки сарчашмаҳои зуҳури таҳдид ба ин арзишҳоро муайян намоянд ва дар якҷоягӣ бо мардум ва ниҳодҳои қудратӣ зидди онҳо фаъолият баранд.
Муаллиф моҳияту зарурати давлати миллиро баррасӣ намуда, афкору аъмоли нангини душманони онро фош месозад ва таъкид менамояд: «Бузургтарин ангезае, ки муҳтавои ҷаҳонбинии шахсро фаро мегирад, идея аст. Душманони давлати миллӣ бо ҳаннотӣ ва суиистифода аз дин, ин амалро тавонистанд роҳандозӣ кунанд. Ҷавонони зиёдро гумроҳ ва ба лашкари сарсупурдаи бозигарони геополитикӣ бар зидди манфиатҳо ва обрӯи миллати хеш сафарбар намоянд». Ҳамзамон, ӯ изҳори таассуф менамояд, ки «системаи маърифати идеологии умумимиллии мо, мутаассифона, дар доираи мафҳумҳо, назарияҳо ва қолабҳо амал мекунад, на бар асоси идеяҳо». Яъне, давлати миллӣ вақте муқтадир мегардад, ки тамоми пайвандони онро идеяи муштараки умумимиллӣ муттаҳид намояд.
С. Ятимов таъкид менамояд, ки давлати имрӯзаи миллии мо бо таҷрибаи давлатдориву решаҳои таърихӣ-тамаддунӣ, бунёди қавии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ақлонӣ муҷаҳҳаз аст, танҳо аз онҳо босамар ва тахассусмандона баҳри манофеи миллӣ истифода намудан зарур аст. Аз ин рӯ, «Эҳёи миллатро Пешвои муаззами миллат ҳамчун Ҳаракати умумимиллӣ эълон кардааст».
Давраи Эҳёи Ғарбро муаллиф чун намунаи таърихии Эҳёи миллӣ иқтибос намуда, симоҳои таъсиргузори он ва фаъолияти эшонро аз лиҳози методологӣ таҳлил менамояд. Профессор С. Ятимов шароит, сабабҳо, механизми таҳаввулоти фикрии он давраро мӯшикофона ташхис намуда, дар ҷавҳари таълимоти онҳо ва дар маркази таваҷҷуҳи пешвоёну намояндагони маъруфи он давра тафаккури миллиро равшан нишон медиҳад. Ишорат менамояд, ки кош ҳамаи зиёиёну руҳониёни имрӯзаи мо мисли Лютер ва пайравони ӯ аз тафаккури қавии миллӣ бархӯрдор бошанд ва тамоюли фикрии иҷтимоиро сӯйи арзишҳову аҳдофи миллӣ роҳандозӣ намоянд, ки дар шароити кунунӣ муҳимтарин омили пойдориву бақои миллат маҳсуб мегардад.
Аз тарзи баёни муаллиф бармеояд, ки ӯ муҳимтарин омили эҳёи миллиро дар бедории тафаккури миллӣ мебинад ва сахт эҳсоси нороҳатӣ менамояд, ки баъзе афроди ноогоҳу ҷоҳили мо дар ҳодисаҳои нангину ҷиноятҳои сангини сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, ба манзалату обрӯи миллати тоҷик иснод меоранд.
Дар қисмати охирсухан ҳаёти имрӯзаи Тоҷикистонро бо вазъи Аврупои асри XIV муқоиса намуда, муаллиф бовар дорад, ки мо низ метавонем аз таҷрибаи таърихии онҳо истифода карда, тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоиамонро такони ҷиддӣ диҳем. Ҷомеаи имрӯзаи мо таҳкурсии қавии бунёд ва эҳёи ин миллатро дар даврони истиқлол тавонист гузорад. Пас, эҳёи миллати тоҷик зарурат ба фаъолияти ҳадафмандона, содиқона ва ошиқонаи пайвандони ин миллат дорад.
Ф. АРАБОВ, дотсент,
Б. АМОНДУЛЛОЕВ, дотсент,
устодони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва
санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода