29-уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Берлин дар ҳошияи вохӯрии якуми сарварони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон” дар нишасти сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер иштирок доштанд ва сухан ронданд.
Зимни нишаст масоили ҳамкории минтақавии ҷонибҳо ва рӯзномаи ҳамоиши “Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон” баррасӣ гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пазироии самимии роҳбарияти кишвари мизбон ва имкони дидору мулоқот изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ҷонибҳо оид ба тавсеаи робитаҳои минтақавӣ ва дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, афзоиши ҳаҷми гардиши мол, содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ андешаҳои хешро иброз доштанд.
Дар баробари ин, зарур шумурда шуд, ки ҳамкориҳои минтақавӣ дар самти сармоягузорӣ, бахшҳои гуногуни саноат, обу энергетика, нақлиёт, коммуникатсия ва сайёҳӣ фаъол шавад. Зимни баррасии масоили ҳамкории амниятӣ ба мавзуи афзоиши таҳдиду хатарҳо, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон, таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Инчунин, Сарвари давлат оид ба имкониятҳову зарфиятҳои мавҷудаи кишвар ва самтҳои афзалиятноки мутақобилан судманд сухан гуфтанд.
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд.