Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ», аз 1-уми августи соли равон пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ ва коммуналӣ ғайринақдӣ амалӣ мешаванд. Мувофиқи муқаррароти Фармони мазкур, Бонки миллии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилотҳои давлатӣ ва қарзии молиявии ҷумҳурӣ инфрасохтори заруриро барои қабули пардохтҳои ғайринақдии худ то 1-уми августи соли 2023 ташкил ва таъмин карданд.
Мудири филиали №16-и КВД «Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ноҳияи Файзобод Баҳодур Юнусӣ оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тавсеаи пардохти ғайринақдӣ дар суҳбат ба хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” чунин иброз дошт:
– Пардохти ғайринақдӣ яке аз омилҳои рушди иқтисоди миллӣ маҳсуб ёфта, ҷиҳати шаффофияти ҳисоббаробаркуниҳо мусоидат мекунад. Имрӯзҳо филиали №16-и КВД «Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дорои ҳафт маркази хизматрасонӣ – №114-и шаҳраки Файзобод, №145-и шаҳраки 30-солагии Истиқлол, №144-и деҳоти Меҳробод, №146-и деҳоти Вашгирд, №147-и деҳоти Қалъаи Дашт, №149-и деҳоти Бӯстон ва №150-и деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев мебошад. Ҳамчунин, рӯзҳои наздик дар деҳоти Ҷавонон ва Чашмасор ду нуқтаи хизматрасонии дигар ба кор оғоз мекунад. Миёни аҳолӣ моҳияти пардохти ғайринақдиро шаҳр додем, ки он натиҷаи дилхоҳ ба бор овард.
Тайи чанд соли охир бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва роҳбарияти «Амонатбонк» мушкилоти ҷойдошта дар самти хизматрасонии бонкӣ бартараф гардиданд. Ҳоло дар ноҳия 23 ҳазор нафар соҳиби кортҳои пардохтӣ буда, аз ин теъдод наздик ба 8 ҳазор нафар нафақахӯр мебошад. Барои он ки сокинон сари вақт музди меҳнат ва нафақапулиҳои хешро бигиранд, дар марказҳои савдо, беморхона ва марказҳои саломатии маркази ноҳия ва шаҳраку деҳоти он беш аз 30 POS-терминал ва 10 QR рамзҳои «Амонатбонк» насб шудаанд. Инчунин, 107 ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетии ноҳия ба барномаи «Интернетбанкинг» пайваст гардида, дар маҷмуъ, беш аз 90 дарсади аҳолӣ бо кортҳои пардохтӣ таъмин мебоша д.
Баҳодур Юнусӣ зикр кард, ки баҳри боз беҳтар шудани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ба сокинони Файзобод то имрӯз аз тариқи филиал 7 ҳазору 500 корт ройгон тақсим шуд.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА,
“Ҷумҳурият”