21-23-юми сентябри соли равон дар шаҳри Қӯқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷашнвораи дуюми ҳунармандони ҷаҳон баргузор гардид. Дар он аз 70 кишвари дунё, аз ҷумла Тоҷикистон, 260 нафар аҳли ҳунари санъати дастӣ ширкат варзид. Ҳузури раиси Шурои ҷаҳонии ҳунармандон Саад ал-Каддумӣ ҷашнвораро шукӯҳ бахшид.
Дар конфронсе, ки таҳти унвони “Таҷрибаи ҷаҳонӣ дар соҳаи ҳифз ва рушди ҳунармандии анъанвии бадеӣ” роҳандозӣ шуд, аз Тоҷикистон мудири маркази ҳунармандӣ ва сайёҳии “Шоҳдурвон”-и шаҳри Истаравшан Абдуқаҳҳор Ҳамдамов бо маърузаи пурмуҳтаво суханронӣ кард. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки Тоҷикистон аз мероси бою ғании фарҳангӣ-таърихӣ ва захираҳои табиӣ бархӯрдор аст.
– Солҳои охир нисбат ба рушди ҳунарҳои миллӣ, хусусан санъати дастӣ, таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муносибат куллан беҳтар шудааст. Ҳамин аст, ки бо истифода аз намунаҳои беҳтарини мероси ниёкон мо маҳсулоти худро истеҳсол намуда, дар ҷашнвораҳои бонуфуз намоиш медиҳем, – изҳор намуд Абдуқаҳҳор Ҳамдамов.
Вай афзуд, ки бештар ба сифати маҳсулот эътибор дода мешавад, зеро талабот ба маводи табиӣ меафзояд. Аз ин рӯ, ба истифодаи рангҳои табиӣ зимни коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, мисли кулолгарӣ, бофтани матоъҳои гуногун, қолинҳо, маҳсулоти зардӯзӣ диққати махсус медиҳем.
– Дар вилояти Гелони Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки мо зиндагӣ ва кор мекунем, аз қадим ба ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳ хеле зиёд аст. Хушҳолем, ки ашёи ба ин ҷашнвора овардаи мо мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт, – мегӯяд ғолиб аз рӯи номинатсияи “Ҳунарманди беҳтарин” Анаҳито Алавӣ.
Дар чаҳорчӯби Ҷашнвораи ҳунармандӣ дар шаҳристони қадимии Риштон, зодгоҳи нахустин Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон Муҳаммадҷон Қосимов, Анҷумани байналмилалии кулолгарӣ низ, сурат гирифт.
– Ман ба ҳайси наққоши маҳсулоти кулолгарӣ дар ин Анҷумани бонуфуз ширкат кардам. Дар рӯи табақу лаъличаҳои зебои кулолгарӣ аз рубоиёти Хайёми Нишопурӣ намунаҳоеро ба забонҳои гуногун ба қалам кашидаам. Солҳост, ки бо ҷамъи аъзои хонаводаам ба ин намуди ҳунари дастӣ машғул ҳастем, – мегӯяд наққоши хуҷандӣ Мақсудҷон Бобоев.
Бар асоси низомномаи Ҷашнвора маҳорати ҳунармандонро ҳайати ҳакамони байналмилалӣ иборат аз 7 нафар мутахассис баландихтисос, арбобони маъруфи санъат ва фарҳанг, олимон, муҳаққиқон арзёбӣ карданд ва ғолибон сазовори мукофоти пулӣ гардиданд.
Ҷашнвораи якуми байналмилалии ҳунармандӣ соли 2019 доир гашта буд ва дар он як гурӯҳ ҳунармандони тоҷик бо маҳсулоти дастӣ фаъолона ширкат намуда, сазовори ҷоизаҳо шуда буданд.
Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”,
шаҳри Қӯқанди Ӯзбекистон