Чист Истиқлолият?
Решаи бунёди давлат,
Минбари озоди давлат,
Дафтари иршоди давлат,
Оҳану пӯлоди давлат,
Қомати шамшоди давлат.
Чист Истиқлолият?
Бахти беҳамтои миллат,
Ишқ дар симои миллат,
Доруи ғамҳои миллат,
Домани паҳнои миллат,
Дар ҳама ҷо ҷойи миллат.
Чист Истиқлолият?
Хирмани пурбори гандум,
Шодии саршори мардум,
Табъи равшанбори анҷум,
Рӯзии бебуни афзун,
Базму шодиро тараннум.
Чист Истиқлолият?
Раҳ кушодан сӯйи фардо,
Раҳ кушодан сӯйи дилҳо,
Раҳ кушодан рӯй дунё.
Раҳ ба раҳ то ҷӯйи дилҳо,
Раҳ ба раҳ то кӯйи дилҳо,
Чист Истиқлолият?
Рӯи олам ном бурдан,
То фалак пайғом бурдан,
Субҳу рӯзу шом бурдан,
Пухтаҳо аз хом бурдан,
Иззату икром бурдан.
Чист Истиқлолият?
Аз шикастанҳо раҳидан,
Дар хамӯшиҳо тапидан,
Меваи иқбол чидан,
Шаҳди беминнат чашидан,
Бар муроди худ расидан.
Чист Истиқлолият?
Аз худ озодӣ фузудан,
Занги дилҳоро зудудан,
Банди дилҳоро кушудан,
Бо ситоишҳо ғунудан,
Қудрати воло намудан.
Чист Истиқлолият?
Сарбаландиҳои минбар,
Рӯшании шамси ховар,
Сарфарозӣ то ба ахтар,
Чун ҷилои сурхи аҳмар,
Шоми ваҳдатро мунаввар.
Чист Истиқлолият?
Огаҳӣ аз қисмати худ,
Вораҳӣ аз банди мавҷуд,
Подшоҳи роҳи мақсуд,
Раҳнамои буду нобуд,
Тарки маҳдуд, шукр аз худ.
Чист Истиқлолият?
Дасту бозуи тавоно,
Устувории қадамҳо,
Ормони кулли дилҳо,
Ошёни пуртаманно,
Шаъну шони то Сурайё.
Чист Истиқлолият?
Мурғи иқболи парафшон,
Ҳамдилии ҷамъи ёрон,
Гулшани накҳатфаровон,
Сарзамини лутфу эҳсон,
Роҳати тан, роҳати ҷон.
Чист Истиқлолият?
Хуррамию шодмонӣ,
Ифтихор аз навҷавонӣ,
Якдигарро қадрдонӣ,
Ҳамдилию ҳамзабонӣ,
Дилбарию дилситонӣ.
Чист Истиқлолият?
Бахту иқболи дурахшон,
Парчами доимпарафшон,
Сарзамини беҳтар аз ҷон,
Беҳтар аз ҷонони ҷонон –
Тоҷикистон, Тоҷикистон.
Ҷӯрабек МУЪМИН