29-уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Берлин дар Форуми иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Олмон иштирок карда, сухан ронданд.
Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки масъалаи густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон самти муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Дар интиҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохтанд, ки афзалиятҳои Тоҷикистон ба мисли тамоюли мусбати демографӣ ва зарфияти кофии меҳнатӣ, мавҷудияти захираҳои бузурги табиӣ, инчунин, имкониятҳо ва иқтидорҳои тавлиди "энергияи сабз" заминаҳои асосии ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмонро ташкил хоҳанд дод.