Дар ташаккул ва рушди илми Тоҷикистон ҳиссаи олимони барҷастаи рус бузург аст ва яке аз онҳо Сергей Фёдорович Олденбург мебошад. Ӯ бахши ховаршиносии Донишгоҳи Санкт–Петербургро дар соли 1885 хатм кардааст.
Сергей Олденбург аз оғози таҳсил ба забону тамаддуни бузурги диёри форсизабонон меҳр баст, онҳоро ҳаматарафа омӯхт ва донишманди варзидаи илми ховаршиносии рус гардид. Олденбург на танҳо донишманди тавоно, балки ташкилотчии кордон ва устоди ғамхоре буд. Солҳои 1904 - 1929 котиби илмии бузургтарин боргоҳи илмии ҷаҳон – Академияи илмҳои Россия, муддате вазири маориф, сарвари Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Иттиҳоди Шуравӣ шуда кор кардааст.
Вақте ки соли 1930 дар сатҳи ҳукумати Иттиҳоди Шуравӣ масъалаи омӯзиши сарватҳои табиӣ, неруҳои истеҳсолкунанда, рушди илму маориф дар Тоҷикистони Шуравӣ гузошта шуд, роҳбарияти Академияи илмҳои Шуравӣ гурӯҳеро дар ҳайати ноиб – президент А. Ф. Иоффе (раис), Е. Н. Павловский, В. В. Бартолд ва А. Е. Ферсман, ташкил кард, то ҳама масъалаҳои муҳим баррасӣ шаванд. Онҳо ба хулоса омаданд, ки барои рушди таҳқиқоти илмӣ ва созмон додани созмонҳои пажӯҳишӣ, бояд Пойгоҳи тоҷикистонии АИ Шуравӣ созмон дода шавад. Соли 1932 фармони ташкили «Пойгоҳ» содир ва сарвари он С. Олденбург таъин гардид.
Моҳи майи соли 1933 дар Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) аввалин конфронси илмӣ оид ба омӯзиши қувваҳои истеҳсолкунандаи Тоҷикистон барпо гашт. Олденбург яке аз созмондиҳандагони он буд ва ин конфронс дар рушди иқтисод ва илму фарҳанги Тоҷикистон нақши тақдирсоз бозид.
Фаъолияти пурсамар ва рушди Пойгоҳ дар солҳои 1932-1941, заминаи хубе барои табдили он, аввал ба шуъбаи Тоҷикистонии АИ Иттиҳоди Шуравӣ (1941-1951) ва пас созмон додани Академияи илмҳои Тоҷикистон гардид. Олденбург давоми ду сол бо ҷидду ҷаҳд кор карда, бахшҳои гуногуни дар он давра заруртарини аввалин боргоҳи илми Тоҷикистонро ташкил кард. Инҳо – расадхона, умури обуҳавосанҷӣ, пойгоҳҳо, ташхисгоҳҳо ва ғайра буданд. Омӯзиши хокҳои кишвар, бемориҳо, ҳайвонот, иқлим ва зироатпарварӣ ба роҳ монда шуд. Кори аз ҳама мушкил дарёфту даъвати коршиносони варзида, ташкили шароити зисту кори онҳо ва тарбияи олимони ҷавони тоҷик буд. Олденбург солҳо котиби илмии АИ буд, сарварону донишмандони соҳаҳои гуногуни илмро хуб мешинохт ва бо мадади онҳо масъалаи омодасозии кадрҳои тоҷикро, асосан, ҳал кард.
Ба хотири рушди илм ва ҳарчи бештар фаро гирифтани ҳудуди Тоҷикистон ба омӯзиш, Олденбург нақшаҳои навро омода карда, мехост онҳоро зина ба зина амалӣ созад, аммо беморӣ имкони ҳалли онҳоро надод. Олденбург, ки ба тоҷикону Тоҷикистон дил баста буд, маҷбур ба Ленинград баргашт ва моҳи феврали соли 1934, дар синни 71 бо зиндагӣ падруд гуфт.
Сергей Олденбург инсони нексиришту хайрхоҳ, меҳрубон ва донишманди тавоно буд, ба тоҷикон – халқи куҳану номдори Ховар - меҳру эҳтироми хоссае дошт. Пеш аз марг китобхонаи худро ба Тоҷикистон ҳадия кард ва ҳоло «Хазинаи Олденбург» дар китобхонаи АМИТ дар ҳолати хуб нигоҳдорӣ мешавад ва тайи даҳсолаҳо ба аҳли илми тоҷик хизмат мерасонад.
Усмон ЭШОНЗОДА