БЕКОРШАВИИ АҚДИ НИКОҲ
Масъалае, ки доғи ҷомеа боқӣ мемонад
– Барои то андозае коҳиш додани пошхӯрии оилаҳо, ки тариқи ҳалномаи суд ва дар асоси аризаи муштараки ҳамсарон сурат мегирад, андозаи боҷи давлатӣ зиёд карда мешавад. Таҳлилҳо нишон доданд, ки талабот барои бекор кардани ақди никоҳ дар кишварҳои хориҷӣ хело зиёд мебошад. Аз ин хотир, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» саривақтӣ ва зарурист, – гуфт Музаффар Ашуриён, вазири адлия, дар посух ба суоли “Ҷумҳурият”, ки перомуни қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» аз ҷониби Маҷлиси намояндагон (15.02.23) буд.
Тибқи иттилоъ, соли рафта дар кишвар 13786 ақди никоҳ (2021 – 13714) бекор шудааст. Дар натиҷа, бо қарори судҳо 15412 кӯдак дар тарбияи яке аз волидон қарор дорад.
Зикр гашт, ки аз ҳама зиёд пошхӯрии оилаҳо дар вилояти Суғд (4302 ҳолат) сабт гардидааст.
– Андозаи боҷи давлатӣ барои ворид намудани ислоҳ, тағйир ва иловаҳо ба сабти асноди таваллуд, ақди никоҳ, бекор кардани ақди никоҳ, вафот, инчунин, додани шаҳодатномаи такрорӣ мувофиқан ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд мегардад. Таҳлилҳо нишон доданд, ки вақтҳои охир гирифтани шаҳодатномаҳои такрорӣ афзоиш ёфтааст. Яъне баъзе шаҳрвандон бо сабаби бе парвоёна муносибат кардан нисбат ба ҳуҷҷати расмии давлатӣ онро фарсудаю корношоям мегардонанд. Ин дар ҳолест, ки барои омода кардани як шаҳодатнома хароҷоти муайяни давлатӣ талаб мешавад. Пас аз мавриди амал қарор гирифтани тағйиру иловаҳои воридшуда ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» андозаи боҷи давлатӣ барои гирифтани санадҳои болозикр баробар ба ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо мешавад, – гуфт Шараф Каримзода, муовини вазири адлия, дар ҷавоб ба суоли дигари “Ҷумҳурият”.
Маҳмуд МИРЗОЁН, “Ҷумҳурият”
ПАЛАТАИ ҲИСОБ
375, 5 миллион сомонӣ қоидавайронкунии молиявиро барқарор намуд
Палатаи ҳисоб дар соли 2022 дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 191 чорабинии аудиторӣ гузаронда, ба маблағи 376,9 миллион сомонӣ қоидавайронкунии молиявиро муайян намудааст.
Дар ин бора Қарахон Чиллазода, раиси Палатаи ҳисоб, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Бино ба гуфтаи ӯ, аз маблағи муайянгардида 29,3 миллион сомонӣ хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ, 1,9 миллион камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ, 37,5 миллион изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ, 926,2 ҳазор фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ, 171,4 миллион талафи воситаи пулӣ-молӣ, 88,5 миллион маблағҳои кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо, 41,7 миллион пардохти ҳатмӣ ва дигар пардохтҳо ба буҷети давлатӣ ва пардохт накардани суди саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта 5,5 миллион сомониро ташкил медиҳанд.
Раиси Палатаи ҳисоб таъкид намуд, ки қоидавайронкуниҳои молиявӣ ба маблағи 375, 5 миллион сомонӣ барқарор шуд, ки 99,6 дарсадро ташкил медиҳад.
Оламбегими НЕКҚАДАМ, «Ҷумҳурият»
СУДИ ОЛӢ
760 нафар барои риоя накардани Қонуни танзим ҷазо гирифт
Соли 2022 аз ҷониби мақомоти судии кишвар 3 ҳукми сафедкунанда содир гардида, 90 шаҳрванди хориҷӣ барои қонуншиканӣ ё содир намудани ҷиноят ба ҷавобгарӣ кашида шуд.
Шермуҳаммади Шоҳиён, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ далели кам будани ҳукмҳои сафедкунандаро ба таҳқиқу тафтиши дуруст ва қонунӣ будани парвандаҳо аз сӯи мақомоти тафтишоти пешакӣ донист. Дар ҳамин ҳол, иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта аз ҷониби судҳои ҷумҳурӣ, дар маҷмуъ, 135985 парвандаи гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, дархостҳои мақомоти тафтишоти пешакӣ, пешниҳодҳои муассисаҳои ислоҳӣ ва Хадамоти иҷро баррасӣ гардиданд.
Раиси Суди Олии мамлакат изҳор дошт, ки дар ин давра вобаста ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 770 парванда баррасӣ гашта, 760 нафар барои нақзи меъёрҳои Қонуни мазкур муҷозот шуд ва нисбат ба онҳо ба маблағи умумии 3450372 сомонӣ ҷазои ҷарима татбиқ гардид. Зимнан, 13789 парвандаи дигар вобаста ба иҷро накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” баррасӣ ва қонунситезон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.
Фирӯз РАҲМОНИЁН, “Ҷумҳурият”
АБДУЛҲАКИМ РОЗИҚЗОДА:
«Саҳлангории такрории шуроҳои диссертатсиониро намебахшем»
Абдулҳаким Розиқзода, раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ, иттилоъ дод, ки барои низоми ҳимояи корҳои воқеан илмӣ ба қароре омадем, ки агар як шурои диссертатсионӣ ду маротиба кори илман нопухта ё пур аз сирқатро пешниҳод кунад, фаъолияташ қатъ гардад. Ҳамзамон, рисола бозхон ё бекор карда мешавад.
– Аз пажӯҳишгарон даъват ба амал меорем, ки ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд ва аслияти матни кори илмиро аз 70-75 дарсад кам накунанд. Махсусан, мавзуъҳои таҳқиқ бозбинии ҷиддӣ мехоҳанд. Агар дар самти педагогика рисолаҳои илмии такрору обшуста афзуда бошанд, дар илми геология байни муҳаққиқони соҳа нофаҳмиҳо зиёданд ва ин аст, ки то ҳол дифои рисолаҳо ба таъхир гузошта мешаванд, – афзуд Абдулҳаким Розиқзода.
Хабар дода шуд, ки бори аввал омори дақиқи ходимони илм дар ҷумҳурӣ муайян гардид, ки ба 5294 кас мерасад. Аз ин шумора пайдост, ки ба 1000 нафар аҳолии мамлакат 0,6 дарсад муҳаққиқ ё корманди соҳаи илм рост меояд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»