Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатчиёни шаҳри Истаравшан бо мақсади амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръат ва эълон гардидани солҳои 2022-2026 Солҳои рушди саноат тадбирҳои мушаххас меандешанд.
Натиҷаи ташкили фаъолияти назарраси тарғиботиву ташвиқотӣ миёни соҳибкорони ватанӣ ва ҷаҳду талоши масъулини МИҲД-и шаҳри Истаравшан буд, ки бахшида ба Ҷашни фархундаи 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода бо фаъолияти ҶДММ “Истэнергия” шинос гардид.
Тавре иттилоъ дода шуд, ҶДММ “Истэнергия” аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Баҳодур Зокиров таъсис дода шуда, фаъолияташ ба таъмири трансформаторҳо, истеҳсоли қуттиҳои бехатарӣ барои трансформаторҳо ва дигар таҷҳизоти марбут ба соҳаи энергетика нигаронда шуда, 8 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардид.
Адҳам Маъмурзода ба соҳибкори ватанӣ ҷиҳати ташкили ҷойҳои корӣ ва ба роҳ мондани чунин шакли хизматрасонӣ изҳори миннатдорӣ намуда, барои минбаъд васеъ кардани самти фаъолият тавсияҳои судманд дод.
Саъдулло МАҲКАМОВ, рӯзноманигор, шаҳри Истаравшан