Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар суханронӣ ва паёмҳои табрикотии худ ба истиқболи иду ҷашнворае таъкид месозанд, ки ба аёдати пирон, беморон, собиқадорони хизмати давлатӣ, арсаи ҷангу меҳнат биравем ва аз ҳолашон бохабар гардему дуои некашонро бигирем. Бо ҳамин мақсад, дар арафаи Ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аёдати Аълочии кооператсияи матлуботи мамлакат, дорандаи медали Хизмати шоиста, раиси шаҳри Бохтар дар солҳои 1998 – 2001, раиси вақти «Тоҷикматлубот»-и кишвар Сироҷиддин Валиев роҳ гирифтем.
Ӯ соли 1945 дар деҳаи зебоманзари Кушхоки ноҳияи Данғара дар оилаи зиёӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Пас аз хатми мактаби деҳа ба Омӯзишгоҳи касбию техникии рақами 9-и шаҳри Бохтар (дар гузашта Қӯрғонтеппа) дохил шуда, соҳиби тахассуси дуредгарӣ мешавад. Соли 1985 Донишгоҳи кооперативии шаҳри Самарқандро бо дипломи аъло хатм менамояд. Сипас, аз соҳибкорӣ фаъолияташро оғоз бахшида, бо хислатҳои ҳамида, поквиҷдонӣ, масъулиятшиносӣ, ғамхори халқ будан, ба вазифаҳои баланд сазовор мегардад.
Дар ҷомеаи имрӯзаи мо ҳастанд шахсиятҳое, ки бо хислатҳои неки инсонӣ дар партави ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ҳастии пурбаракати худро баҳри ободию бунёдкорӣ, созандагию шукуфоии Ватан ва дар руҳияи меҳанпарастию худшиносии миллӣ тарбияи насли ояндасози миллат сарф месозанд, ки яке аз онҳо Сироҷиддин Валиев ба ҳисоб меравад. Вай аз қабили родмардонест, ки бо заҳмати ҳалолу софдилона, дарки баланди масъулият хизмат кардан ба мардумро дар меҳвари зиндагии хеш қарор додааст.
Охири солҳои 90-уми қарни гузашта кишвари моро нооромиҳо фаро гирифтанд, ҷанги таҳмилӣ оғоз ёфт. Сироҷиддин Валиев, ки раиси Ҷамъияти матлуботи шаҳри Бохтар буд, барои таъмин намудани аҳолии шаҳр ва гурезаҳои иҷборӣ сари вақт маҳсулот мерасонд. Чунин рӯзҳои вазнину сахтро ба хотир оварда мавсуф мегӯяд: «Барои таъмини аҳолӣ бо хӯрок кори шабонарӯзии заводи нон ва корхонаи «Орди Хатлон»-ро ба роҳ мондем. Комбинати гӯшту шир низ, ба кори шабонарӯзӣ гузашт. Вазъият хело ногувор буд, силоҳбадастони номаълум мехостанд фаъолияти ин корхонаҳоро халалдор созанд. Мо тавонистем, ки пеши роҳи онҳоро гирем ва мардуми гуреза, махсусан кӯдакону наврасонро, бо ғизо таъмин намоем. Хушбахтона, марди сиёсатмадор, далеру ҷасур муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб шуданду мамлакат ба оромӣ расид. Пешвои миллат ба мо сулҳ оварданд, ки он то абад поянда бод».
Фаъолияти ташкилгарӣ ва корбарии ӯро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба инобат гирифтанд, соли 1998 С. Валиев раиси шаҳри Қӯрғонтеппа (Бохтар) таъин гардид. Вай бо фаъолони шаҳру шаҳраку деҳот дар маҳаллаҳои нообод машварат мегузаронд, масъулонро супориши қатъӣ медод, ки ҳарчи тезтар маркази вилояти Хатлон ободу зебо шавад, манзилҳои истиқоматӣ барои омӯзгорон, табибон ва мардуми ниёзманд бунёд гарданд. Бо роҳбарии ӯ шаҳр оҳиста-оҳиста симои худро дигар мекард, рӯ ба ободӣ мениҳод.
Собиқадор Сироҷиддин Валиев, ки синнаш қариб ба 80 расидааст, имрӯз давлати пирӣ меронад, фарзандонаш ҳама чун падари бузургворашон дар хизмати мардум мебошанд.
Музаффар МУРОДОВ,
бойгоншиноси дастгоҳи раиси вилояти Хатлон