Дар вилояти Хатлон, хосса шаҳри Кӯлоб, чун омӯзгору тарбиятгари асил ном баровардану шуҳрат пайдо кардан ва онро солҳои сол ҳифз намудану маҳбубтар гардидан ҳаргиз осон нест. Он аз кас садоқат, дониш, сабр, ғамхорӣ ва ояндабиниро тақозо дорад. Бояд ҳам мушкилотро мубаддал ба осонӣ гардонӣ ва барои кишварат, насли оянда фидоӣ бошӣ. Соҷида Аккалаева тавонист, ки ба ин пояи баланд бирасад.
Имрӯз вақте мегӯянду мешунаванд, ки ӯ 55 сол ба ин касб, яъне омӯзгорӣ, содиқ мондаву дар тарбияи кадрҳои баландихтисос, шахсиятҳои машҳури соҳаҳои гуногун саҳми чашмрас гирифтааст, кас андак тааҷҷуб мекунад. Дар ин ҳол аз худ мепурсад: «Ин неру дар ӯ аз куҷост?». Посухҳо шояд гуногун бошанду ҳамчунон садо бидиҳанд, аммо, ба пиндори инҷониб, бояд аз муҳаббат бошад, муҳаббате, ки талхҳоро ширин мекунад ва заҳрҳоро шаҳд мегардонад.
Ҳолиё ин муаллимаи мушфиқу ғамхор, ки ман боре ҳам ӯро надидаам, аммо овозаашро бисёри бисёр шунидаам ва дар борааш матлаби зиёдро хондаам, дар қайди ҳаёт нест. Агар мебуд, ҳатман посухи дурусту сазовортарро худаш медод. 55 сол омӯзгор будан дар як коллеҷ, он ҳам Коллеҷи омӯзгорӣ ва маҳбубияту шуҳратро нигоҳ доштан ҳаргиз кори осон нест. Бояд ҳамаи ранҷҳоро таҳаммул бикунӣ, ҳар хонандаро, толибилмро мисли фарзанди худ дӯст бидорӣ, дар бораи ояндаи дурахшонаш биандешӣ ва аз оғози роҳи хурд то ба шоҳроҳи бузург бирасонӣ.
Ӯ мегуфт: «Панду таъкиди устодон дар хусуси шоҳи касбҳо будани касби омӯзгорӣ ҳақиқат будааст. Ин касб барои ман қуфлкушои ҳамаи дарҳои илму дониш гардид. Пас аз он бештар эҳсос кардам, ки ин касби ман аст, ман барои он, раҳнамоии дурусти шогирдон офарида шудаам».
«Худро хушбахт меҳисобидам, ки аз аввалин довталабон ва хатмкунандагони он ба шумор мерафтам», - мегуфт муаллима.
Албатта, таҳсил дар Коллеҷи омӯзгорӣ барояш андак мушкилӣ эҷод кард, чун муассисаи таҳсилоти умумиро бо забони русӣ хатм намуда буд. Саъю кӯшиши пайваста сабаб гардид, ки дар ин даргоҳи илм бо нозукиҳои забони тоҷикӣ низ, шинос шавад. Ӯ бо изҳори сипосу қадрдонӣ аз ин Коллеҷ баён медошт:
«Дар ҳақиқат ҳам, мактаби таълиму тарбияи ман маҳз Омӯзишгоҳ (ҳоло Коллеҷ) аст. Дар ин даргоҳ бар замми омӯхтани муносибатҳои самимии инсонӣ, ман, инчунин, дар муқоисаи ду забон – забони русӣ ва тоҷикӣ грамматикаи муқоисавиро аз бар намудам. Ин дониш, хусусан дар давраи донишҷӯи Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб (ҳоло Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ) буданам ва ҳангоми кор дар мактабу Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ ба ман мадад намуд».
Барои наздикон, ҳамкасбон ва дигарон аз забони ин муаллими мушфиқу ғамхор, донишманду соҳибтаҷриба шунидани ин суханҳо бисёр хушу гуворо ва ибратомӯз буд:
«Солҳои тулонист, ки ман аз нигоҳи чашмони шогирдон ва интизоми хубу намунавии онҳо меҳру муҳаббат, самимият ва бовариро ба худ ва ояндаашон мехонаму пай мебарам. Дар ин муддат ба ягон кас сухани қабеҳ, дурушт нагуфтаам. То ҷон дар бадан дорам, дар замири дили шогирдонам тухми илму дониш, дӯстиву бародарӣ, ватандӯстиву меҳнатдӯстиро мекорам».
Воқеан, шогирдони ӯ, ки баъзеҳояшон дар вазифаҳои гуногун ва ҳам соҳаи омӯзгорӣ фаъолияти пурсамар доштанду доранд, аз усулҳои неку пешрафта ва эҷодкории устодашон ёд меоваранд.
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»